президент
Натиҷаи фаъолияти нӯҳмоҳаи хоҷагии халқи мамлакат баррасӣ ёфт
Субҳи 17 октябри соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо масъулони Ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.
Дар он натиҷаҳои фаъолияти 9 - моҳаи хоҷагии халқи кишвар, ҷамъоварии ҳосилу омодагӣ ба зимистон ва иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки ҳангоми сафарҳои дохилӣ дода шудаанд, баррасӣ шуданд.
Доир ба рафти иҷрои буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли равон Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия, гузориш дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин давра ба буҷети давлатӣ 6,1 миллиард сомонӣ ворид шуд ва ин баробар ба 103,1% нақшаи даромадҳо буда, 180,4 миллион сомонӣ аз нақша ва 1,8 миллиард сомонӣ аз ҳамин давраи соли 2010 зиёд мебошад.
Зимни баррасии нишондодҳои соҳаи кишоварзӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки арзи сипос ва табрикоти ӯ ба пахтакорони кишвар расонда шавад. Тавре зикр гардид, имсол деҳқонони кишвар бо истифода аз таҷрибаи пешқадами агротехникӣ ва тухмиҳои серҳосили дохилию хориҷӣ, дар майдони 200 ҳазор гектар чигит кишт намуданд ва баъзе хоҷагиҳои пешқадам ҳосили фаровони рекордӣ - аз 35 то 50 - сентнерӣ аз ҳар гектар ҷамъоварӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таъкид намуд, ки ҳосили боқимондаи пахта, ки ҳанӯз дар замин зиёд аст, пурра ва беталаф ҷамъоварӣ шавад. Тибқи дурнамо имсол бояд 390 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардад.
Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба ҷамъоварии пурраи ҳосили шолӣ, картошка, меваю сабзавот, хӯроки чорво, барои зимистон фаровон захира кардани онҳо ва ҳамчунин доир ба вусъат бахшидани кишти тирамоҳӣ дода шуд.
Таъкид гашт, ки рафти иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки ҳангоми сафарҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Панҷакент, Табошар, Ҳисор, Кӯлоб, Мӯъминобод, Ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг ва ғайра дода шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор гиранд.
Хотиррасон бояд намуд, ки тибқи супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар даҳҳо иншооти дорои аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ғайра бунёд ёфта, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегарданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.10.11 №: 149-150 Мутолиа карданд: 3657