logo

маориф

Президент супориш дод: мулоқот бо донишҷӯён зуд-зуд доир гардад

1 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бинои нави таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, дар саҳни донишгоҳ бо устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дарси сулҳ ва сӯҳбати озоду ошкорои тӯлонӣ анҷом дод.
 Дар оғози боздид аз  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо намунаҳои корҳои эҷодию ихтироотӣ ва навовариҳои техникию технологии устодону донишҷӯён аз наздик шинос шуд. Тавре аён гардид, солҳои ахир шумораи донишҷӯёни эҷодкору  ихтироъкор  ва  ташаббускори  тоҷик хеле зиёд гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз ин ҳол арзи хушнудӣ карда, ба роҳбарияту устодони донишгоҳ ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдори давлату Ҳукумат дастур дод, ки барои дастгирӣ намудани навовариҳои ҷавонони соҳибистеъдод ва таъмини робитаи босамари кори онҳо бо истеҳсолот чораҳои судбахш андешида, амалӣ намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, хусусан аз таваҷҷӯҳи ҷавонони дорои тафаккури баланди техникию технологӣ ба ихтирои чархболу ҳавопаймоҳо изҳори хушнудӣ намуд. Ҳамчунин технологияҳои истеҳсоли ҳар гуна маводи ғизоию доруворӣ, филмҳои тасвирӣ тавассути барномаҳои компютерӣ, тарҷумонҳои электронии бисёрзабона бо шумули забони тоҷикӣ, асбобҳои барқии талаботи рӯзгор, обкашҳои бе истифодаи нерӯи барқ коркунанда, коркарди нахи пахта ва пашм дар корхонаҳои хурди каммасраф бо технологияҳои ихтирои худашон ва дизайнҳои гуногуни либосҳои бостонию муосири тоҷикӣ ва ҷаҳонӣ боиси хушнудии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат ва ҳамроҳони ӯ гардид.
 Тавре аён шуд, Гимназияи Душанбе ҳам, ки дар назди ҳамин донишгоҳ фаъолият мекунад, ба комёбиҳои арзандаи таҳсин ноил гардидааст.
 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бинои нави таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро, ки асосан барои факултаи навтаъсиси тоҷикӣ - украинии ин донишгоҳ пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ намуда, бо шароити муосири таълимии он аз наздик шинос шуд. Зимни шиносоӣ, аз ҷумла аён гардид, ки дар ин ҷо аз имконоти таҳсили фосилавӣ тариқи робита бо мактабҳои олии Украина ва дигар кишварҳои дуру наздик, шабакаи интернет ва воситаҳои дигари электронӣ, барномаҳои инноватсионии забономӯзӣ ва аз худ кардани илму техникаи навтарин васеъ истифода мебаранд.
Дар ҷараёни дарси сулҳ ва мулоқоти ошкоро бо устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, мардуми кишварро бо оғози соли нави таҳсил табрику таҳният гуфта, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, бедор намудани тафаккури техникию технологии ҷавонону наврасон ва ҳавасмандсозии онҳо ба ҳама гуна навоварӣ ва пешрафту тараққиёт таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд.
 Тибқи супоришҳои мушаххаси Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат,  аз ҷумла, бояд дар назди яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар факултаи саноати сабук таъсис дода шавад, Коллеҷи технологии шаҳри Исфара ба филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон табдил ёбад, донишҷӯёни бахшҳои шартномавӣ, ки бо баҳои аъло мехонанд, ба бахшҳои буҷавӣ гузаронда шаванд ва Барномаи президентии ҷустуҷӯ, интихоб ва таълиму тарбияи босифати кӯдакону наврасон ва ҷавонони хушлаёқату соҳибистеъдод таҳия ва қабул гардад.
 Аз суолу дархостҳои сершумори донишҷӯёну устодон низ, ки бевосита ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, муроҷиат намуданд, аён гардид, ки шавқу рағбат ва ҷаҳду талоши ҷавонон ба илмомӯзӣ, эҷодкорию ихтироот ва навоварӣ хеле зиёд аст. Аз ин хотир Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати маориф ва дигар вазорату идораҳои марбута ва роҳбарони худи муассисаҳои таҳсилоти олӣ дастур дод, ки бо донишҷӯён мисли мулоқоти имрӯза маҳфилҳои озоду ошкоро зуд-зуд ба роҳ монда, арзу дод ва пешниҳоду дархостҳои онҳоро шунаванд ва барои амалӣ намудани фикру андешаҳои пешқадамашон чораҳои судбахш андешида, амалӣ намоянд.
Баъди анҷоми мулоқот ва дар фарҷоми боздид аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар,  масофае чанд мошини барқӣ ё худ электромобили ихтироъкардаи устодону донишҷӯёни ин донишгоҳро ронда, ба ташаббускорони ин амали накӯ дастур дод, ки истеҳсоли васеи онро дар Тоҷикистон ба роҳ монанд. Тибқи дастури Сарвари давлат, то охири соли равон бо маблағгузорӣ аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд 5-10 адад чунин мошинҳо омода карда шаванд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.09.2011    №: 128-129 (21 944-945)    Мутолиа карданд: 1459
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед