президент
Бинобар роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ раисони ноҳияҳои Вахшу Бобоҷон Ғафуров аз вазифа сабукдӯш шуданд
29 октябри соли 2011 таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, аз ҷумла ҳафт нафар ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ дар Вазорати маориф, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи андоз ва Корхонаи воҳиди давлатии Тоҷиксуғурта таъин шуд. Аз онҳо 5 нафар занони кордону соҳибтаҷриба мебошанд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки минбаъд низ барои ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ ва ҳам роҳбарӣ ҷалб намудани занону духтарони болаёқату кордон ва умуман баланд бардоштани нақши онҳо дар ҷомеа тадбирҳои судбахш андешида шаванд.
Сипас, Гулнора Ҳасанова, раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», оид ба ҷалби амонатҳои аҳолӣ ва таъсири он дар низоми бонкии кишвар ҳисобот дод.
Тавре зикр гардид, ҳаҷми умумии пасандозҳои аҳолӣ аз соли 2005 то соли 2011 аз 18,6 миллион сомонӣ ба 277,5 миллион ва шумораи пасандозгузорандаҳо аз 72 675 ба 168 071 нафар расидааст. 15 маротиба афзудани ҳаҷми умумии пасандозҳо ва 2,3 баробар шумораи пасандозгузорандагон нишона аз афзудани боварии мардум ба «Амонатбонк» ва умуман бонкҳои кишвар номида шуд. Танҳо дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар «Амонатбонк» 40% афзоиш ёфта, даромади софи он ба зиёда аз 7 миллиону 700 ҳазор сомонӣ расидааст. Ҳоло «Амонатбонк» ба 2 миллион нафар аҳолии кишвар хизмат мерасонад ва сармояи тавозуниаш ҳолати 1 октябри соли равон 133,7 миллион сомонӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба фаъолияти «Амонатбонк» дар маҷмӯъ баҳои мусбат дода, ҳамзамон барои боз ҳам бештар ҷалб намудани маблағҳои озоди аҳолӣ, ҳавасманд кардани мардум ба ҳамкорӣ бо бонкҳо, ба таври ғайринақдӣ додани маошу нафақа ва гузарондани тамоми амалиётҳои бонкӣ ва ҳамчунин ба роҳ мондани шабакаи ягонаи электронӣ ба роҳбарияти «Амонатбонк» ва роҳбарони дигар сохторҳои молия, андоз, гумрук, бонкдорӣ ва ғайра супоришҳои мушаххас дод.
Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар бораи татбиқи Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, ки моҳи декабри соли 2004 тасдиқ гардида буд, ҳисобот дод.
Чунонки зикр гардид, дар ин давра барои беҳ намудани фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибкорию сармоягузорӣ корҳои зиёд ба сомон расонда шудаанд. Фаъол гардидани механизми Равзанаи ягона дар бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, аз 600 то 86 адад кам кардани намудҳои иҷозатномаҳо ва бисёр корҳои дигар аз ҷумлаи тадбирҳои соддагардонии фаъолияти соҳибкорӣ арзёбӣ гардид. Аз ҳисобот бармеояд, ки дар солҳои татбиқи консепсияи мазкур дар кишвар садҳо корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бунёд ёфта, корхонаҳои зиёди мавҷуда навсозӣ шуданд ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардиданд.
Шерхон Салимзода, Прокурори генералии кишвар, оид ба назорати иҷрои қонунгузорӣ вобаста ба истифодаи самараноку оқилонаи замин дар ноҳияҳои Вахш ва Бобоҷон Ғафуров ахбор дод.
Тавре зикр гашт, мақомоти дахлдори ноҳияҳои мазкур ба қонуншиканӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиддӣ дар тақсимоту истифодаи замин ва сохтмони худсаронаи хонаҳои истиқоматӣ дар заминҳои таъиноташон дигар роҳ додаанд. Ба иттилои прокурори генералӣ нисбати шумораи зиёди қонуншиканон дар ин ноҳияҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст. Раисони ноҳияҳои Вахш ва Бобоҷон Ғафуров бо сабаби роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар тақсимот ва истифодаи замин бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа озод карда шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва пойтахти кишвар, ки ба маҷлиси Ҳукумат барои ҳамин масъала даъват шуда буданд, муроҷиат намуда, таъкид дошт, ки чунин қонуншиканию ҳуқуқвайронкуниҳо қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасанд. Ба онҳо ва роҳбарони сохторҳои масъули соҳаи замин ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастур дода шуд, ки вазъи истифодабарии заминро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, қонуншиканиҳоро сари вақт пешгирӣ намоянд.
Дар маҷлиси Ҳукумат як зумра санадҳои нав, аз ҷумла Механизми нави маблағгузории муассисаҳои давлатии тандурустӣ, Тартиби ба иҷора супурдани амволи давлатӣ, Консепсияи сиёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Барномаи истифодаи самараноки захираҳои обӣ, энергетикӣ ва сарфаҷӯии нерӯи барқ барои солҳои 2012-2016 ва ғайра тасдиқ карда шуданд.
Лоиҳаи як қатор қонунҳо ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи чанд қонун доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи кишвар маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи реклама» ва «Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шуданд. Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» низ пешниҳод гашт.
Дар охири маҷлис Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар назди масъулон доир ба омодагӣ ба зимистон, тарғиби фарҳанги сарфаю сариштакорӣ, аз ҷумла истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, расондани кӯмак ба ниёзмандон дар арафа ва рӯзҳои иди Қурбон ва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ва тайёрӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2011 вазифаҳои мушаххас гузошт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.11.11 №: 151-152 Мутолиа карданд: 3639