logo

суханрониҳо

Суханронии табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, 9 сентябри соли 2011

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Расо бист сол қабл аз ин, 9-уми сентябри соли 1991 дар сарзамини бостонии мо рӯйдоде ба вуқӯъ пайваст, ки ба шарофати он  дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақилу соҳибихтиёр бо номи Тоҷикистон арзи вуҷуд кард ва ин падидаи таърихӣ оғози марҳалаи нав ва таҳаввулоти бунёдӣ дар ҳаёти халқи мо  гардид. Яъне санаи 9 - уми сентябри соли 1991 барои тоҷикон натанҳо Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон, балки санаи барқароршавии адолати таърихӣ низ мебошад ва бинобар ин, барои мо басо азизу муқаддас ҳисоб меёбад. Ин санаи муборакро ба ҳамаи шумо - ҳозирини мӯҳтарам ва тамоми мардуми сарбаланди Ватанамон аз самими қалб табрику таҳният мегӯям. Ба халқи азизи Тоҷикистон тансиҳативу рӯзгори обод,  комрониву барори кор ва ба кишвари соҳибистиқлоламон шукуфоиву пешрафт орзумандам.
Аз баракати соҳибихтиёрие, ки ба мо баъди ҳазор соли бедавлатӣ муяссар гардид, мардуми тоҷик имкон пайдо кард, ки таърихи навини худро бо дастони хеш навишта, саҳифаҳои гузаштаи пурифтихори аҷдодамонро зинда гардонад ва бори дигар ба ҷаҳониён собит намояд, ки созандагиву бунёдкорӣ рисолати суннативу деринаи миллати фарҳангии тоҷик мебошад.
Мо ин имконияти бузурги таърихиро мувофиқи хосту иродаи халқи Тоҷикистон ба манфиати ҷомеа, ба хотири ояндаи нек ва хушбахтии он, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди давлати озоди худ сафарбар намуда, имрӯз  ба дастовардҳои хеле азим  ноил гардидем.
Боиси сарфарозист, ки ҷашни бистумин солгарди Истиқлолияти давлатиро мардуми тамаддунсозу ободгарамон  бо рӯҳияи беназиру бесобиқаи бунёдкориву созандагӣ истиқбол гирифта, барои боз ҳам таҳким бахшидани пояҳои давлати ҷавонамон саҳми ватандӯстонаи худро дареғ  надоштанд.
Дар марҳалаи кунунии давлатдориамон, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамчун ҳадафҳои муҳимтарин ва стратегии давлати мо эълон шудаанд, Тоҷикистон ба давраи сифатан нави рушди иқтисодиву иҷтимоии худ ворид гардидааст.
Итминони комил дорам, ки тамоми мардуми Тоҷикистон, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва бонангу номуси миллат бо дарки масъулияти ватандорӣ ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва ободонии Ватани азизамонро қарзи инсонӣ ва вазифаи  шаҳрвандии хеш ҳисобида, ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа мерасанд, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳо қадршиносӣ мекунанд, зиракии сиёсиро аз даст намедиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош менамоянд. Зеро ниёгони шарафмандамон сарзамини худро ба ибодатгоҳи ақлу хирад, илму адаб ва фарҳангу маънавиёти воло  табдил дода, ба ганҷинаи тамаддуни башарият саҳми сазовори хешро ҳамроҳ кардаанд.
Имрӯз ба мо - фарзандони гузаштагони некномамон низ зарур аст, ки ин рисолати таърихӣ ва суннатҳои неки миллиро идома бахшида, кишвари худро ба мулки ободу зебо табдил диҳем ва як сарзамини пешрафтаву шукуфоро барои наслҳои оянда ба мерос гузорем, то ки онҳо дар фазои сулҳу осоиши пойдор  ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ  зиндагӣ карда, Ватани муқаддасамонро ҳифзу нигоҳдорӣ намоянд.
Бо ҳамин орзуҳои самимӣ бори дигар ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба ҳозирини арҷманд, тамоми мардуми кишвар ва кулли ҳамватанони бурунмарзӣ  муборак мегӯям.
Зиндаву поянда бод халқи бунёдкору ободгар ва фарҳангсози тоҷик!
Бигзор истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон  ҷовидон  бошад!
Ҳамеша сарбаланду комёб бошед, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2011    №: 134-135 (21 950-951)    Мутолиа карданд: 1802
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед