logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи амфитеатр дар Боғи Ирам, ш. Душанбе, 5 сентябри соли 2011

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони олиқадр!
Ҳозирини гиромӣ!
Боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки миллати тоҷик ҳанӯз ҳазору сад сол муқаддам давлати мустақил бунёд намуда, бо фарҳанги оламгираш шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфт. Ва ҳамин фарҳанги оламгир дар ҳама давру замон миллати моро аз парокандашавӣ эмин нигоҳ дошта, дар тамаддуни миллии мо ҳамчун омили муҳими расидан ба истиқлолият хизмат намудааст, ки боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар ҳазорсолаҳои охир ба шумор меравад.
Бинобар ин, ҳамаи шумо  -   ҳозирини гиромиро ба ифтихори бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллиамон - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон бо ин, мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави амфитеатр - боз як боргоҳи бонуфузи ҳунар  самимона табрику шодбош мегӯям.
Ҳукумати кишвар ҳамеша ба фарҳанг ҳамчун соҳаи афзалиятноки ҳаёти иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи хоса ва доимӣ зоҳир намуда, барои беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳли фарҳанг тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ин аст, ки дар радифи дигар соҳаи буҷетӣ дар давоми солҳои охир маоши кормандони соҳаи фарҳанг 26 маротиба зиёд карда шудааст.
Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки дар масири 20 соли истиқлолият фарҳанги миллии мо дар тарбияи худшиносӣ, ҳисси миллии мардум, махсусан ҷавонон нақши муҳим бозида, дар ташаккули маънавии аҳли ҷомеа, шинохти рисолати таърихӣ ва густариши эҳсоси ватандорӣ таъсири амиқ мегузорад.
Маҳз дар ҳамин давра бо азму талошҳои аҳли фарҳанги кишвари тозаистиқлоли мо баргузории ҷашнвораҳо - озмуни театрии "Парасту", фестивалҳои байналмилалии театрии "Наврӯз", "Чодари хаёл", фестивал-симпозиумҳои байналхалқии "Шашмақом", "Фалак" ва "Баҳористон" ба ҳукми анъана даромаданд.
Дар чунин чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ ҳазорҳо намояндагони давлатҳои хориҷи дуру наздик ширкат варзида, бо дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва меъморию фарҳангии кишвари мо ошноӣ пайдо карданд.
Ҳамзамон бо ин, ҳунарпешагони маъруфи тоҷик назди тамошобинони беш аз 70 давлати Аврупо ва  Амрикову Осиё бо беҳтарин барномаҳо истеъдоди асили миллии худро намоиш доданд.
Ва имрӯз вусъати тоза пайдо намудани муносибатҳои фарҳангии моро бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар пояи меъёрҳои ҷаҳонӣ ва манфиатбахш метавон далели равшани эътирофи баланди фарҳанги тоҷик аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ номид.
Бунёди театри ҳозиразамони тобистона ё ба ибораи дигар амфитеатр, ки макони нави фароғати ҳамдиёрону меҳмонони пойтахти кишварамон хоҳад гардид, давоми мантиқии силсилаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат дар роҳи рушди фарҳанги миллӣ мебошад.
Бинои мазкур дар муддати хеле кӯтоҳ, яъне дар ҳашт моҳ ба маблағи 3,2 миллион сомонӣ бунёд гардида, барои 960 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Дар сохтмони ин иншооти ҷашнӣ, ки дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти азизамон қомат афрохтааст, аз тамоми манотиқи кишвар кормандону мутахассисони варзида ҷалб гардида, ҳиссаи арзанда гузоштаанд, ки ин иқдом ҳамчун нишонаи ваҳдати комил шоёни таҳсин аст.
Бинобар ин, бо истифода аз фурсат ба меъморон, муҳандисону бинокорон ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин бинои зебои фарҳангӣ саҳм гузоштаанд, миннатдории самимӣ баён менамоям.
Ҳозирини гиромӣ!
Фарҳанг дар ҳама луғатномаҳои хурду бузург ақлу хирад ва илму дониш маънидод шудааст. Модоме фарҳанг ақлу дониш аст, пас он танҳо як мафҳуми соҳавӣ набуда, фарогиртар аз он аст, ки мо тасаввур мекунем. Ба ибораи дигар, фарҳанг бақои одам, балки ҳастии миллат аст.
Таърих гувоҳ аст, ки аз қадимулайём давлатҳои соҳибтамаддун ҳамеша ба ҳаёти фарҳангии мардум таваҷҷӯҳи хоса доштанд.
Аз замонҳои хеле дури таърихӣ то мо омада расидани мафҳуми амфитеатр маънои онро дорад, ки он ҳамчун шохаи муҳими таърихи фарҳангии халқҳову кишварҳои фарҳангсоз дар ҳар давру замон мақому манзалати ниҳоят калон дошта, дар инъикоси муборизаи абадии некию бадӣ, адолату беадолатӣ, равшанию зулмот, даво бахшидани дардҳои маънавии ҷомеа ва бо ин роҳ тарбияи насли солиму бомаърифат нақши муассир бозидааст. Аз ин рӯ, бо итминон метавон гуфт, ки моҳияти театр танҳо намоиш додани барномаҳои дилхушкунанда нест.
Агар чунин мебуд, ҳоҷати дар бунёди он ин қадар меҳнат сарф кардан лозим намеомад. Театр барҳақ инъикоскунандаи ҳаёт аст. Он дар худ ҳам санъати мусиқӣ, ҳам меъморию тасвирӣ ва ҳам синамову амсоли инҳоро таҷассум мекунад.
Театр воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон аст. Зеро рӯйдодҳои зиндагиро дар саҳна дида, тамошобин хаёлан худро ба қаҳрамонҳои мусбат монанд мекунад ва бо ҳамин роҳ олами ботинии хешро мустақилона тарбият мебахшад.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳаёти фарҳангии Тоҷикистонро низ бе театр тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро театр дар лаҳзаҳои душвортарини ҳаёт ҳамеша паҳлӯи мардум қарор гирифта, дар сарнавишти миллати тоҷик нақши басо муассир гузоштааст.
Имрӯз метавон даҳҳо ҳунарпешаҳои маъруфро номбар кард, ки дар пешрафти театри тоҷик ва дар ин замина дар рушду такомули фарҳанги миллии мо саҳми беандоза калон доранд.
Бо дарназардошти ин, метавон гуфт, ки театри мазкур маркази рушди фарҳанг ва манбаи камолоти маънавии ҳамдиёронамон гардида, дар тарбияи насли нави ҳунармандони тоҷик саҳми арзанда мегузорад.
Дар ин лаҳзаи пурнишоту хотирмон бори дигар бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азизро ба муносибати бистумин солгарди Истиқлолият, ки сароғози давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад, табрик гуфта, ба ҳар кадоматон хонаободию хушбахтӣ ва комёбиҳои тоза орзу менамоям
Саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2011    №: № 132-133 (21 948-94    Мутолиа карданд: 1336
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед