барқияҳо
Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Осиф Алӣ Зардорӣ
14 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Осиф Алӣ Зардорӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон, барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
Ҷаноби Олӣ!
Сарфарозам, ки Шумо ва мардуми шарифи Покистонро ба муносибати ҷашни солгарди истиқлоли кишвари дӯст табрику таҳният гӯям.
Пойдевори боэътимоди ҳуқуқии муносибатҳои неки Тоҷикистону Покистон ҳанӯз дар оғози истиқлоли мо гузошта шуда, то имрӯз рушду тавсеаи ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мутақобилан судманди ду кишвари ҳамсоя натиҷаҳои хубу назаррас ба бор овардаанд.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, умедворам, ки иҷрои аҳду паймонҳои ду ҷониб дар чаҳорчӯбаи сафари имсолаи расмии ман ба Покистон муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории муфиди моро ба сатҳи сифатан нав боло хоҳад бардошт. Ҷониби Тоҷикистон, ба хотири татбиқи манфиатҳои муштараки мо, таҳкими суботу амнияти минтақа ва рушди устувори он саъю кӯшиши заруриро дар ин самт дареғ нахоҳад дошт.
Бо ибрози беҳтарин орзую таманниёт, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комил ва дастовардҳои навин ва ба мардуми дӯсти Покистон сулҳу субот, шукуфоӣ ва комёбиҳо хоҳонам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3934