logo

энергетика

Қӯрғонтеппа: сарфи бебаркаши қувваи барқ

Ҳамасола пеш аз фарорасии фасли сармо бинобар сабаби афзудани талаботи аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳои кишвар ба қувваи барқ ташвиши энергетикҳо дучанд мегардад. Мувофиқи маълумоти аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ расида, масрафи қувваи барқ, ки ҳам барои рӯшанию гармсозии хонаҳою коргоҳҳо ва ҳам барои хӯрокпазӣ истифода мешавад, зиёд шудааст. Ҳамчунин масъалаи доғе, ки дар ин давра барқчиёнро нигарон кардааст, сарфи бемақсади қувва аз ҷониби аҳолию ташкилоту корхонаҳо, бе риояи қоидаҳои бехатарӣ пайваст намудан ба манбаъҳои барқ ва сари вақт пардохт накардани маблағи истифодаи он мебошад.
-Таҳлили фаъолияти 10 моҳи соли ҷорӣ нишон дод, ки, -мегӯяд Муслиҳиддин Усмонқулов, сардори шӯъбаи фурӯши барқи шаҳри Қӯрғонтеппа, -истифодаи қувваи барқ ба ҷои 250-300 миллион киловатти фаслҳои баҳору тобистон, ба 600-650 миллион киловатт расидааст.  Инро  мо пешакӣ медонистем, зеро ҳам аҳолӣ ва ҳам ташкилоту корхонаҳо аз ин неъмати арзон бебаркаш истифода мебаранд. Барои гармсозии ҷойи кор ва хонаҳо асбобҳои ғайримеъёриро зиёд кор мефармоянд. Аксари асбобҳо ва воситаҳои гармидеҳии худсоз 1,5-2 киловатт ва аз ин беш қувва қабул мекунанд, ки ноқилҳои мавҷуд ба он тоб оварда  наметавонанд.
Дар 10 моҳ дар шаҳри Қӯрғонтеппа қарзи аҳолӣ аз истифодаи қувваи барқ 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ва ташкилоту корхонаҳо зиёда аз 800 ҳазор сомониро ташкил додааст. Айни замон шӯъбаи мо баҳри танзими истифодаи қувваи барқ ба пайваст намудани ҳисобкунакҳои барқӣ машғул аст.
Тавре ки масъулони шӯъбаи фурӯши барқ зикр карданд, агар истифодабарандагон маблағро сари вақт пардозанд, идора имкон пайдо менамояд, ки шикасту рехти трансформатору ноқилҳоро анҷом диҳад ва аҳолиро бо ҳисобкунакҳои барқии электронӣ таъмин намояд, ки дар натиҷа ҳам масрафи қувваи барқ коҳиш ёфта, ҳам имкони дуздии он қариб аз байн меравад.
Муслиҳиддин Усмонқулов афзуд, ки барои зимистони солҳои 2008-2009 шӯъбаи фурӯши барқ чораҳои зиёд андешид. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҳисобкунакҳои барқиро аз дохили хонаҳо ба берун бароварда истодаанд. Тавассути ин тадбир роҳи аз меъёр зиёд истифода бурдани қувваи барқ баста мешавад. Барои истифодаи сарфаҷӯёнаи барқ корҳои тарғиботӣ сурат мегирад.
Ба мақсади пешгирӣ кардани ҳолатҳои истифодаи нодурусти қувваи барқ дар хонаҳо қариб 100 фоиз ва дар ташкилоту муассисаҳо 95 фоиз ҳисобкунакҳо насб шудаанд.
Ба саволи мо дар хусуси  чораҳои мушаххаси рафъи қарздорӣ сардори шӯъба чунин иттилоъ дод:
-Барои рӯёнидани маблағи истифодаи қувваи барқ бо мактубҳо ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои қарздорони калонро барои чораҷӯӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол кардем. Дар байни қарздорони калон ташкилоти «Монолит»,  ошхонаи «Сахӣ», корхонаҳои «Боғбунёд», «Саодат», хоҷагии ниҳолпарварии «Бӯстонқалъа»,  идораи ҳифзи муҳити зист, кумитаи варзиши вилоят ва чанде муассисаҳои буҷетӣ шомиланд. Бояд гуфт, ки якмоҳаи ҷамъоварии ҳаққи истифодаи қувваи барқ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад. Иҷрои нақшаи ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ ба андозаи 90-95 фоиз таъмин шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 ҳазор сомонӣ беш мебошад. Аз ин ҳисоб ҳар моҳ ба буҷет 350-400 ҳазор сомонӣ ирсол мегардад.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
Саидқули ШОМАЛАНГЗОДА,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4948
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед