logo

сафарҳо

Дар Рашт Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳ пазироӣ намуданд

26 августи соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон,  Президенти кишвар, барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳ ва оғози сохтмони иншооти сершумори иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ноҳияҳои Рашту Ҷиргатол рафт.
Дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари давлатро бо сипосу шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатасоси бунёдкорию созандагӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷикон бо шукӯҳи идона истиқбол гирифтанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар назди филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории  Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони биноҳои нави таълимӣ ва толори варзишӣ оғоз бахшид.

 Тавре иттилоъ дода шуд, барои сохтмону таҷҳизи ин биноҳо ҷудо намудани беш аз 9 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи супориши Сарвари давлат ин биноҳо дар зарфи ду соли оянда бояд омода гарданд.
 Бинои нави сеошёнаи таълимӣ бо 18 синфхона, утоқҳои муҷаҳҳази фаннӣ ва дигар шароити муосири тадрис барои 480 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.
 Мувофиқи супориши Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, шароити таълиму тарбия дар ин муассисаи таълимӣ бояд тарзе муҳайё гардад, ки оянда он ба донишкадаи мустақили омӯзгорӣ табдил дода шавад.
 Дастур шуд, ки толори варзишӣ васеъ ва бо шароити зарурӣ барои намудҳои зиёди варзиш сохта шавад, то ки аз он натанҳо аҳли донишгоҳ, балки сокинон ва меҳмонони ноҳия низ тавонанд истифода баранд. Ин маҷмааи варзишӣ, ҳамчунин дорои толори хурди варзиши бадан ва толори фитнес барои духтарон хоҳад буд.
 Дар давоми сохтмони биноҳои нави Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт беш аз 400 нафар сокини маҳал соҳиби кор ва маоши хуб мешавад.
 Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар,  роҳи мошингарди Душанбе - Рашт - Ҷиргатол - сарҳади Қирғизистон, ки сохтмонаш дар арафаи солгарди 20 - уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пура ба анҷом расид, расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
 Тазаккур доданд, ки навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон соли 2005 оғоз ёфта буд.  Дарозии он 350 км буда, барои тармиму навсозияш 177 миллион доллари амрикоӣ ё худ 840 миллион сомонӣ маблағ сарф гашт.
 Дар қитъаи Нуробод-Рашти ин роҳ 73 км роҳ ва 15 пули дорои аҳамияти маҳаллӣ низ дар баробари шоҳроҳ мавриди тармиму навсозӣ қарор гирифт.
 Дар давоми навсозии шоҳроҳ садҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуда буданд.
 Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат,  мужда расонд, ки бо дастгирии молиявии Бонки осиёии рушд роҳи 20 километраи шаҳраки Гарм – шаҳраки Навобод бо харҷи қариб 3 миллион доллари амрикоӣ то охири соли оянда тармиму навсозӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки шоҳроҳи 38 километраи Обигарм – Нуробод низ мавриди навсозӣ қарор хоҳад гирифт.
 Дар маркази ноҳияи Рашт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар , бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ноҳия муло›оти ошкору самимӣ анҷом дод.
 Мулоқот дар майдони варзишии шаҳраки Ғарм, ки тайи се соли ахир бо харҷи қариб 4  миллион сомонӣ мавриди тармиму навсозӣ қарор гирифтааст, баргузор гардид. Варзишгоҳ, ки дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст аст, пур аз мардуми касбу кори гуногун буд.
 Дар ҳамин варзишгоҳ дар арафаи солгарди 20 – уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ба муносибати ташрифи Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат,  хатнасури беш аз 100 нафар писарчаҳои бесаробон ва аз оилаҳои камбизоат ороста шуд. Эмомалӣ Раҳмон,  Президенти кишвар, ба ҳар яки онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
 Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат,  зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои сершумори мардум барои бартарафсозии як зумра мушкилоти мавҷуда ва идомаи босамари сиёсати бунёдкорию созандагӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихору сарфарозӣ аз давлатдории миллии тоҷикон ба масъулон дастуру ҳидоятҳо дод.
Идомаи гузориш аз сафари Сарвари давлат ба ноҳияҳои Рашту Ҷиргатол дар шумораи оянда чоп мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2078
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед