logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Кенза Робинсон

20 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, хонум Кенза Робинсон роҳбари Котиботи механизми «Созмони Милали Муттаҳид ва об»-ро  ба ҳузур пазируфт.  Дар мулоқот масъалаи ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи об баррасӣ ёфт.
Аз самараи ҳамкории пайвастаи Тоҷикистону Созмони Милал барои таъмини дастрасии васеи аҳолии сайёра ба оби тоза изҳори қаноатмандӣ шуд.

Бо пешниҳоди Тоҷикистон «Соли оби тоза» эълон гаштани соли 2003, даҳсолаи «Амалиёти об барои ҳаёт» эълон гардидани солҳои 2005-2015, чун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об пазируфтани соли 2013 ва дар доираи ин ташаббусҳо амалӣ шудани тадбирҳои муассир дар тамоми ҷаҳон натиҷаи ин ҳамкории пурсамар маънидод гардид.
Аз ҷараён ва натиҷаҳои Конфронси байналмилалии кунунии Душанбе оид ба об низ, ки идомаи тадбирҳои қаблӣ аст, изҳори қаноатмандӣ шуд. Эмомалӣ           Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон,  изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои он дар Конфронси СММ оид ба рушди устувор (РИО+20), ки дар шаҳри Рио де Жанейрои  Бразилия баргузор хоҳад гашт, ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд.
Атрофи татбиқи амалии Консепсияи тадоруки чорабиниҳо барои истиқболи соли 2013, ки аз ҷониби Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида, мавриди пазироии Котиботи механизми «Созмони Милали Муттаҳид ва об» қарор дошт, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, пешниҳод намуд, ки Конфронси ҷамъбастии соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об (2013) дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.11    №: 149-150    Мутолиа карданд: 2022
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед