ҳукумат
Баррасии масоил дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 август таҳти раёсати Оқил Оқилов, Сарвазири кишвар, маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҷлиси навбатии Ҳукумат бо тасдиқи аъзои нави ҳайати мушовараи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Хадамоти алоқа ва Хадамоти муҳоҷират оғоз ёфт.
Сипас ҳисоботи Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ, оид ба татбиқи Консепсияи таҷдиди сохтори вазорат шунида шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумат Самтҳои асосии таҳияи барномаҳои телевизион ва радио барои солҳои 2011-2014, Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 ва дигар санадҳои муҳим муҳокима ва тасдиқ гардиданд.
Лоиҳаи як қатор қонунҳо маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, ки мутобиқи онҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо пешниҳод карда мешавад. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба Қонун "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси оила пешниҳод карда шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин доир ба дигар масоили пешниҳодгардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.08.2011 №: 126-127 (21 942-943) Мутолиа карданд: 1788