суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми паради низомӣ ва гузашти мардум дар майдони Дӯстӣ, шаҳри Душанбе, 9 сентябри соли 2011
Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!
Бо камоли ифтихору сарфарозӣ дар ин айёми пурнишоти таҷлили ҷашни бошукӯҳу таърихии миллиамон - бистумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ тамоми мардуми куҳанбунёд, фарҳангпарвар, ватандӯст ва бунёдкори Тоҷикистони азизро бори дигар табрик гуфта, орзу менамоям, ки дар ҳар хонадони тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзиамон оромиву осоиш, файзу баракат, хушбахтиву комронӣ ва дар фазои кишвари соҳибистиқлоламон сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ ҳукмфармо бошад.
Тантанаҳои имрӯза бо гузашти паради низомӣ, яъне намояндагони ҳамаи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз мегардад, ки ба шарофати истиқлолияти давлатӣ таъсис дода шудаанд.
Дар ибтидои соҳибистиқлолии кишварамон, ҳарчанд ки имкониятҳои иқтисодии давлати ҷавони Тоҷикистон ниҳоят маҳдуд буданд, мо амалан дар ҷои холӣ Артиши миллиро таъсис додем ва минбаъд барои ташкил кардан ва ба роҳ мондани фаъолияти муназзами дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамаи чораҳои таъхирнопазирро амалӣ намудем.
Тамоми мардуми сипосгузори тоҷик хуб дар ёд доранд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати тозаистиқлоли мо барои таъмин намудани сулҳу субот, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун чӣ гуна фидокориву ҷонбозиҳо нишон доданд.
Дар роҳи барқарор намудани суботу оромии ҷомеа ва сохти конститутсионии кишвар ҳазорон нафар аскарону афсарони шуҷои сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ҷони худро аз даст доданд. Имрӯз, дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷонбахши ҷашни бузурги миллиамон мо ному корнамоиҳои ҳамаи онҳоро ба некӣ ба ёд меорем.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди пешбурди хизмат барои сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ҷузъу томҳои ҳарбӣ, таъмин намудани омодабошии ҷангии онҳо минбаъд низ тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар менамояд ва итминон дорад, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба хотири дифоъ аз оромиву суботи ҷомеа, тамомияти арзии кишвар ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти Ватани азизи худ ҳамеша омода хоҳанд буд.
Дӯстони азиз!
Ҳамаи мо имрӯз бо ифтихор ба ёд меорем, ки бист сол муқаддам дар асоси ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз - Эъломияи истиқлолияти давлатӣ 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати озоду соҳибихтиёр эълон карда шуд.
Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи орзуву ормони чандинасра ва кӯшишу талошҳои тӯлонии халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи куҳанбунёди худ мебошад. Чунки андешаи истиқлолияту озодӣ ва талоши расидан ба давлатдории мустақили миллӣ дар зеҳну шуур ва андешаву афкори мардуми тамаддунсози мо дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд.
Бо ҳукми таърих имрӯз мо на танҳо амалӣ гардидани ормони ҳазорсолаи ниёгони хешро мебинем, балки худамон давлате бунёд карда истодаем, ки аллакай дар арсаи ҷаҳон мавқеъ ва эътибори ба худ хос дорад.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба мо лозим омад, ки аз фарҳангу маънавиёти дерина ва таҷрибаи давлатсозии ниёгони хеш сабақ омӯзем, аз таҷрибаи давлатдории ҷаҳони мутамаддин баҳра бардорем ва муҳимтар аз ҳама, мардумро ба роҳи хештаншиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ин дастоварди бузургтарини миллиамон ҳидоят ва сафарбар намоем. Зеро истиқлолият барои мо рамзи шарафу номус, нишонаи саодату соҳибихтиёрӣ ва шарти пойдориву бақои миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиромамон мебошад.
Истиқлолияти давлатӣ барои мо - тоҷикон неъмати бисёр азизу муқаддас маҳсуб меёбад ва бинобар ин, мо бояд онро аз ҳама арзишҳои дигар муқаддаму воло донем. Чунки дар дунёи пуртазоди муосир танҳо он халқ ё миллате соҳиби иззату эҳтиром шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.
Ҳарчанд ки тай кардани роҳи бистсола, хусусан солҳои аввали он барои мо бо мушкилоту маҳрумиятҳои зиёд муяссар гардид, вале ба шарофати хиради азалии мардуми фарҳангиву сулҳхоҳ ва таҳаммулгарову заҳматпешаи тоҷик мо ҳамаи он монеаву мушкилотро паси сар кардем.
Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёру муосири миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳу сифати зиндагии шоистаи аҳолӣ буданд.
Дар натиҷаи заҳмати софдилонаи мардуми сарбаланди тоҷик рушди устувору бемайлони соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат тадриҷан таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум сол ба сол баланд шуда истодааст. Ҳоло мову шумо шоҳиди дигаргуниҳои куллии сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҳаёти ҷомеаи кишварамон мебошем.
Мардуми шарафманди тоҷик имрӯз ба хотири таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли хеш садоқатмандона заҳмат мекашанд. Дар ин рӯзи бисёр саиду муборак метавонем дилпурона изҳор намоем, ки татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ояндаи наздик дар сохтори муносибатҳои иқтисоди ҷаҳонӣ ва умуман дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо хоҳад кард.
Ҳозирини гиромӣ!
Роҳе, ки мо пеш гирифтаем, фақат як ҳадаф дорад: расидани ҳар як фарди кишвар ба саодати зиндагӣ ва рушди миллат дар асри ХХI. Вале дар ин раванд ҳар кадоми мо бояд дар хотир дошта бошем, ки барои муваффақ шудан ба ин ниятҳои нек ва рӯзгори пурсаодат ҳанӯз хеле заҳмат кашиданамон зарур аст. Зеро ободии Ватан ва осоиши мардуми он аз ҳар яки мо фаъолияти шабонарӯзӣ ва кори содиқонаву софдилонаро тақозо менамояд.
Итминони комил дорам, ки ҳар як фарди Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла ҷавонони бонангу номус, соҳибкорони боғайрату ҳимматбаланд, зиёиёни ватандӯсту хирадманд ва умуман аҳли ҷомеа бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ, эҳсоси гарми ватандорӣ ва бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо корҳои оғозкарда ва нақшаҳои пешгирифтаамонро зина ба зина татбиқ намуда, барои боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардумамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бигзор, рӯҳи неки фарзандони шарафманди миллат, ки дар роҳи ҳифзу нигоҳдории давлати тоҷикон ҷоннисорӣ кардаанд, дар ин кори хайр ҳамеша мададгори мо бошад!
Бигзор, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ, сулҳу суботи поянда, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкориву созандагӣ ҳидоятгари пиру барнои Тоҷикистони азизамон бошад!
Бигзор, кохи истиқлол ва нангу номуси тоҷикон то абад устувору ҷовидон монад!
Ҷашни бистсолагии озодиву истиқлол муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.09.2011 №: 134-135 (21 950-951) Мутолиа карданд: 1584