logo

илм

Кароматулло Олимов: "Илм бояд барои саодати ҷомеа хидмат кунад"

Кароматулло Олимов файласуф, арбоби маъруфи сиёсиву ҷамъиятист. Ҳамчун муҳаққиқи осори ирфонии бузургони адабиёт дар муаррифию пешниҳоди навиштаҳои гаронмояи эшон хидмати шоистаеро анҷом додааст. Доктори илми фалсафа, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллифи беш аз 300 мақолаву асарҳои илмӣ ва илмию публисистӣ, аз ҷумла монографияҳои "Ҷаҳонбинии Ҳаким Саноӣ", "Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ", "Тасаввуфи Хуросон" (ба забони русӣ), "Баррасиҳо дар тасаввуф", силсилаи мақолаҳо оид ба проблемаҳои ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатист.
Кароматулло Олимов ҳамчун сиёсатмадор низ ба мартабаҳои баланд расидааст ва дар вазифаҳои вазири фарҳанг, мушовири давлатии Президенти мамлакат фаъолият намудааст. Имрӯз ӯ ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва сарварии шӯъбаи илмҳои ҷомеашиносии Академияи мазкурро ба ӯҳда дорад.

- Шумо дар чӣ гуна хонавода ба дунё омадаед ва волидонатон дар ташаккули шахсиятатон чӣ нақше гузоштаанд?
- Хонаводаи ҳам падарию ҳам модариам аз ҷумлаи зиёиён будаанд. Падарам  ҳамроҳи бародаронашон то соли 1900  дар мактабҳои кӯҳна таълими динӣ гирифта буданд. Баъди омадани русҳо ба Осиёи Миёна дар баъзе шаҳрҳои қадима мактабҳои русии маҳаллӣ ташкил шуд ва он кас дар мактаби русӣ таҳсил карда бо русҳо ошно мешаванд. Пас аз хатми таҳсил пешаи пизишкии сатҳи ҳамон замонро интихоб мекунанд ва ба табобат шуғл меварзанд. Он вақт бемориҳои сироятии хавфнок, аз қабили обила, зиёд паҳн шуда буд, ки чашми кӯдакони гирифтори ин бемориро нобино ва рӯяшонро дурушт мекард. Падарам тасмим гирифтаанд, ки ҳаёташонро ба ин кор бахшанд, то фарзандони мардум солиму зебо бошанд. Аз духтурҳои рус эмгузарониро ёд гирифта, панҷоҳ сол  барои мардум ин хидмати тиббиро низ анҷом додаанд. Ҳамзамон мутолиаи хеле зиёд доштанд. Ба эшон ҳавлии зебое аз падар мерос монда буд. Худашон низ хонаҳои мӯҳташаме  бунёд кардаанд, ки наққошии онҳоро ҳунармандони моҳири истаравшанӣ анҷом додаанд. Вале миёнаҳои  солҳои сиюм Ҳукумат тасмим гирифтааст, ки дар ин ҷо роҳ созад ва ба падарам  се рӯз мӯҳлат додааст, ки хонаҳоро вайрон кунанд. Он кас ба мардум муроҷиат карда мегӯянд, ки ман ин корро карда наметавонам, шумо хонаҳоро вайрон кунед ва ҳар кас чизе гирад, ман розӣ.  Боғҳои зиёд ва заминҳояшонро низ дар ҳудуди 150 гектар дар деҳаҳои Боғикалону Сурхии Истаравшан ихтиёрӣ ба Ҳукумат супорида будаанд. Ҳамин хел бе ҳеч чиз монда, бо маош ва баъдан нафақа хонаи хоксорона бино карда, зиндагиро пеш мебурданд.
Модарам духтари яке аз мударрисони шинохтаи ибтидои асри бист Киромии Истаравшанӣ буданд. Падарашон қаблан дар мадраса дарс мегуфтанд ва баъди Инқилоби Бухоро ба назди фарзандон баргашта ба ҳайси қозӣ ва мударрис фаъолият мекарданд. Хонаводаи модарам бо Зуфархон Ҷавҳарӣ, шоири барӯманди нимаи дуюми асри IX ва ибтидои асри XX, хешутаборӣ ва дӯстии самимона доштанд. Модараму хоҳаронашон дар муҳити шеъру адаб тарбия ёфта буданд ва ашъори зиёдеро аз Саъдию Ҳофиз, Бедилу Навоӣ  аз ёд медонистанд. Худи модарам ҳам шеър мегуфтанд ва сӯҳбати одиашон ҳам бо шеъру зарофат ва саршори завқи бадеию насиҳат буд. Замони кӯдакии мо, давраи баъди ҷангро мардум ва аз ҷумла падару модарам бо ранҷу азоби зиёде паси сар менамуданд.  Дар хонаи мо ҳамдеҳаҳову шиносҳо аз дуру наздик бисёр ҷамъ мешуданд ва сӯҳбати гарму шеърхониҳо мекарданд, ки он лаҳзаҳои хуб ҳанӯз дар ёдам ҳаст. Махсусан дар зимистон пиразанҳо дар атрофи сандалии хонаи мо гирд меомаданд ва модарам барои онҳо аз "Шоҳнома", "Абӯмуслимнома" ва ғазалиёти Ҳофизу Саъдӣ  мехонданд. Дар замони ҷанг бархе шавҳар гум карда буданду баъзе писар, дигаре падар ё бародар. Дарди занҳои мусибатзадаро модарам бо ҳикояту қироати  шеъру қиссаҳо таскин мебахшиданд. Дар сӯҳбати онҳо барои ғайбат ё мавзӯи молу маноли дунё ҷой набуд. Занҳои меҳнатӣ аз кори саҳро меомаданду дар назди модарам истироҳат менамуданд.
Дуруст аст, ки инсон дар муҳити хонаводагӣ ташаккул меёбад. Вақте падару модарам сӯҳбат мекарданд, ман ягон бор садои баланди онҳоро намешунидам. Дар баъзе оилаҳо чун медидам, ки падар модарро дашном медиҳад ва суханони қабеҳро истифода мебарад, меандешидам, ки шояд падари ман чандон одами "зӯр" набошанд. Дар замони бачагӣ зиндагии аз ҷиҳати маънавӣ хеле ғанӣ доштам, ки худам он замон инро дарк намекардам.
- Он муҳити фарҳангӣ дар интихоби касб ва фаъолияти ояндаи Шумо низ муассир буд, ки дар замони сиёсати коммунистӣ ба таҳқиқи ирфон рӯ овардед…
- Бале. Таъсири тарбияти падару модари маърифатгустар ва омӯзгорони серталаби мактаб буд, ки ба Душанбе омада, ба шӯъбаи форсии  факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудам. Баъди хатми донишгоҳ маро ҳамроҳи чанд ҳамсабақҳои муваффақам, аз ҷумла А. Муҳаммадхоҷаев ва Ғ. Қодиров барои идомаи таҳсил ба аспирантура тавсия доданд. Азбаски таваҷҷӯҳам ба мероси гузашта, ба вижа тасаввуф, зиёд буд ва Ҳофизу Мавлоно ва Саъдию Атторро  ҳамроҳи модар мутолиа мекардам, зери таъсири он ба аспирантура, ба шӯъбаи таърихи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дохил шудам. Сарвари файласуфони тоҷик академик Алоуддин Баҳоуддинов маро ба шогирдӣ қабул кард. Вале баъди як соли таҳсил шароити зиндагии хонаводаамон мушкил гардид. Бародарзодаам дар садамаи автомобилӣ ҳалок гашт ва хоҳарам аз ин ҳодиса тарсида бемор шуд. Модару бародарам ҳам бемор буданд. Ноилоҷ рухсатии академӣ гирифта ба деҳа рафтам. Бештар аз як сол  дар мактаби деҳа муаллим будам, аз забонҳои форсию русӣ ба толибилмон дарс медодам. Ҳамзамон издивоҷ кардам, вале азбаски дар шаҳри Душанбе хона надоштам, оилаамро  оварда наметавонистам. Ғайр аз ин ӯ ба нигоҳубини беморон машғул буд. Ҳамсарам Шарофатхон ба аҳли оилаамон хидмати беминнат карда, ба идомаи таҳсили ман дар аспирантура мусоидат намуд. Ӯ баъди рӯ ба беҳӣ овардани вазъи хонавода ба Душанбе омад. Соли 1971 рисолаи номзадиамро дар мавзӯи "Ақидаҳои фалсафию ахлоқии Абулмаҷди Саноӣ" ҳимоя намудам. Ҳарчанд бархе мутахассисон мегуфтанд, ки ин мавзӯъ бо дин иртибот дорад ва актуалӣ нест, рисола пазироии гарм ёфт ва баҳои хуб гирифт. Баъдан фаъолиятамро дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа ба ҳайси ходими хурди илмӣ шурӯъ намуда, солиёни тӯлонӣ ҳамчун ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмӣ, сарходими илмӣ, мудири бахши таърихи фалсафа кор кардам. Дар ин мобайн ду бор сафари Афғонистон доштам ва дар сафари дуюм он ҷо ҳамчун котиби дуюми сафорат ва сарвари гурӯҳи тарҷумонҳо ифои вазифа менамудам. Кору зиндагӣ дар ин кишвар низ бароям мактабе буд бо дарси фаромӯшнопазир. Баъди бозгашт аз Афғонистон мудири бахши таърихи фалсафаи Пажӯҳишгоҳи фалсафа будам.
- Шумо дар умури сиёсӣ низ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудаед. Ба сиёсат чӣ гуна рӯй овардед?
- Фаъолияти сиёсиам аз кор дар гурӯҳи мушовирони ҲКИШ дар Кобул, баъдан дар Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон  оғоз шудааст, ки он ҷо ба ҳайси мушовири шӯъбаи идеология як сол кор кардаам. Вале ҳизб баста шуд ва ман боз ба Академияи улум омадам ва мудири кафедраи фалсафа таъйин шудам. Дар ин давра вазъият дар Тоҷикистон, махсусан дар Душанбе, вазнин гардид, гирдиҳамоиҳо ва баъдан ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Вақте ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, маро узви Комиссияи оштии миллӣ таъйин намуданд. Ман дар зеркомиссияи муҳоҷирон фаъолият мекардам. Тавре ки медонед, масъалаи муҳоҷирон хеле масъалаи душвор буд, зеро аз Афғонистону кишварҳои дигар ба маҳалли зисташон овардани онҳо ба осонӣ муяссар намегардид. Солҳои 1997 - 2000 ҳанӯз силоҳдорону дидбонгоҳҳои ғайриқонунӣ ҳам буданду дар дидбонгоҳҳои  қонунӣ ҳам қонуншиканиҳо содир мешуд. Бо вуҷуди ин  барои ба соҳибони аслиашон баргардонидани хонаҳои ғасбшуда ва барқарор кардани ҳуқуқи онҳо аз ҷониби зеркомиссияи муҳоҷирон, ки раиси он Шукурҷон Зуҳуров буд, корҳои зиёде сурат гирифт. Умуман, Комиссияи оштии миллӣ рисолаташро муваффақона анҷом дод ва мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлат,  махсусан ба раиси он Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва муовини ӯ Абдумаҷид Достиев миннатдорӣ баён карда, ҳамаи аъзои комиссияро қадршиносӣ намуд. Баъди барҳам хӯрдани ин комиссия, ба хотири таъсиси парлумони дупалатагӣ интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин замон ман котиби аввали кумитаи  душанбегии ҳизби коммунист ва вакили мардумии шаҳри Душанбе будам. Маҷлиси шаҳр бо сарварии мӯҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев барои иҷрои супоришҳои роҳбари давлат ва оромию осудагии пойтахти ҷумҳуриамон корҳои муҳимро ба иҷро мерасонд. Баъдан аз ҷониби Ҳизби коммунист аз ҳавзаи якмандатӣ вакили Маҷлиси намояндагон  интихоб шудам. Вале ҳамагӣ аз моҳи феврали соли 2000 то моҳи октябри 2001 кор кардам ва бо фармони Президенти мамлакат вазири фарҳанг таъйин гардидам.
- Муҳимтарин кореро, ки замони вазири фарҳанг буданатон анҷом додаед, аз назари Шумо, кадом аст?
- Албатта, бори ин масъулият гарон буд, лекин бо дастгирии бевоситаи Президенти мӯҳтарам ва ёрии ҳамкорони соҳа  корҳои шоистаеро ба сомон расонидем. Дар ин давра ҷашни 2500-солагии Истаравшан хеле бошукӯҳ баргузор гардид. Баъдан бо пешниҳоди банда ва дастгирии Ҷаноби Олӣ Консерваторияи Миллии Тоҷикистон таъсис ёфт ва бо тавсияи камина оҳангсози соҳибзавқ ва инсони шариф, зиндаёд Талабхӯҷа Сатторов ректори аввалини консерватория таъйин гардид.
Бо вазоратҳои фарҳанги ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,  Эрон ва Ҳиндустон робитаҳои хуби фарҳангиро ба роҳ мондем. Дар баъзе кишварҳо, масалан Туркманистон, театри опера ва балетро баста буданд. Дар мо низ ҳамин гуна ақидаҳо пайдо шуда буд, ки Театри опера ва балет ба мо лозим нест, зеро хусусияти миллӣ надорад. Лекин ман ба ин гуна андешарониҳо розӣ набудам. Ин театр ситораҳои ҷаҳонӣ, аз қабили Малика Собирова, Музаффар Бурҳонов, Фаррух Рӯзиматов, овозхонҳои барҷастаи опера Лутфӣ Зоҳидова, Аҳмад Бобоқулов ва дигаронро ба олами ҳунар овард, ки саҳми миллати тоҷикро ба ин санъати ҷаҳонӣ бознамоӣ мекарданд. Баръакси ақидаи баъзеҳо ман аз паи пойдории ин театр ва ба вижа густариши санъати балет шудам. Азбаски муносибатам бо Михаил Швидкой, вазири фарҳанги Русия, хуб буд, аз ӯ хоҳиш намудам, ки дар таъсиси студияи балет ёрӣ расонад.Мо ин масъаларо дар ҳавопаймо, ҳангоми аз Боку ба Маскав парвоз кардан, ҳал намудем. Ҳамин тариқ, соли 2003 дар шаҳри Перми Федератсияи Русия Студияи балети тоҷик созмон ёфт ва ҳаводорони ин ҳунарро фаро гирифт. Онҳо дар ин студия ҳашт сол мехонанд. Имсол як гурӯҳашон тамом карда омаданд ва итминон дорам, ки акнун балет рушди тоза хоҳад ёфт. Омӯзишгоҳи хореографӣ низ дар ҳамин давра таъсис гардид.
Ғайр аз ин бо супориш ва дастгирии  Президенти кишвар ба таъмири ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ рӯй овардем, таъмири мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Тоҷиддин, таъмир ва консерватсияи ёдгориҳои таърихии Ҳулбук, Аҷинатеппа, Саразм ва ғайра   сурат гирифт. Ҳамчунин Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз таъмир баромад ва таъмири Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ низ оғоз шуд. Чун иттилоъ ёфтам, ки бинои Вазорати фарҳанг моли "Тоҷикматлубот" буда, вазорат он ҷо иҷоранишин аст, ба Президенти мамлакат бо дархости ба ихтиёри Вазорати фарҳанг гузаронидани он муроҷиат кардам. Бино ба мувозинаи вазорат гузашт.  Фаъолияти театрҳои халқии вилояту ноҳияҳо ва омӯзишгоҳҳо бештару беҳтар гардид ва баъди чандин соли таваққуф Фестивал-озмуни театрҳои касбӣ "Парасту-2002" баргузор шуд. Ин дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ воқеаи фараҳбахш буд. Ҳамчунин Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ки дар Кохи Борбад ҷойгир буд, ба собиқ Қасри иттифоқҳои касаба кӯчид ва азбаски Кохи Борбад нигоҳубини зиёдеро талаб мекарду Вазорати фарҳанг чунин имконияти молӣ надошт, ин бино ба ихтиёри Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон гузашт.
- Ҳамзамон Шумо раиси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ҳастед. Дар ин самт чӣ тасмимҳои мушаххас рӯи кор омад?
- Дар ин вазифа низ ҳамеша кӯшиш мекунам, ки  супоришҳои Президент ва Ҳукумат ба иҷро расанд. То имрӯз саъю талош дорем, ки фарҳанги бостониву имрӯзини Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар сатҳи шоиста ба ин созмони бонуфуз муаррифӣ ва пешниҳод намоем. Тӯли ин солҳо ҷумҳуриамон дар ЮНЕСКО чанд тасмими муҳим пешниҳод карда, чорабиниҳои шоистае баргузор намуд, ки яке аз онҳо  ба мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ дохил шудани "Шашмақом" аст. Чунонки бохабар ҳастед, ин ёдгори мусиқии классикии тоҷикон аз тарафи Президенти мӯҳтарам хеле пештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта, Рӯзи "Шашмақом" эълон шуд. Ба феҳристи ЮНЕСКО ворид кардани ин ҳунари аҷдодӣ душвориҳо дошт, зеро бархе моли мо буданашро эътироф кардан намехостанд.  Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, дар ЮНЕСКО бо мо ҳамроҳ ва дар баҳсҳо ширкат дошт. Бо вуҷуди баҳсҳои тӯлонӣ, тавассути саъю  кӯшиши мутахассисон "Шашмақом" ёдгории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон эътироф шуд. Баъди пазироӣ ёфтани пешниҳоди мо аз ҷониби ЮНЕСКО иқдомҳое ҷиҳати густариши "Шашмақом" аз ҷониби ин созмони байналмилалӣ  сурат гирифт, аз ҷумла Қомуси "Шашмақом" мураттаб ва мунташир гардид, ҷилди аввали "Шашмақом"-и панҷҷилда дар шакли нав ба нашр расид, соли 2004 фестивали байналмилалии "Шашмақом" баргузор гардид. Бояд гуфт, ки дар ин кори муҳим санъатшиносон Фароғат Азизӣ, Аслиддин Низомов, Аскаралӣ Раҷабов хеле ёрӣ расониданд. Барои ба феҳрасти ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм ҳамроҳи Академияи илмҳо, Пажӯҳишгоҳи таърих ва бостоншиносӣ бо сарварии академик Раҳим Масов  корҳои зиёдеро анҷом додем, зеро таҳияи ҳуҷҷати он басо душвор буд, коршиносон аз кишварҳои гуногун омада саҳеҳияти онро санҷиданд. Қоида чунин аст. Хушбахтона, соли гузашта дар Бразилия Саразм ба феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ворид шуд ва ин рӯйдоди муҳим обрӯи кишвари моро баланд бардошт. Бояд чандин ёдгории дигари таърихии Тоҷикистон ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил шавад, аз ҷумла ҳашт ёдгории таърихие, ки дар Шоҳроҳи Абрешим вуҷуд дорад. Боғи миллии Тоҷикистон бояд аз ҷониби ЮНЕСКО чун ёдгории табиии Тоҷикистон эътироф шавад. Аз ҷониби дигар, вазифаи муҳиме, ки дар назди олимон истодааст,  таҳқиқи проблемаҳои муосири Шарқ  дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши робитаҳои мо бо кишварҳои дигар аст.
- Вале рисолати баландтарини Шумо мушовири давлатии Президенти ҷумҳурӣ  оид ба робита бо ҷомеа буданатон аст, ки ин корро аз соли 2004 то соли 2007 анҷом додед…
- Воқеан ҳам ин кори пурмасъулият ва боварии бузурги Президенти кишвар ба ман буд, аз ин ҷиҳат аз Сарвари давлатамон хеле миннатдорам. Вақте ки мушовири давлатии Президенти мамлакат шудам, доираи фаъолияту масъулияти ман тавсеа ёфт. Пеш аз ҳама кӯшиш кардем, ки вазъи идеологии мамлакат мувофиқи сиёсати Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад. Ба хотири ноил шудан ба ин ҳадаф мо робитаро бо ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва васоити ахбори умум бештар намудем. Барои нашри китобҳои адибони тоҷик  Президенти мӯҳтарам  пешниҳоди Комиссия оид ба табъу нашри китобҳои адибонамонро, ки ман сардори он будам, ҳамеша дастгирӣ мекарданд ва ба нашриёти "Адиб" ба мақсади интишори адабиёти бадеӣ ҳар сол маблағҳои  зарурӣ  ҷудо менамуданд. Ба нақша гирифта шуд, ки панҷоҳ ҷилд осори адабию илмии гузаштаи мо таҳти унвони "Ахтарони адаб" чоп шавад. Ҳоло 15 ҷилди он ба нашр расидааст.
Соли 2005 Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО хеле хуб баргузор гардид. Камина роҳбари гурӯҳи кории омода кардани он будам. Барномаҳои консертӣ, ки дар толори ЮНЕСКО ва театри марказии шаҳри Париж сурат гирифт, дастовардҳои тарроҳони либос, косибон, рассомону ҳайкалтарошони  Тоҷикистон ва дастархони идонае, ки ороста шуда буд, аз муваффақияти Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ дарак медод ва хеле хуб пазироӣ шуд. Саҳми кормандони вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радио дар барномаҳои ҳунарӣ хеле намоён буд. То ба ҳол гоҳ-гоҳе намояндагони кишварҳои дигар аз суханронии Президентамон дар ЮНЕСКО ёдовар мешаванд.
-Аммо Шумо боз ба Академияи илмҳо баргаштед ва фаъолияти илмиву роҳбариро дар ин даргоҳ идома бахшидед. Ин тасмим бо хоҳиши худатон сурат гирифт?
- Бале, мехостам, ки боз ба илм баргардам, ҳарчанд дар арсаи сиёсат низ аз кори илмӣ дур набудам. Вале мехостам бештар корҳои илмии худро идома диҳам. Вақте дар Академияи илмҳо директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа таъйин шудам, кормандони илмии пажӯҳишгоҳ шароити  ниҳоят бади кор доштанд. Бинову кабинетҳо хароб буд. Биноро  бо ёрии Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмир кардем ва имрӯз Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ чеҳраи дигар дорад. Дар айни замон барои беҳтар шудани кори шӯрои олимон, чопи асарҳои муҳим як силсила корҳоро анҷом додем. Баъд директори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ  интихоб шудам ва кори оғозкардаи  Шарофиддин Имомовро барои таъсиси лабораторияи таъмири дастхатҳо идома додам. Тамоми осори хаттӣ ва чопи сангиро ба шакли рақамӣ гардонидем, ки ин барои ҳифзи дастхатҳо басо муҳим аст.  Ҳоло ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва роҳбари Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии ин муассиса фаъолият дорам.
- Дар сохтори Академияи илмҳо ислоҳот сурат гирифт. Ислоҳот ба сатҳи илм ва фаъолияти олимон чӣ гуна таъсир мерасонад?
- Имрӯз илм дар низоми давлату давлатдорӣ мақоми ниҳоят муҳим дорад, зеро илм аз як ҷониб рушди зеҳнии миллатро бозгӯ кунад, аз ҷониби дигар ба пешрафти истеҳсолот мусоидат менамояд. Боиси хушист, ки дар шароити душвори ҷанги шаҳрвандӣ ва бӯҳрони молиявӣ бо иқдоми бевоситаи Президенти кишвар Академияи илмҳо нигоҳ дошта шуд. Имрӯз бо сарварии академик Мамадшо Илолов олимони Академияи илмҳо кори пурбаракати илмиро иҷро мекунанд. Агар як сохтор пароканда шавад, аз нав эҳё намудани он хеле душвор аст. Дар баъзе кишварҳо  Академияи илмҳоро барҳам дода буданд, имрӯз аз нав барқарор менамоянд, лекин пайдо кардани кадрҳое, ки кор кунанду таҳқиқи проблемаҳои илмиро идома диҳанд, барояшон ба душворӣ муяссар мешавад. Хушбахтона, имрӯз дар Тоҷикистон аспирантҳо зиёд мешаванд, зарурати рӯ овардан ба илмро ҷавонон эҳсос кардаанд. Аз ин нуқтаи назар мо метавонем бигӯем, ки ояндаи илми тоҷик хуб аст. Албатта,  имрӯз дар пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ базаи моддӣ заифтар ва маош кам аст, вале аз тарафи олимон, сарфи назар аз ин ҳама мушкилот, сарсупурдагӣ барои илм бештар гардидааст. Дар бахшҳои ҷомеашиносӣ, фарҳангнигорӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, фолклор, иқтисод, демография, ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ, фалсафа, нашри осори гузаштагон, осори адабӣ, диниву илмӣ,  гузашта ва муосир муваффақиятҳои назаррас дорем. Бо ёрии Президенти кишвар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии собиқ як силсила асарҳои мероси исломиро ба чоп расонид.
Тағйироти сохторие, ки дар Академияи илмҳо ба вуҷуд омад, барои бо муваффақият иҷро кардани вазифаи илмӣ дар ҷомеа бояд бештар хидмат кунад. Илм дар шароити имрӯза бояд дар ин масъала ёвари сохторҳои давлатӣ бошад, ба талабот ва раванди замон мутобиқ шавад. Дастовардҳои илмӣ низ аз тарафи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа  истифода  гарданд. Олимони ҷомеашиноси мо проблемаҳои муҳимро, бахусус оид ба шуури таърихӣ, худогоҳии миллӣ, таҳаммулгароӣ ва дар муқобили ақидаҳо ва равияҳои экстремистӣ, ки ба ҷомеа хатар доранд, таҳқиқ мекунанд. Ҳоло ин таҳқиқот заруранд. Мо бояд аз афкори динӣ низ бохабар бошем, вале замон тақозо мекунад, ки ба илмҳои дақиқ ва ҷомеашиносӣ  таваҷҷӯҳ бештар бошад. Гузаштаро истифода кунему чизи нав офарем. Тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим бе донишҳои илмӣ ва  волидайни босавод ноқис мешавад. Дар Ҷопон агар зану шавҳар хоҳанд, ки тифл ба дунё оранд, дар ин марҳила зиндагии басо покиза ба сар мебаранд. Вақте ки дар батн тифл пайдо мешавад, онҳо  мусиқии беҳтаринро гӯш мекунанд, ғизои дилкаши занро муҳайё месозанд, ба ӯ кори вазнин намефармоянд. Азбаски кӯдак дар чунин муҳит  таваллуд мешавад, аллакай имконияти боистеъдод шуданро дорад. Яъне оилаи бомаърифат тифли комилро тарбия мекунад. Дар адабиёти гузаштаи мо низ ин масъала зикр шудааст. Масалан, дар китоби "Шарҳи таарруф" омадааст, ки савор агар  тарона хонад, ё най навозад, хастагии асп рафъ мегардад. Агар дар ҷое нишаста найнавозӣ кунад, растанӣ бештар сабз мешавад. Чун дар табиат чунин имкон вуҷуд дорад, дар инсон он бештар аст. Оилаҳои мо низ метавонанд аз мероси арзишманди фарҳангии ниёгон, ки олами маънавии фарзандро ғанӣ мекунад, истифода баранд. Илм бояд барои саодати ҷомеа ва  ғанӣ шудани маънавиёти мардум, ташаккули ҷаҳонбинии  илмӣ хидмат кунад.
- Камина медонам, ки Шумо шеър ҳам менависед. Оё нияти интишор кардани маҷмӯаи шеърҳоятонро доред?
- Оре, баъзан ба ин ё он муносибат шеър мегӯям. Дар чанд ҷои шаҳри Душанбе   ин байти бандаро насб кардаанд:
Шуд кишвари мо диёри Ваҳдат,
Обод шуд аз баҳори Ваҳдат.

Нигоштаҳоям чор-панҷ дафтар ҳастанд. Дӯстонам аз ҷумлаи адибон, мисли устод Меҳмон Бахтӣ, Саидалӣ Маъмур, Гулназар, Саттор Турсун, Кароматулло Мирзоев, Аскар Ҳаким, низ мегӯянд, ки китоби шеърҳоямро ба табъ расонам, вале барои рӯнавису  нашр кардани онҳо фурсат наёфтаам ва аз ҷониби дигар гумон мекунам, ки дар назди шоирони забардастамон кӯшиши "девондор" шудан густохӣ мешавад.
- Шунидаам, ки чанд сол пеш хонаатон оташ гирифта буд ва китобҳои нодиратон аз байн рафтанд…
- Оре, хонаамро оташ зада буданд. Аз чизу чораи сӯхта ғамгин нашудам, вале ҳудуди шаш ҳазор китоб, аз ҷумла дастхатҳои меросии аҷдодӣ ва чанд асари таълифкардаам, ки дар компютер буд, аз байн рафт. Шояд онҳое, ки ин корро фармуда ё иҷро карда буданд, мехостанд иродаамро шикананд, вале ману хонаводаам аз ин имтиҳон сарбаландона берун омадем. Аз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мӯҳтарам,  сипосгузорам, ки  рӯзи дигари ин воқеа бароям хона доданд.
- Аз гузашти умр ба чӣ хулоса омадед?
- Хулосаи асосиам аз зиндагӣ ин аст, ки қаноат ва садоқат ба миллату давлат беҳтарин неъмат будааст. Насиҳати падарам ин буд, ки мақсади инсон набояд ҷамъ кардани сарват бошад, нафс бояд идора шавад. Ҳарчанд дар мансабҳои баланд фаъолият доштам, ҳаргиз аз пайи ҷамъ овардани мол нашудаам. Нафс хусусияти аҷиб дорад. Агар онро идора карда натавонӣ, талаботаш бештар мегардад.
Соҳиби оилаи хуб, чор фарзанд ва набераю абераҳо ҳастам. Магар бахте бузургтар аз ин вуҷуд дорад? Дар ҳар гӯшаи Тоҷикистони азизам дӯстон дорам, бо инсонҳои бузурги ҷумҳуриамон аз ҷумлаи сиёсатмадорон, олимон, адибон, аҳли ҳунар  муносибатам хуб аст ва аз он ифтихор мекунам.  Аз муваффақиятҳои  шогирдҳоям сарафрозам. Масалан, шогирдонам докторҳои илми фалсафа Хуршед Зиёев, Насиба Содиқова, Идибек Зиёев  ҳар як дорои мақоми баланди илмӣ ва иҷтимоӣ ҳастанд.
Агар дар зиндагӣ кори барои халқу давлатамон судманд анҷом дода бошам, худро хушбахт меҳисобам.

Барнои ҚОДИРДУХТ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6005
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед