logo

энергетика

Масъалаи таъмини аҳолии кишвар бо барқ ҳанӯз мубрам аст

Пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари мо дар давраи соҳибистиқлолӣ хеле назаррас ва бебаҳс аст. Махсусан дар солҳои охир, вақте  таҳти сарварии Президентамон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон раванди созандагиву бунёдкорӣ таҳким ёфта, се ҳадафи стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ, ки онҳо ба  равнақи иқтисодии кишвар ва беҳбуди зиндагии  кулли сокинони ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд, зина ба зина амалӣ гашта, обрӯи Ватану миллати моро дар арсаи олам хеле баланд сохт, ин хубтар эҳсос мегардад.

Равнақи соҳаи гидроэнергетика низ дар ҳамин шумул аст. Мувофиқи ҳисоби мутахассисон Тоҷикистон ба қадри фаровон дигар намудҳои захираҳои истихроҷшавандаи энергия, аз ҷумла  ба қадри 117 миллион тонна нафт, 875 миллиард метри кубӣ газ ва 4,6 миллиард тонна захираи пешбинишавандаи  ангишт ва ғайраҳоро низ  доро мебошад ва солҳои охир бобати коркарди онҳо корҳои зиёде ба сомон мерасанд. Бо вуҷуди ин, гидроэнергетика соҳаи хеле муҳими пешбурди иқтисодиёт ба шумор меравад. Барои ин мо захираи фаровони табиӣ дорем. Дарёҳои тезҷараёни кӯҳӣ манбаи азими захираҳои гидроэнергетикии кишвари мост. Тоҷикистон аз ҷиҳати масоҳат дар дунё дар ҷои 85-ум, вале аз рӯи захираҳои потенсиалии барқи обӣ  (гидроэнергетика), баъд аз Хитой, Русия, ИМА, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада ҷои 8-умро ишғол менамояд. Дар Осиёи Марказӣ бошад, аз рӯи ин нишондод кишвари мо дар ҷои аввал аст. Захираҳои потенсиалии барқи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи ҳисоби мутахассисон, 527 миллиард кВт.соатро ташкил медиҳад. Ин ҳама дар доираи байналмилалӣ аниқ ҳисоб карда шудааст.
Мавҷудияти захираҳои азими энергетикӣ дар кишвари мо ҳанӯз аз солҳои 20 - 30-и асри гузашта  мавриди омӯзишу тадқиқот  қарор гирифта буд. Ва аз ҳамон овон сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ оғоз ёфтанд ва тӯли солҳои аҳди Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон дар қаламрави ин абарқудрат ба яке аз кишварҳои аз ҷиҳати истеҳсоли нерӯи барқ мутараққӣ табдил ёфт.
Овардани ҳамин далел кофист, ки дар давоми бист соли баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз соли 1948 то 1968, агар истеҳсоли барқ дар миқёси олам 6 баробар ва дар Иттиҳоди Шӯравӣ 12 баробар афзоиш ёфта бошад, дар кишвари мо дар ин муддат 22 баробар зиёд барқ истеҳсол мешуд.  Агар соли 1959 дар ҶШС Тоҷикистон 1 млрд кВт.соат нерӯи барқ истеҳсол шуда бошад, дар соли 1968 ин рақам ба 2,5 млрд кВт.соат баробар шуд. Алҳол дар Тоҷикистон то 17 - 18 млрд кВт.соат нерӯи барқ истеҳсол мегардад.
Бо ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ ва ба роҳбарии  давлат омадани Эмомалӣ  Раҳмон  ба тараққиёти  гидроэнергетика аҳамияти махсус дода шуд. Маҳз бо ташаббуси Президент сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда" бо қувваи худӣ идома ёфт, дертар он ба "Сангтӯда-1" табдил дода шуда, поёнтар аз он сохтмони НБО-и "Сангтӯда-2", ки дар ин вақт танҳо дар лоиҳа мавҷуд буд, оғоз ёфт. Дар сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Помир-1"  таваққуф нашуд ва бо вуҷуди вазъияти душвори сиёсӣ дар дохили мамлакат Сарвари давлат соли 1994  шахсан дар расми ифтитоҳи ба кор даровардани  навбати якуми ин нерӯгоҳ иштирок ва суханронӣ намуд. Нерӯгоҳи мазкур 1 ноябри соли  соли 2005 бо иқтидори пуррааш ба истифода дода шуд.
Дар солҳои минбаъда низ ба тараққиёти ин соҳаи калидӣ диққати калон дода мешуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо истифода аз обрӯву нуфузи рӯзафзуни сиёсияш бобати эҳёи сохтмонҳои нотамоми гидроэнергетикӣ, таҳияи лоиҳаи сохтмонҳои нав, таҷдиду модернизатсияи иқтидорҳои мавҷуда ба таъмини мустақилияти энергетикии кишвар ҳамаҷониба  мусоидат менамояд. Маҳз вохӯрӣ ва мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, бо В. Путин, Президенти Федератсияи Русия 16 октябри соли 1994 дар шаҳри Душанбе ба бунёди сохтмон ва оқибат дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба кор оғоз намудани НБО-и "Сангтӯда-1" сабаб гардид.
Дигар пешрафти соҳаи энергетика дар сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқ зуҳур ёфтаанд. Ба истифода додани хати интиқоли барқи 500 - киловолтаи"Ҷануб-Шимол", ки дарозии он 350 километрро ташкил медиҳад, низоми энергетикии Тоҷикистонро воҳид сохт. Баъди ин имконият пайдо шуд мо шимоли кишварро, ки то ин вақт аз кишварҳои ҳамсоя барқ мегирифт, бо барқи худӣ таъмин намоем. Дар шароити сол то сол боло рафтани қимати нерӯи барқ ва пайдо шудани проблемаҳо  бобати  харидории барқ аз дигар кишварҳо аҳамияти ин хати интиқоли барқ хеле зиёд аст.
Илова бар ин дар доираи татбиқи лоиҳаи "Сохтмони НБО-ҳои хурд дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон"  дар кишвар зиёда аз 230 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта ба истифода дода шуд, ки онҳо дар таъмини кишвар бо барқ нақши дурахшон хоҳанд дошт.
Бармало ҳувайдост, ки проблемаи бо барқ таъмин будани кишвар дар мадди аввали назари Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ташаббуси Сарвари давлат дар бораи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, махсусан истифодаи лампаҳои каммасраф, ки  баъди ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия" аз 24 апрели соли 2009 дар ҷумҳурӣ амалӣ гардид, имконият фароҳам овард, ки ҳамон сол дар давраи тирамоҳу зимистон 1,2 миллиард киловатт.соат нерӯи барқ сарфа гардад. Ин аз нерӯи барқи дар ин давра истеҳсолнамудаи "Сангтӯда-1" (880 ҳазор кВт.соат) 320 ҳазор кВт.соат зиёд аст.
Умуман дар ҷумҳурӣ тайи бист соли истиқлолият гидроэнергетика натанҳо пойбарҷо буд, балки  пеш рафт ва тавонист, ки сол ба сол тамоми соҳаҳо ва манотиқи кишварро бо барқ беҳтар таъмин намояд. Воқеан, дар арафаи ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азиз дар Тоҷикистон чандин иншооти энергетикӣ, аз ҷумла агрегати якуми НБО-и "Сангтӯда-2", нерӯгоҳҳои хурди барқи обии "Сангикар" дар ноҳия Рашт, "Марзич" дар ноҳияи Айнӣ, "Хорма" дар ноҳияи Балҷувон ва дигар таҷҳизоти инфрасохторӣ ба истифода дода шуданд.
Ин ҷаҳду талош, ин пешрафту дастовардҳо маънои онро доранд, ки сиёсати энергетикии Президенти ҷумҳурӣ  воқеан ҳам амалӣ шуда истодааст ва он моро ба мустақилияти энергетикӣ, ки як ҷузъи истиқлолияти миллист,  мерасонад.


Абдулло ЁРОВ,
раиси ШСХК "Барқи Тоҷик"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2011    №: № 132-133 (21 948-94    Мутолиа карданд: 1695
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед