logo

мулоқотҳо

Ҳиллари Клинтон ба нақши Тоҷикистон дар минтақа баҳои баланд дод

22 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳиллари Клинтон - Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба ҳузур пазируфт.
Эмомалӣ Раҳмон ташрифи хонум Клинтонро нишонаи таваҷҷуҳи хоси Амрико ба Тоҷикистон ва минтақаи мо арзёбӣ намуд.

Ҳиллари  Клинтон ба нақши Тоҷикистон дар минтақа, хусусан ба мусоидати он ба бозсозии иқтисодӣ ва амниятии Афғонистон баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар барои мавқеъгирии созанда дар сиёсати минтақавӣ арзи сипосу қадрдонӣ кард.
Дар мулоқот доир ба маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Амрико ва ҳамгироии судбахш доир ба таъмини эътидол дар Афғонистон табодули назар шуд.
Бино ба гуфтаи Ҳиллари Клинтон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯмаки худро ба Тоҷикистон барои таҳкими амнияту субот, аз ҷумла тавассути дастгирии нерӯҳои сарҳадӣ, дигар сохторҳои қудратӣ ва хадамоти гумрук дар марзи давлатӣ бо Афғонистон идома медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон иқдоми Амрикоро доир ба эҳёи Роҳи нави абрешим, ки ҳадаф аз он эҷоди шабакаҳои пайвастаи иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, энергетикӣ ва таъмини робитаи бемонеаи мардумони Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад, сидқан мавриди пуштибонӣ қарор дод.
Доир ба ҷалби сармоягузории Амрико ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ андешаҳои ҷолиб баён гардиданд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба раванди демократисозии ҷомеа, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, озодии матбуот ва ғайра низ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.11    №: 149-150    Мутолиа карданд: 2065
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед