барқияҳо
28 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба унвони Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Президенти Туркманистон, барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:
Муҳтарам Қурбонгулӣ Мяликгулиевич,
Ба ифтихори бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ бо қаноатмандии зиёд табрикоти худро ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба халқи дӯсти Туркманистон ирсол медорам.
Тоҷикистон муносибатҳои мушорикат бо Туркманистонро қадр карда ва ният дорад, ки онҳоро дар ҳамаи самтҳо таҳким бахшад ва ривоҷ диҳад.
Изҳори итминон менамоям, ки мо бо саъю кӯшишҳои умумӣ метавонем ба ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Туркманистон, ки ба манофеи асосии ду халқу давлат мувофиқанд, суръату вусъати бештаре бахшем. Мо азму иродаи қавӣ дорем, ки барои ин ҳама ҷидду ҷаҳди заруриро рӯйи кор орем.
Иҷозат диҳед ба Шумо, муҳтарам Қурбонгулӣ Мяликгулиевич, тансиҳатии бардавом ва пирӯзиҳо ва ба халқи бародари туркман беҳбудию шукуфоиро таманно намоям.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.11.11 №: 151-152 Мутолиа карданд: 3501