logo

мулоқотҳо

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Чжоу Юнкан

22 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати ҳукуматӣ-ҳизбии Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки бо Чжоу Юнкан, сарварии намояндаи воломақоми мақомоти марказии ин кишвар ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин нахуст дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон ва Чжоу Юнкан, Узви Кумитаи доимии Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, Котиби Кумита оид ба масоили сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ва сипас дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар баррасӣ шуд.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, роҳсозӣ, саноат, кишоварзӣ ва  амнияту мудофиа зоҳир гардид. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин  яке аз кишварҳои пешсаф дар умури сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон буда, дар  ҳамкорӣ бо ширкатҳои бузурги он беш аз 50 лоиҳаи калонҳаҷми дорои аҳамияти умумидавлатӣ ва минтақавӣ амалӣ мегарданд.
Ҳар ду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла бо ҷалби имконоти васеи минтақаи фарохи Ноҳияи Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин таъкид намуданд. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, минбаъд ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ беш аз пештара рушд хоҳад ёфт.
Ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои амнияту мудофиа, аз ҷумла барои расондани кӯмакҳои техникӣ  ва омода кардани кадрҳои ин соҳаҳо ҳавасмандии зиёд зоҳир карда шуд.
Баъди анҷоми музокироти дуҷониба дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин;
Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ – техникӣ;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ.
Тибқи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ – техникӣ ба  Тоҷикистон дар ҳаҷми 120 миллион юан (пули миллии Чин) кӯмаки бебозгашти техникӣ расонда мешавад.
Хотиррасон бояд намуд, ки ба ҳайати сершумори Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндагони воломақоми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистӣ ва Шӯрои давлатии Чин, вазири амнияти давлатӣ, вазири кишоварзӣ, муовини вазири корҳои хориҷӣ, муовини вазири амнияти ҷамъиятӣ, муовини вазири савдо, Котиби Кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғур ва дигар шахсиятҳои баландпояи давлатӣ шомиланд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2188
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед