logo

энергетика

Ин зимистон таъминот бо барқ чӣ гуна хоҳад буд?

Тирамоҳ ҳам фаро расид ва ба вазъи таъминоти барқ дар мавсими имсолаи сармо мардум таваҷҷӯҳ дорад. Дар ин бора гумону тахминҳо, фарзияву пешгӯиҳо ва, ҳатто  овозаҳо бисёранд. Барои огаҳӣ аз асли воқеа посухи Абдулло Ёров, раиси ШСХК "Барқи Тоҷик"-ро аз ин хусус манзури хонандагон мегардонем.
Бо бунёди як силсила неругоҳҳои барқи обии хурду бузург дар ду - се соли охир норасоии неруи барқ дар мамлакат аз 4 - 5 миллиард кВт.соат наздик ба ду баробар коҳиш ёфт. Агар мардум дар як шабонарӯз 4 - 6 соат неруи барқ мегирифт, ду сол  аст, ки ин муҳлат ба 10 -12 соат расид ва сокинони шаҳри Душанбе, маркази вилоятҳо ва баъзе шаҳрҳои саноатии кишвар бидуни маҳдудият бо неруи барқ таъмин гардиданд.
Омили аз ҳама муҳими беҳ шудани таъмини аҳолӣ бо неруи барқ дар солҳои охир даъват ва дастурҳои  Президенти Тоҷикистон бобати сарфакоронаву мақсаднок истифода бурдани он ва 31 июли соли 2009 пурра ба истифода додани неругоҳи барқи обии "Сангтӯда - 1" аст.
Инчунин дар асоси дастури бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди зиёда аз 250 неругоҳи хурд ба беҳбуди вазъи таъминоти барқ дар кишвар мусоидат намуд. Ин далелҳо гувоҳанд, ки дар ҷумҳурии мо нисбат ба мамолики ҳамҷавор соҳаи энергетика пеш рафтааст.
Дар фаслҳои тирамоҳу зимистони гузашта бо мусоидати обу ҳаво энергетикҳо тавонистанд обро ба дараҷаи зарурӣ дар обанбори Норак захира намоянд ва сарфакорона истифода баранд. Имсол низ дар обанбори Норак об то сатҳи лоиҳавӣ захира карда шуд. Барои пурра аз ҳисоби оби маҷрои дарёи Вахш кор кардани неругоҳи барқии обии Норак ва дигар неругоҳҳои поён ҳаҷми маҷрои  об бояд  дар  як сония 600 - 650 метри  мукаабро ташкил намояд. Алҳол маҷрои оби дарёи  Вахш дар як  сония 350-370 метри мукааб аст ва  истифодаи обанбор шурӯъ шудааст.
Аз рӯи ҳисоби мутахассисон бар асоси омӯзишу мушоҳидаи бисёрсола ва бо назардошти вазъи кунунии низоми энергетикӣ, ин зимистон низ таъминоти барқ ба зимистони порина монанд хоҳад шуд. Чаро ки агарчанде имсол як қатор иншооти нав, аз ҷумла агрегати аввали НБО - и "Сангтӯда - 2", неругоҳи "Марзич" дар ноҳияи Айнӣ ва чандин неругоҳҳои хурд дар мавзеи кӯҳистон ба истифода дода шуданд, бояд ду омили хеле муҳимро ба назар гирем. Аввалан ҳамасола дар кишвари мо, вобаста ба рушди хоҷагии халқ ва  баланд шудани сатҳи беҳбуди рӯзгори мардум талабот ба неруи барқ ҳамвора меафзояд. Баъдан, тавре ки дар боло ёдовар шудем, таъминот бо барқ ба вазъи обу ҳаво вобастагии қавӣ дорад. Ба ибораи дигар, дер ё зуд ҷорӣ намудани маҳдудияти истифодаи неруи барқ ва ё барҳам додани он ба вазъи ҳаво вобаста аст. Дар сурати  барвақт фаро расидани мавсими сармо, ки боиси коҳиши оби дарё ва афзоиши талабот ба неруи барқ  мегардад, зарурати маҳдудсозии интиқоли неруи барқ пеш меояд. 
Тирамоҳи имсола нисбатан хунук омад ва мо 26 сентябр ба истифодаи оби обанбор шурӯъ намудем, аммо соли гузашта истифодаи он аз 27 октябр оғоз ёфта буд.  Бино бар ин, ШСХК "Барқи Тоҷик" барои то фарорасии хунукиҳо дар сатҳи зарур нигоҳ доштани захираи  оби  обанбори Норак ба зерсохторҳои худ дар вилояту ноҳияҳо дастур додааст, ки шабона дар маҳалҳое, ки иншооти ҳаётан муҳим надоранд, интиқоли барқро қатъ намоянд. Айни замон истифодаи барқ дар  корхонаи "ТАЛКО",  пойгоҳҳои обкашии Вазорати  мелиоратсия ва захираҳои об ва дигар корхонаву муассисаҳо ба ҳадди минималӣ кам карда шудааст. Ин тадбирҳо ҳама ба хотири то ҳадди имкон бе мушкилоти ҷиддӣ паси сар кардани зимистони дар пеш истода андешида шуданд. Дар шароити ҷорӣ ва  вазъи душвор мо ба ёрии  кишварҳои ҳамсоя умед баста наметавонем. Ягона  такягоҳамон иқтидорҳои худӣ  ва захираи оби обанбори Норак аст.
Маҳдудсозии ҳаҷми интиқоли барқ, албатта, душвориву ногувориҳо пеш меорад. Ва хоҳем - нахоҳем ҳар сол овони ҷорӣ намудани маҳдудияти интиқоли неруи барқ ҳар хел овозаҳое, ки баъзан асосе надоранд, пайдо мешаванд. Албатта, онҳое, ки аз асли воқеият огоҳанд, ба фасонаҳо бовар намекунанд.
Бояд ёднишон шуд, ки барои нигоҳ доштани бозори энергетикӣ дар ин давра  ба миқдори хеле кам, дар ҳаҷми 6-8 мегаватт, ба Афғонистон низ барқ интиқол дода мешавад. Ва ҳақиқат ин аст, ки ҷорӣ намудани маҳдудият, сарфаи ҳар қатра об ба хотири дар рӯзҳои сармо бештар бо неруи барқ таъмин намудани аҳолӣ  мебошад.
Ширкати "Барқи Тоҷик" дар фасли  зимистон бо нияти таъмини ҳаҷми бештари неруи барқ ба аҳолӣ чунин тасмим гирифт. Мо ҳар сантиметри ҳаҷми обро ба ҳисоб мегирем. Кӯшиш мекунем, ки ҳар як киловатт - соат неруи барқ мақсадноку манфиатнок истифода шавад. Аз Шумо, шаҳрвандони гиромӣ ҳам хоҳиш дорем, ки бо истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пардохти пурраву саривақтии ҳаққи истифодаи он ба мо кӯмак намоед. Аз барқ сарфакорона ва самаранок истифода бурдани ҳар муштарӣ, ҳам ба манфиати ӯ ва ҳам ба манфиати ҷомеа аст.
Аз идора: Вақте мавод ба чоп омода мешуд, ба мо аз Маркази матбуоти ШСХК "Барқи Тоҷик" хабар доданд, ки дар кишвар расман маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ карда шудааст.
Барвақт оғоз намудани маҳдудият ба пеш аз мӯҳлат истифодабарии обанбори Норак рабт дошта,  ба  хотири таъминоти беҳтари мардум дар рӯзҳои сарди зимистон бо барқ  аст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.11    №: 149-150    Мутолиа карданд: 3190
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед