logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон Виктор Януковичро ба ҳузур пазируфт

3 сентябри соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Виктор Янукович, Президенти Украина,  мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Украина баррасӣ гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки "Украина тадриҷан дар сохтори тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мақоми пешқадамро касб мекунад". Чунонки иттилоъ дода шуд, дар 6 моҳи соли 2011 ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Украина ба 101 миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 43% зиёд аст.
Виктор Янукович ба пешрафту тараққиёти кунунии Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт: "Сарфи назар аз вазниниҳо ва нооромиҳои солҳои аввали истиқлолият ва таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ имрӯз мо шоҳиди рушду нумӯи босуботи кишвари Шумо мегардем".
Виктор Янукович ҳамчунин ба натиҷаҳои раисии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва омодагӣ ба ҳамоиши имрӯза баҳои баланд дод.
Аз суръати рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, металлургия, мошинсозӣ, ҳарбӣ-техникӣ, илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ низ изҳори қаноатмандӣ шуд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Украина ҳанӯз хеле зиёданд.
Изҳори боварӣ шуд, ки сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти Тоҷикистон ба Украина ба рушди минбаъдаи муносиботи судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.09.2011    №: № 130-131 (21 946-94    Мутолиа карданд: 1164
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед