logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи ботантана ба ифтихори 100-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода, ш. Душанбе, 14 октябри соли 2011

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони мӯҳтарам!

Мо ҳанӯз зери таъсири файзбахши ҷашни бошукӯҳи 20 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон қарор дорем. Ин ҷашн ва рӯҳияи тавонои созандагӣ дар саросари мамлакат устувории сулҳу ваҳдат ва муттаҳидии мардуми шарифамонро ба таври мӯътамад собит сохт.
Ҷашнвораи имрӯзаи моро, ки ба ифтихори 100-солагии Мирзо Турсунзода, Қаҳрамони Тоҷикистон, суханвари бузург, арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ, мунодии сулҳу дӯстӣ, фарзанди арҷманди миллати тоҷик барпо мегардад, метавон идомаи мантиқии тантанаҳои истиқлолияти давлатиамон арзёбӣ кард. Ин табиист, зеро осори Мирзо Турсунзода саропо аз андешаҳои истиқлолхоҳӣ барои мардуми ҷафодидаи Машриқзамин ва ваҳдати халқи ҷаҳон саршор аст.
Ҳоло бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми шеърдӯсту адабпарвари Тоҷикистони азизро ба муносибати ҷашни фархундаи якасраи шоири бузурги халқамон Мирзо Турсунзода, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмони байналмилалии ЮНЕСКО сурат мегирад, самимона табрик мегӯям.
Барои ман боиси ифтихори бузург аст, ки дар ду ҷашни пуршукӯҳ - маҷлисҳои ботантанаи 90-солагӣ ва 100-солагии шоири шаҳирамон устод Мирзо Турсунзода ширкат ва суханронӣ менамоям.
Ҳанӯз даҳ сол пеш дар бузургдошти устод гуфта будам: «Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли дурахшони хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард».
Солҳое, ки сипарӣ шуданд, ҳаққонияти гуфтаҳои болоро борҳо собит намуданд.
Мирзо Турсунзода ба насли дуюми адибони садаи бисти тоҷик шомил буда, дар радифи Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Мирсаид Миршакар, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода дар як давраи пур аз тазод ва муборизаҳои дохилӣ ба арсаи адабиёт қадам ниҳода буд. Ва ӯ ҳамчун шогирди ду абармарди адабиёти муосир  - Садриддин Айнӣ ва Абдулқосим Лоҳутӣ тавассути адабиёту матбуот ба хизмати халқу Ватан камар мебандад.
Мирзо Турсунзода ва ҳамсафонаш бо муҳаббат ва ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ бо эҷоди ҳар як асар ва ширкат дар сохтмонҳои азим хиштҳои нахустини созандагии  Ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистонро мегузоштанд, ба мардум рӯҳу тавон мебахшиданд.
Дар ин айёми ҷашну сурур аз шахсиятҳои таърихӣ, инсонҳои равшанзамир ва машъалдорони роҳи озодиву истиқлолият, бунёдгузорони Тоҷикистони нав, парчамбардорони матини илму адаб ва фарҳанги миллии тоҷикон бо сипосгузорӣ ёдовар шудан амри воҷиб аст. Зеро ин фарзандони бошарафи халқи тоҷик поягузорони кишвари маҳбуби мо ба шумор мераванд.
Дар ин ҳалқа фарзанди шарафманди миллати тоҷик Мирзо Турсунзода, ки барои хизматҳои бузург дар инкишофи адабиёт ва тарғиби ғояҳои сулҳу дӯстии халқҳо ва густариши нуфузи байналхалқии Тоҷикистон дар радифи устод Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров сазовори унвони олӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон гардидааст, мақому мавқеи шоиста дорад.
Мирзо Турсунзода ҳамнафасу ҳамқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва имрӯз низ бо осори пурмазмунаш ҳамзамони мост.
Ӯ иштирокчии фаъоли ҳаракати адабии солҳои навсозии Тоҷикистон буд ва нахустин маҷмӯаи шеъру ҳикояҳояш таҳти унвони «Байроқи зафар» ҳанӯз дар соли 1932 дар Душанбе интишор ёфт. Минбаъд Мирзо Турсунзода дар баробари ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон пайваста рушду камол ёфт ва дар олами илму адаб ва сиёсати байналмилалӣ яке аз тобноктарин ситораҳои мамлакати паҳновар гардид.
Устод Мирзо Турсунзода ҳамчун шоир ва донишманд, арбоби ҷамъиятӣ ва публитсист, вассофи шӯълавари дӯстиву бародарии халқҳо, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Академияи илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнат, дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ва дигар ҷоизаҳои олии давр, аз ҷумла Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру, ҳаёти ибратбахшеро аз сар гузаронидааст.
Мирзо Турсунзода, пеш аз ҳама, шоири миллии халқи тоҷик аст. Агар мо ҷараёни зиндагии ӯро аз аввал то охир аз назар гузаронем, равшан мебинем, ки он намунаи олии пайванди шоир бо ҳаёти халқ мебошад.
Мирзо Турсунзода яке аз аввалин суханвароне буд, ки дар мавзӯи муборизаи озодихоҳонаи ранҷбарон бар зидди зулму ситам ва талаби адолати иҷтимоӣ драмаи «Шӯриши Восеъ»-ро ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ офарид. Дар асоси ин асар нахустин операи миллӣ дар таърихи санъати тоҷик эҷод гардид, ки он ҳанӯз ҳафтод сол муқаддам дар аввалин Даҳаи санъати Тоҷикистон дар шаҳри Москва намоиш дода шуд ва муваффақияти бузург ба даст овард.
Шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода аз ғояҳои олии ватанпарастӣ ва инсондӯстӣ саршоранд. Шоир дар сурудаҳои худ бо садоқати бепоёни фарзандӣ шаҳомату бузургии Ватанро васфу тараннум менамояд. Вақте вай ба арсаи эҷод ворид гардид, на танҳо адабиёти навини тоҷик ташаккул меёфт, балки худи Тоҷикистони тозабунёд дар роҳи тараққиёт қадамҳои аввалин мениҳод. Осори пурмӯҳтавои ӯ аслан таърихи бадеии Тоҷикистон аст. Обшор кардани заминҳои ташналаб, бунёди роҳу пулҳо, сабзу хуррам гардонидани водиҳо, таъсиси нахустин хоҷагиҳои дастаҷамъӣ, арзи вуҷуд намудани корхонаву донишгоҳҳо ва дигар корномаҳои ҳамзамонон дар шеъру достонҳои устод таҷассум ёфтаанд.
Соли 1953, дар рӯзҳое, ки 75-солагии устод Садриддин Айнӣ ҷашн гирифта мешуд, Мирзо Турсунзода гуфта буд: «Хеле кам иттифоқ меафтад, ки тарҷимаи ҳоли як нафар ба тарҷимаи ҳоли халқаш чунин мувофиқ бошад». Ин суханон ба худи Мирзо Турсунзода ҳам пурра тааллуқ доранд. Зиндагинома ва кору пайкори ӯ таърихи зиндаи миллати мо дар асри бист мебошад. Дар бисёр шеърҳои абадзиндаи ӯ, махсусан дар достони баландмазмуни «Ҳасани аробакаш» таҳаввулоти азими сарнавишти миллати тоҷик дар асри гузашта бисёр дақиқ ва моҳирона тасвир шудааст.  Ҳамзамон бо ин, шоири башардӯст дар хонаи дили худ меҳру муҳаббати мардуми заҳматкаши ҷаҳонро низ ҷой дода буд. Аз ин ҷост, ки сухани пурэъҷози шоир ифодагари рӯҳи замон ва таҷассумгари дарду виҷдони аҳли башар буд.
Тасодуф нест, ки тақдир ба зиммаи ӯ вазифа ва масъулияти пуршарафро гузошта буд, то мақсаду мароми зиндагиашро ба хизмати дӯстӣ ва бародарии мардуми олам, бахусус халқҳои Осиё ва Африқо, бахшад. Мирзо Турсунзода нахустин маротиба бо силсилаи ашъори марғуби «Қиссаи Ҳиндустон» ба адабиёти ҷаҳонӣ пайваст ва ба дили мардуми некиродаи дунё роҳ ёфт. Зеро ин асари ӯ бо баландии ғоя ва бадеият на танҳо  ифодагари ормонҳои мардуми ҳинд, балки мардуми озодихоҳи дунё буд. Аз ин ҷост, ки адиби бузурги ҳинд Мулк Роҷ Ононд баъди мутолиаи ин асари шоири тоҷик бо сипоси самимӣ  иқрор  шуда буд: «Кош дар бораи Ҳиндустон ман мисли шоири тоҷик асаре менавиштам».
Шоир барҳақ фармуда буд, ки «Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре». Боз афзуда буд, ки «Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор». Ин ишораҳо барномаи фаъолияти эҷодӣ ва рисолати шаҳрвандии ӯ буданд. Аз ин ҷост, ки Мирзо Турсунзода на танҳо ҳамчун шоири маҳбуби халқи тоҷик, балки чун арбоби матиниродаи роҳи сулҳу ваҳдат дар ақсои олам ном баровард.
Ба андешаи ман, дар баробари истеъдоди худодод фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, омӯзиши адабиёти ҳазорсола олами маънавии Мирзо Турсунзодаро хеле пурғановат гардонида, ҷаҳонбиниашро фарохтар сохт. Албатта, ҳеҷ шахсият, алалхусус шахсияти оламшумуле ба мисли устод Турсунзода, дар ҷойи холӣ ба воя намерасад. Шоири мубориз суннатҳои миллӣ, адабиёти шифоҳӣ ва классикии тоҷику форс, беҳтарин дастовардҳои адабиёти ҷаҳониро фаро гирифта, таҷрибаи эҷодии суханварони бузургро дар рӯзгор ва фаъолияти адабии худ корбаст кардааст.
Донишу таҷриба ва ситораи гарму дили пурмуҳаббати ӯ имкон доданд, ки ӯ сабақҳои дипломатияи давлатӣ ва мардумиро ба ҳам моҳирона омезиш дода, дар гуфтор ва муомилаву муоширати худ бо табақаҳои  мухталифи ҷомеа, сиёсатмадорон ва роҳбарони олирутбаи давлатҳои гуногуни ҷаҳон бо камоли донишмандӣ ва назокат риоя намояд. Ин аст, ки каломи муассиру ҷозибадори шоири шаҳири тоҷик дар ақсои гуногуни олам аз минбарҳои баланд садо дода, маҳбубияти хоса касб кардааст.
Ғояҳои олии умумиинсонӣ – ҳифзи сулҳу амонӣ, ҳимояи манфиатҳои аҳли заҳмат, ҳисси масъулият нисбат ба сарнавишти инсон ва дӯстиву ҳамкории халқҳо дар ашъори Мирзо Турсунзода бо камоли истеъдод ва санъати сухан ифода ёфтаанд.
Дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавзӯи ватан бо тамоми бузургӣ ва зебоияш тасвир шуда, мақоми асосӣ дорад. Силсилаи шеърҳои ба табиати диёр, манзараҳои нотакрор ва рӯду обшорон бахшидаи шоир самимияту садоқати ӯро ба сарзамини азизаш ифода месозад.
Устод Турсунзода ба ҳайси раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиёву Африқо ҳамчун қосиди сулҳу дӯстӣ ба кишварҳои хурду бузурги дунё сафар мекард, лекин дар ҳама ҷо дили ӯ ба ёди Ватан метапид:
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.
Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири бузурги ватандӯст ва халқпарвар, муборизи фаъоли роҳи сулҳ ва оромиву осудагии ҳаёти ҷамъият соҳиби обрӯву иззат, эътибори баланд ва шӯҳрати ҷаҳонӣ гардид.
Аз нимаи дуюми солҳои сиюми асри XX - аз ҳамон давроне, ки фашизм дунёро ноором сохта, баъзе мамлакатҳои Аврупо ва Ғарбро зери по кард ва ба сари мардум бадбахтиҳо овард, Мирзо Турсунзода дар асарҳояш ба ҷангу ҷидол ва хусумату душманӣ сулҳу ваҳдат ва дӯстиву бародариро муқобил гузошт. Шоири сулҳпарвари мо халқҳои ҷаҳонро бар зидди фашизм даъват мекард, то ки решаи манҳуси ҷангро аз беху бунаш бурида, парчами сулҳро ба олам устувор созанд. Дар он даврони пуртаҳлука Мирзо Турсунзода дар Париж ҳамроҳи нависандагон ва олимони маъруф, аз қабили Жолио Кюри, Александр Фадеев, Иля Эренбург, дар кори аввалин конфронси умумиҷаҳонии ҳомиёни сулҳ иштирок ва дар ҳимояи сулҳу осоиш суханронии басо таъсирбахш карда буд. Ҳамин тавр, Мирзо Турсунзода - шоири сулҳпарвари мо дар сафи пеши ҷабҳаи мубориза бар зидди зулму ситам қарор гирифта, ҳамчун муборизи матини ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоди халқҳои тамоми ҷаҳон маъруф гардид.
Мавзӯи асосии эҷодиёти ӯ - ситоиши дӯстиву бародарӣ, озодиву истиқлолият ва мубориза алайҳи низоъангезону тахрибкорон имрӯз низ, яъне дар замони мо, аҳамияти худро гум накардааст. Осори шоир насли наврасро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳимояи ватан, ҳувияти миллии хеш ҳушёр, зирак ва дурандеш бошанд.
Шоир Ватани худ – Тоҷикистони кӯҳсору офтобиро ҳамчун як ҳиссаи ҷудонашавандаи Шарқ ва ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мешуморад, ки дар доираи сиёсати он замон тарғиби ин ғоя кори чандон осон набуд. Шахсияти шоири ватандӯст дар он зоҳир мешавад, ки дар ҳар шеъри ӯ меҳру муҳаббати Тоҷикистон бараъло ба мушоҳида мерасад.
Мирзо Турсунзода доираи мавзӯъ ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷикро вусъат дода, манзараҳои гуногуни ҳаёти мамлакатҳои хориҷиро бо афкори нав ва аз дидгоҳи тоза ба адабиёти мо ворид сохт ва ба ин васила мактаби нави адабиро ба вуҷуд овард. Ҷавҳари хоси ин мактаб шинохти гузаштаи халқи худ, рушди забон, фарҳанг, адабиёти куҳанбунёд ва суннату анъанаҳои миллии мо мебошад. Сабақи дигари ин мактаби адабӣ иборат аз он аст, ки шеъру сиёсатро ба ҳам омезиш дода, адабиётро ҳамчун воситаи муассири муттаҳид кардани ҷомеа ва ташаккули афкори умум нерӯманд гардонид.
Мавзӯи сулҳу ваҳдат, накӯкориву созандагӣ ҳамчун шиори мардуми фарҳангпарвару тамаддунсози тоҷик ба осори адиби башардӯсти мо ҷилои тоза мебахшад. Мо ба ин ҷиҳати осори Турсунзода ва пайравони мактаби ӯ бояд эътибори хоса диҳем.
Имрӯз дар сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол низ мароми сулҳ, ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва дӯстиву бародарӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва мо барои татбиқи пайгиронаи он кӯшиш менамоем. Ба ин маънӣ, шеърҳои устод Турсунзода ҷавҳари суннатҳои неку писандидаи сулҳпарваронаи халқи моро ифода месозанд.
Чунончи, шоир дар ин маврид гуфтааст:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Шоир аз мавзӯъҳои миллӣ то масоили байналмилалӣ изҳори андеша карда, шеъру достон, асарҳои саҳнавӣ, филмномаҳо, мақолаҳои илмиву адабии худро ба нерӯи азими маънавӣ мубаддал намуд.
Мероси гаронбаҳои адабии Мирзо Турсунзода дар давраи мо ба муҳимтарин ва мубрамтарин масъалаҳои ҳаёти халқ ва давлат ҷавобгӯ мебошад. Шеъри ӯ ҳамроҳи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол қадам мезанад, шодиву нишоти моро ифода мекунад ва бо қалбҳои мо ҳамсадо мешавад.
Дар замони мо, ки ваҳдати миллӣ ба яке аз рукнҳои сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст, эҷодиёти шоир ба иттиҳод ва бародарии мардуми мамлакат мусоидат менамояд.
Шоири ҳақиқӣ ҳамчун парчамбардори адабиёту фарҳанги миллӣ дар дили халқаш ҳамеша зиндаву поянда аст. Мирзо Турсунзода ҳамин гуна адиби мубориз, шахсияти барҷаста ва инсони наҷиб буд. Аз ин рӯ, ӯ маҳбуби халқи тоҷик ва мардумони сулҳпарвару озодихоҳи олам гардидааст.
Бегазанд мондани ном ва осори Мирзо Турсунзодаро ҳаёт ба хубӣ собит менамояд. Чун гиромидошту рамзи посдории хизматҳои шоистаи Мирзо Турсунзода ба номи ӯ шаҳр, донишгоҳу мактабҳо ва кӯчаву хиёбонҳо гузошта шудаанд ва муҳимтар аз ҳама, шеъри ӯ пайваста вирди забони мардуми тоҷик аст.
Мирзо Турсунзода тафаккури фарогири кураи замин ва дили дардошное дошт ва шеъри ин шоири нобиға шеъри миллат ва, чунонки гуфта будам, шеър барои инсоният аст. Ашъори оташбори ин вассофи сулҳу дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамдилии мардуми олам ва шеъри ин сипаҳсолори назми замони худ ба шаст забони халқҳои дунё тарҷума шудааст.
Аз рӯзи вафоти устод беш аз сӣ сол гузашт, вале хизмату талошҳои ӯ мисли Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ташаккул ва таҳкими ҳувияти миллӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, посдории нангу номуси Ватан, ифтихори баланди давлатдорӣ, пойдории сулҳу амният ва ваҳдати халқи ҷаҳон  беш аз пеш  ҷилвагар мегардад. Аз ин рӯ, ӯ барҳақ Қаҳрамони Тоҷикистон эътироф гардидааст.
Шеъри ӯ дар эъмори ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибихтиёр низ нерӯбахши мардум буда, бо мо ҳамқадаму ҳамсафар аст. Ба ибораи дигар, Мирзо Турсунзода бо шеъри ваҳдатсози хеш ҳамзамони мо, ҳамзамони наслҳои нави халқи тоҷик боқӣ мемонад.
Устод Мирзо Турсунзода 100-сола шуд. Ҷашни пуршукӯҳи якасраи ӯ воқеан ҷашни сухан, ҷашни сухани ваҳдатсозу миллатдӯстона, ҷашни сулҳу амонӣ дар ҷаҳон ва ҷашни нангу номуси ватандорӣ мебошад. 
Дар ниҳояти калом, бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба роҳбарияти созмони байналмилалии ЮНЕСКО барои қадршиносии хизматҳои шоистаи устод Мирзо Турсунзода, ки дар айни замон қадршиносии адабиёти муосири тоҷик мебошад, изҳори сипос намоям.
Бигзор, номи муборак ва осори арзишманди Мирзо Турсунзода ҳамчун қосиди сулҳи даврони мо аз насл ба насл ва аз аср ба аср идома ёфта, умри абадӣ ёбад.
Бигзор, каломи оташин, мавзун ва нобу шевои Мирзо Турсунзода қалби мову шумо, тамоми халқи тоҷик ва ҷаҳонро софу мунаввар ва чун оина пурҷило гардонад!
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.11    №: 147-148    Мутолиа карданд: 4083
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед