мулоқотҳо
Эрон дар бунёди нерӯгоҳҳои нави Тоҷикистон саҳм хоҳад гузошт
21 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, Алии Лориҷонӣ - Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии (Порлумони) Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуданд. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, бо қаноатмандӣ аз фаъол гардидани чархи якуми нерӯгоҳи Сангтӯда-2, изҳори боварӣ намуд, ки ҷониби Эрон дар бунёди нерӯгоҳҳои дигари Тоҷикистон низ иштироки фаъол хоҳад дошт.
Ҳар ду ҷониб аз рӯ ба густариши васеъ овардани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва илмию фарҳангии ду кишвари дӯст изҳори хушҳолӣ намуд.
Таъкид гардид, ки порлумонҳои ду кишвар метавонанд тавассути таъмини шароити мусоиди сиёсӣ-ҳуқуқии ташвиқи сармоягузорӣ ва танзими беҳтари муносибатҳои иқтисодӣ дар афзоиши босуръати тиҷорати дуҷониба ва ҳамкории васею густурдаи иқтисодӣ нақши намоён дошта бошанд.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба робитаҳои порлумонии сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон, муносибот дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкории Исломӣ ва масоили дигари минтақавию байналмилалӣ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.10.11 №: 149-150 Мутолиа карданд: 2037