logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон Йорг Фриденро ба ҳузур пазируфт

27 августи соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Йорг Фриден - директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрсола ва гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба татбиқи босамари нақшаҳои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти беҳсозии идораи иқтисоди кишвар, сиёсати молиявӣ, соҳаи энергетика, пуштибонӣ аз соҳибкории хусусӣ ва ғайра зоҳир шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз соли равон ҳаҷми кӯмакҳои молиявии Бонки ҷаҳонӣ аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон 25% афзуд ва минбаъд ҳар сол барои дастгирии буҷети давлатӣ ва дигар корҳо 60 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ ҷудо карда мешаванд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба рафти корҳо барои асосноксозии иқтисодӣ-техникӣ ва омӯзиши таъсири экологӣ - иҷтимоии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун ва ҳамчунин доир ба ташкили бозори минтақавии фурӯши нерӯи барқ сурат гирифт.
Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории судбахш таъкид намуданд.

www.president.tj

Йорг Фриден, Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, дар сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки дурнамои равобити дуҷониба, таҳкими ҳамкориҳои судбахши Ҳукумати Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар меҳвари гуфтугӯи ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор гирифтааст. Мавсуф аз мулоқот бо Сарвари давлат истиқбол карда, афзуд, ки ин дидор барояш аҳамияти вижа дорад. Зеро дар ҷараёни он тавонистааст барномаи фаъолият ва назароти худро дар робита ба тавсеаи ҳамкориҳо ва ҷалби ҳарчи бештари сармоягузории ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мувофиқа созад.
Дар ҷараёни мулоқот рафти корҳои асосноксозии фанниву иқтисодӣ, омӯзиши таъсири эҳтимолии экологии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз сӯи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардидааст. Гуфта шуд, ки дар ҳоли ҳозир корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳ бо маром ҷараён дошта, пас аз эълони натиҷаи таҳқиқи коршиносон Тоҷикистон метавонад ба сохтмони он идома диҳад.
Бино ба гуфти Йорг Фриден, оид ба татбиқи босамари барномаҳои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, бахусус дар самти беҳтар намудани сиёсати молиявӣ, энергетика, дастгирии соҳибкории хусусӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ низ табодули назар шудааст.
Зимнан Йорг Фриден аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ кард. Ӯ итминон дод, ки дар раъси намояндагии худ дар Бонки ҷаҳонӣ аз манофеи Тоҷикистон устуворона пуштибонӣ хоҳад кард.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2011    №: 126-127 (21 942-943)    Мутолиа карданд: 1263
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед