муҳоҷират
Дар Душанбе вазъи муҳоҷирати шаҳрвандони ИДМ баррасӣ шуд
Дар ҷаласаи 10-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, вазъи кунунии муҳоҷират дар қаламрави ин давлатҳо, натиҷагирии татбиқи "Барномаи ҳамкории мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2009-2011" ва тарҳи самтҳои нави ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Дар ин ҳамоиш намояндагони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ, Кумитаи иҷроияи иттиҳод ва Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба, ҳамчунин раиси Кумита оид ба миллатҳои Думаи давлатии Федератсияи Русия Михаил Старшинов иштирок намуданд. Иштирокчиёни ҷаласа хостори тавсеаи бештари ҳамкориҳои муштараки мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокчии ИДМ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои миллӣ шуданд. Дар ин замина дастгирии шаҳрвандоне, ки дар қаламрави кишварҳои ҳамдигар муҳоҷиранд, аз ҷониби ниҳодҳои фаъолияташон вобаста ба муҳоҷират зарур дониста шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби Сафиаллоҳ Девонаев - сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Константин Ромодановский, директори Хадамоти муҳоҷирати федералии Русия Меморандуми байнисоҳавӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират имзо шуд. Ин нахустин ҳуҷҷати муҳими ҳамкорӣ миёни ин ниҳодҳо буда, дурнамои ҳамкориҳоро вусъат хоҳад дод.
Гуфта мешавад, ки дар чорчӯбаи кори Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати ИДМ то имрӯз натиҷаҳои хуби ҳамкорӣ ба даст омада, монеаҳои зиёди муҳоҷирати меҳнатӣ бартараф шудааст.
Дар поёни кори ҷаласа ба аъзои Шӯро Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи Иттиҳод супурда ва Сипосномаи раиси Кумитаи иҷроия - Котиби иҷроияи ИДМ С.Лебедев қироат гардид.
Таҳлилгарон таъсиси Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба тозагӣ созмон дода шуд, дар амри расидагӣ ба ҳалли масоили муҳоҷирати шаҳрвандон дар хориҷи кишвар иқдоми саривақтӣ ва муфид арзёбӣ мекунанд. Таъкид мешавад, ки ташкили чунин хадамот ва кушоиши намояндагиҳои он дар хориҷи мамлакат, бахусус дар қаламрави Русия, ба нафъи кор ва бурди муҳоҷирони тоҷик аст.
Гулрухсор ФАЙЗУЛЛОЕВА,
коромӯзи "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.10.11 №: 149-150 Мутолиа карданд: 31834