logo

мулоқотҳо

Сармоягузорӣ мавзуи сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Алан Данкан буд

17 октябри соли 2011 нимаи дуюми рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Алан Данкан - вазири давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалиро ба ҳузур пазируфт.
Эмомалӣ Раҳмон Британияи Кабирро «аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо» номида, ба густариши бештари ҳамкорӣ бо он изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Президенти Тоҷикистон ба ҳукумати Британияи Кабир барои кӯмакҳои техникӣ арзи сипос карда, ҳамзамон аз кӯмакрасонӣ ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба барномаҳои бузургу миёна гузаштанро зарур шумурд. Барои ин ба имзо расондани созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз андозсупорӣ аз даромад ва сармоя матлуб дониста шуд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

www.president.tj

Алан Данкан, вазири давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ, ки баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳузури хабарнигорон сӯҳбат мекард, сатҳи  ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабирро дар ҳоли рушд арзёбӣ намуд. Бино ба гуфти ӯ, дар сӯҳбат бо Сарвари давлати Тоҷикистон масоили гуногуни равобити ду кишвар баррасӣ шуда, ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ҳавасмандии бештар зоҳир шудааст.
Вазири давлатии Бринтанияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ изҳор дошт, ки кишвараш дар амри шомил шудани Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат самимона ҷонибдорӣ хоҳад кард. Ин дар ҳолест, Британияи Кабир ҷиҳати дастгирии соҳаи кишоварзӣ, хадамоти муҳоҷират ва рушди иқтисоди Тоҷикистон барномаи нави ҳамкориро рӯи даст дорад.
Ҳамчунин мусоидат ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осишта дар Афғонистон дар меҳвари гуфтугӯйи Эмомалӣ Раҳмон ва Алан Данкан қарор гирифтааст.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.11    №: 149-150    Мутолиа карданд: 1944
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед