logo

илм

Тоҷикистону Қазоқистон: мушкилоти забони миллӣ бартараф мегардад

Дар шаҳри  Душанбе ба эҳтимоми Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳамёрии сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон  дар мавзӯи "Истиқлолият ва рушди забони миллӣ" мизи гирд баргузор  шуд.  Дар кори он як гурӯҳ намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идораву муассисаҳо ва олимону забоншиносони тоҷику қазоқ ширкат варзиданд.
Дар оғоз Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва  Агибай Смагулов, сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон, зимни суханрониашон аз сиёсати  давлат нисбат ба забон дар солҳои соҳибистиқлолии ин ду кишвар ёднишон гашта, изҳор доштанд, ки Тоҷикистону Қазоқистон дар ин муддати на чандон зиёд дар  ҳалли масъалаҳои зиёд муваффақ гаштанд ва дар  рушди забону фарҳанги миллӣ  гоми устувор гузоштанд.
Ба таъкиди Додихудо Саймиддинов, Тоҷикистон нахустин кишвари ИҶШС буд, ки ҳанӯз дар даврони шӯравӣ - 22 июли соли 1989  бо қабули Қонуни забон  ба забони миллӣ мақоми давлатӣ дод. Ҳалли масоили сиёсати забон ва мушкилоти забонӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон аз вазифаҳои муҳими давлат маҳсуб ёфта, асоси сиёсати давлат оид ба забонро ҳифзи забони миллӣ ва забони аққалиятҳои миллии дигаре, ки дар ҷумҳуриамон ба сар мебаранд, ташкил медиҳад.  Қабули Қонуни нав "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки соли 2009 ба ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, сурат гирифт, яке аз қонунҳои муосир дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.  Инчунин Додихудо Саймиддиов  дар мавриди  зарурати  таъсиси  Кумитаи  забон  ва  истилоҳоти  назди  Ҳукумати  кишвар  ва ҳадафҳои он, ки ба рушди  забони  давлатӣ  ва ҳифзи  забонҳои  аққалиятҳои миллӣ   мусоидат  менамояд, ибрози назар намуд.
Агибай Смагулов - сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон роҷеъ ба дастовардҳои забони давлатии кишвараш ҳарф зада, зикр намуд, ки дар он беш аз 140 миллату халқият ба сар мебарад, ки 63 дарсад қазоқҳо  ва  23 дарсад русҳо мебошанд. Дар ин кишвар намояндагони миллату халқҳои дигар 13 дарсад ва донандагони забони давлатӣ айни замон 64, 4 дарсадро ташкил медиҳанд.  Ба қавли сафир беш аз 80 дарсади аҳолии Қазоқистон забони русиро хуб медонанд ва теъдоди онҳое, ки забони русӣ ва ё қазоқиро ҳамчун забони дуюм омӯхтаанд, кам нестанд.
Ба  маълумоти   мавсуф, дар омӯзиши забони давлатӣ барои  халқиятҳои  туркзабон мушкилоте ба чашм намерасад, мисле ки 80 дарсади ӯзбекҳо ва 80,5 дарсади ӯйғурҳои сокини Қазоқистон забони давлатиро медонанд. Бинобар ин, сиёсати давлатии забон ба  дастгирии халқҳои ғайритуркзабон нигаронида шудааст ва ҳадафи он ташаккули ҷомеаи ягонаи шаҳрвандӣ дар ин ҷумҳурӣ аст.
Ба ин хотир, нимаи дуюми солҳои 90-ум дар Қазоқистон Институти ризоияти байнимиллатҳо - Маҷмааи халқҳои Қазоқистон таъсис ёфта, ба ҳайъати он намояндагони ҳамаи миллату халқиятҳое, ки дар ин кишвар ба сар мебаранд, шомил гаштаанд.
Ҳамзамон як силсила тадбирҳои дигар андешида шуда, Барномаи давлатии рушди забон барои солҳои 2001-2010 ва барномаи нав барои даҳ соли пешорӯ қабул гардид.  Ба ин васила омӯзиши забони давлатӣ тақвият ёфта, 1178 кӯдакистон  ва 3821 мактаб фаъолияташро ба забони қазоқӣ ба роҳ монд.
Ба таъкиди сафир, вазифаи муҳими пешорӯ фароҳамсозии шароит ба калонсолон барои омӯзиши забони давлатӣ аст. Ба ин хотир, дар Қазоқистон айни замон Маркази методиву мутобиқсозии рушди забон ба номи Ш. Шоаҳмедов ва 101 маркази таълими забони давлатӣ, ки аз он 67-тоаш мақоми давлатӣ гирифтааст, амал мекунад. Ва то соли 2012 боз 120 маркази таълими забони давлатӣ таъсис меёбад. Ҳамаи ин марказҳо дорои бинои таълимӣ, таҷҳизоти зарурӣ, синфхонаҳои лингофонӣ ва техникаи компютерӣ мебошанд ва шеваҳои навтарини таълим васеъ роҳандозӣ гаштаанд. Заминаҳои илмиву методии таълими забони давлатӣ мунтазам такмил ёфта, ҳамаи ҳуҷҷатҳои коргузорӣ  ба забони давлатӣ тарҷума мешаванд. Ба иттилои ӯ, феълан 80 дарсади забони коргузории идораву мақомоти кишвар ба забони давлатист.
Ҳамчунин дар ин давра беш аз 10 намуд китоби луғат бо теъдоди 720 ҳазор нусха ва 8 луғати соҳавии ду-сезабона ба забони қазоқӣ бо теъдоди 260 ҳазор нусха ба чоп расид. Ба хотири истифодаи технологияи нави иттилоотӣ дар  омӯзиши забони қазоқӣ, интернетпортал таъсис дода шуд, ки дар 50 мамлакати ҷаҳон мавриди истифода қарор дорад.
Ҳоло дар Қазоқистон 1524 мактаб ба забони русӣ, 58 мактаби ӯзбекӣ, 14 мактаби ӯйғурӣ, ва 2 мактаби тоҷикӣ ҳаст.  Дар 198 мактаби маълумоти умумии Қазоқистон 16 забон - олмонӣ, лаҳистонӣ, курёӣ, курдӣ, дунганӣ, туркӣ, арманӣ, тоторӣ, озарӣ, ӯйғурӣ, чеченӣ, юнонӣ, ивритӣ, лезгинӣ, украинӣ, белорусӣ омӯзонида мешавад.
Дар назди Иттиҳодияи ҷамъиятиву фарҳангии тоҷикон ва Маркази фарҳангии қирғизҳо ба хотири омӯзиши забони давлатӣ ва забони миллӣ мактабҳои якшанбегӣ таъсис ёфтаанд, ки онҳо ҳафтае як бор рӯзҳои якшанбе фаъолият намуда, эҳтиёҷи хоҳишмандонро қонеъ месозанд. 
Омирзоқ Айтбоев, академики Академияи миллии илмҳои Қазоқистон, президенти Ҷамъияти байналмилалии "Забони қазоқӣ", дар мизи гирд аз хусуси мушкилоти забони қазоқӣ дар мавриди истифодаи он ҳамчун забони илм ҳарф зад.
Олимони тоҷик Сайфиддин Назарзода, Абдулло Юсуфов ва дигарон оид ба  масъалаҳои  истилоҳшиносӣ, меъёрбандӣ (стандартонӣ) ва танзими  истилоҳот ибрози назар намуданд. Ҳамгунсозиву меъёрбандӣ (стандартонӣ) - и  истилоҳот ва таҳияи фарҳангҳои гуногуни соҳавии истилоҳӣ аз масъалаҳое буданд, ки мавриди гуфтугузори ҷиддии ҳозирон гаштанд.
 Сайфиддин Назарзода, декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, зимни суханронӣ оид ба таҳияи фарҳангҳои истилоҳоти соҳавӣ пешниҳод намуд, ки дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  Маркази таҳияи фарҳангҳои истилоҳоти соҳавӣ таъсис ёбад ва ин марказ фарҳангҳои истилоҳоти соҳавии дар муассисаҳои гуногуни кишвар омодашударо низ дар шакли муайян ба танзим оварад. Ба таъкиди ӯ, ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ аз масъалаҳои муҳими рӯз аст ва Кумитаи забон ва истилоҳот онро бояд зери назар гирад.
Ҳозирон як силсила масъалаҳои муштараки забони давлатӣ, аз ҷумла мушкили ба забони илм табдил додани забони миллиро низ баррасӣ карданд. Зимни баррасии масъалаи мазкур маълум шуд, ки аксари  проблемаҳое, ки дар забони имрӯзаи тоҷик мавҷуданд, дар забони қазоқӣ низ, ба чашм мерасанд. Бинобар ин, ширкатдорони мизи гирд ба натиҷае расиданд, ки дар ҳамкориҳои муштарак ва бархурдорӣ аз таҷрибаи ҳамдигар мушкилоти забони миллиро зудтар бартараф месозанд. 

Х. РАСУЛӢ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5337
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед