logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ба истифода супурдани мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ, 16 августи соли 2011

Ҳамватанони гиромӣ!
Падару модарон ва устодону хонандагони азиз!
Ба шарофати дастоварди бузургтарини таърихи навини халқи тоҷик, яъне соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрии давлатамон мо имкон пайдо кардем, ки дар баробари таъмин намудани рушди босуботи ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ соҳаи маорифро ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлати худ эълон дошта, барои таълиму тарбияи насли наврас ва тайёр кардани кадрҳои соҳибмаърифату баландихтисос тамоми чораҳои заруриро зина ба зина амалӣ намоем. Ва чунонки ҳамаи шумо шоҳид ҳастед, солҳои охир, хусусан ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохтмони муассисаҳои таълимии нав ва таъмиру таҷдиди мактабҳо торафт вусъат гирифта истодааст.
Имрӯз дар остонаи ин ҷашни бузург мову шумо ба муносибати ифтитоҳи мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ ҷамъ омадаем ва ҳамаи шумо - сокинони олиҳиммату ватанпараст, падару модарони гиромиқадр ва омӯзгорону хонандагон - ворисони абармардони бузурги халқи тоҷик - устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Айниву Турсунзода, Носири Хусраву Шайх Саъдиро бо ин рӯйдоди муҳим табрик мегӯям.
Мо хишти аввали сохтмони ин муассисаи таълимиро моҳи июли соли 2008 бо иштироки намояндагони мардуми сарбаланду ватанпарасти шаҳри Хоруғ гузошта, ба муҳандисону сохтмончиён ва масъулони соҳа дастур дода будем, ки ин маркази илму донишро то ҷашни истиқлолияти мамлакати азизамон бунёд карда, ба ихтиёри шумо - созандагони ояндаи Ватан вогузор намоянд.
Мактаби мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 31 миллион сомонӣ ва барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст бо сатҳу сифати баланд ва тарҳи зебои меъморӣ дар мӯҳлати муқарраршуда омода гардид. Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи бунёдкорону мутахассисоне, ки дар бобати саривақт ба охир расонидани сохтмони ин муассисаи замонавии таълимӣ ва иншооти ёрирасони он саҳми ватандӯстонаву арзанда гузоштаанд, изҳори сипос менамоям. 
Бинои таълимии мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат аз се ошёна ва 6 иморати алоҳида иборат буда, дар он барои дарсомӯзии хонандагони зинаҳои гуногуни таҳсилот ҳамаи шароити таълимӣ, корҳои беруназсинфӣ ва фароғатӣ мавҷуд мебошад. Аз ҷумла, барои хонандагони хурдсоли синфҳои ибтидоӣ синфхонаҳои таълимӣ, компютерӣ, утоқҳои бозиҳои серҳаракат ва барои шогирдони синфҳои болоӣ утоқҳои таълимӣ ва компютериву лингофонӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, синфхонаи махсуси технологӣ, устохонаи коркарди чӯбу металл, китобхона, бунгоҳи тиббӣ, ошхонаи замонавӣ, маҷлисгоҳ барои 365 ҷойи нишаст, толори варзиш ва дигар бахшҳои таълимӣ муҳайё карда шудаанд. Дар ҳудуди мактаб инчунин майдони волейболу баскетбол ва боғи зимистона низ бунёд гардидааст.
Сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ ва таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявии солҳои охир давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар ин фосилаи кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ барои сохтмони чунин мактабҳои нави замонавӣ, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои таъмирталаби таълимӣ, бунёди синфхонаҳои иловагии барҳаво ва таъминоти онҳо бо маводу таҷҳизоти зарурӣ маблағҳои калонро равона намудааст, то ки насли наврасу ҷавонони мо аз омӯзиши илмҳои муосир дар канор намонанд ва соҳиби саводу маърифат шуда, оянда ба Ватан ва халқи худ ба таври сазовор хизмат намоянд.
Ҳоло дар 314 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 42 ҳазор нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 5450 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба ба онҳо дарс меомӯзад.
Соли ҷорӣ ҷиҳати дастгирии муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 50 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли 2005  4 баробар зиёд мебошад.  Соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 18 мактаб барои 7400 ҷойи нишаст дар ду баст ва 12 бинои иловагӣ барои 3900 ҷойи нишаст дар ду баст ба маблағи умумии қариб 35 миллион сомонӣ ба анҷом расонида, мавриди истифода қарор дода шудааст.
Умуман, дар солҳои 2000 - 2010 дар ҳудуди вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 140 мактаби таҳсилоти умумӣ сохта ва таъмиру таҷдид гардидааст ва ин раванд босуръат идома дорад.  Ҳамчунин, иҷрои Барномаи компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барзиёд таъмин гардида, дар 220 синфхонаи компютерӣ 2200 адад компютер насб шудааст ва имрӯз ба ҳар як компютер 9 нафар хонанда рост меояд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар кишвар мебошад. Танҳо соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 60 мактаб ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст карда шуд.
Бо дастгирии давлату Ҳукумати кишвар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо қувваи барқи доимӣ таъмин буда, устодону хонандагони муассисаҳои таълимӣ метавонанд дар озмоишгоҳу устохонаҳо ва утоқҳои лингофонии омӯзиши забонҳои хориҷӣ бидуни маҳдудият ба азхудкунии касбу кор, забономӯзӣ ва тавсеаи донишу ҷаҳонбинии худ машғул бошанд.
Ҳамватанони гиромӣ!
Давлату Ҳукумати мамлакат дар баробари муҳайё кардани шароити зарурӣ барои насли наврас ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълими толибилмон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ диққати махсус зоҳир менамояд. Бо қаноатмандӣ мехоҳам зикр намоям, ки солҳои охир шумораи хонандагони лаёқатманди мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят торафт афзоиш меёбад.
Иштироки фаъолонаи хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии мактаббачагон ва сазовори мақому ҷоизаҳои баланд гардидани онҳо, инчунин барои таҳсил дар мактабҳои олии кишвар ва донишкадаву донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ қабул шудани хатмкардагони мактабҳои вилоят далели равшани гуфтаҳои боло мебошад. Танҳо соли гузашта аз 529 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хоруғ 307 нафар ба мактабҳои олии кишвар ва 90 нафар  ба донишгоҳҳои олии давлатҳои хориҷӣ шомил шудааст, яъне дар маҷмӯъ 75 фоизи хатмкардагон соҳиби шаҳодатномаи донишҷӯӣ гардидаанд.
Ҳамаи ин натиҷаҳо далели он мебошанд, ки мардуми маърифатдӯсту фарҳангпарвари Бадахшон ҳамеша барои азхуд кардани донишҳои мухталифи замона саъю кӯшиш намуда, ҷиҳати ноил гардидан ба дарёфти илму маърифат доим талош меварзанд, ки ин бисёр хуб аст.
Ҳукумати кишвар нақшаи қабули донишҷӯёнро аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи квотаи Президентӣ сол ба сол зиёд карда, теъдоди онро барои соли таҳсили 2011 136 нафар ва соли хониши оянда 144 нафар муқаррар намудааст.
Чунонки хабар доред, чанд рӯз пештар бо мақсади беҳтар кардани вазъи иҷтимоии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи маориф Фармони Президенти мамлакат ба имзо расид, ки тибқи он аз моҳи сентябри соли ҷорӣ маоши онҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад. Мо бо қабули чунин иқдомот умед дорем, ки сатҳу сифати корҳои таълиму тарбия боз ҳам беҳтар мегардад.
Бинобар ин, аз шумо - хонандагони азиз, мо танҳо хониши аъло, одоби ҳамида, ифтихори баланди миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба устодону омӯзгорон ва рамзу муқаддасоти Ватан, аз ҷумла Конститутсия, Нишону Парчам ва Суруди миллиро тақозо дорем, зеро бо пос доштани нишонаҳои олии худшиносиву худогоҳии миллӣ ақлу заковату хирадмандӣ таҳким меёбад.
Ҳамчунин таъкид менамоям, ки вазифаи шумо боз ҳам хубтар  аз худ кардани забони давлатӣ, яъне забони ширину шоиронаи тоҷикӣ мебошад. Чунки забони давлатӣ ифодакунандаи ҳастии миллат ва асоси маънавии ваҳдати миллии мо - тоҷикон мебошад. 
Бо итминони комил изҳор менамоям, ки мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ дар ояндаи наздик ба яке аз марказҳои намунавии таълиму тарбияи толибилмони кишвар табдил меёбад ва шумо - хонандагони азиз бо хониши хубу аъло, одобу ахлоқи ҳамида ва садоқат ба Ватани маҳбубамон сазовори номи баланди шогирди ин даргоҳи илму дониш ва шаҳрванди соҳибмаърифату ватандӯсти мамлакати азизамон мегардед. 
Ҳоло ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода мешавад, ки ба иловаи хобгоҳи омодагардидаи замонавӣ барои 408 нафар толибилм як хонаи истиқоматии бистҳуҷрадорро барои омӯзгорони мактаб сохта, дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ба истифода диҳад.
Мо аз наврасону ҷавонони имрӯза, аз ҷумла ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон умеди зиёд дорем, зеро онҳо ояндаи Ватан ва созандагони фардои сарзамини аҷдодии мо мебошанд. Мо минбаъд низ тамоми чораҳоро меандешем, ки ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон ҳамчун ворисони сазовори ин марзу бум ва номбардорони миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ба камол расанд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумо - мардуми сарбаланду ватандӯсти шаҳри Хоруғ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, устодону хонандагони азиз ва падару модарони гиромиро бо фарорасии ҷашни муқаддаси бистсолагии истиқлолияти Тоҷикистони азизамон ва ифтитоҳи мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар маркази вилоят - шаҳри зебои Хоруғ табрик намуда, бароятон тансиҳатӣ, оромии рӯзгор ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3337
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед