logo

президент

Лоиҳаи Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон таҳия шуд

5 ноябри соли 2011 таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ҷаласаи навбатии Шӯрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор гардид.
Хотиррасон бояд намуд, ки ба Шӯрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ як қатор роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарияти созмонҳои ҷамъиятию ғайриҳукуматии ин соҳа аъзо буда, ба кори он намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҳам даъват карда мешаванд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯро рафти татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва ташаккули ҳукумати электронӣ дар кишвар, лоиҳаи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масоили ҳалталаб баррасӣ шуданд.
Зимни суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шӯро, Президенти кишвар,  аз ҷумла зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули ҳукумати электронӣ дар мамлакат аз оғози ин раванди мусбат, яъне аз соли 2003 ба ин сӯй, таваҷҷуҳи беандоза зоҳир менамояд.
Бо ёдоварӣ аз афзоиши муштариёни алоқаи телефонӣ ва  интернет, ки имрӯз шумораи яке ба 6 миллион ва дувумӣ ба 1 миллиону 800 ҳазор нафар расидааст, таъкид гардид, ки неруи асосӣ барои татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар диёри мо мавҷуд аст.
Бо вуҷуди ин, таъкид шуд, ки барои татбиқи босамари ин ҳадаф, пеш аз ҳама муҳайёсозӣ ва такмили доимии заминаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, институтсионалӣ, иттилоотию технологӣ ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир зарур мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, роҳбарони сохторҳои марбутаро вазифадор намуд, ки барои омода кардани мутахассисони сатҳи баланд, аз ҷумла хонондани ҷавонону наврасон дар муассисаҳои таълимии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода баранд.
Тазаккур дода шуд, ки марҳилаи аввали татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, яъне омӯзиш ва таҳлили ҳаматарафаи инфрасохтори миллии иттилоотӣ ва бунёди шабакаи ягонаи иттилоотӣ ба охир расида бошад ҳам, баъзе самтҳои он, аз ҷумла муайян намудани номгӯи хизматрасониҳои оммавӣ тавассути воситаҳои электронӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати технологӣ ва дастрасии пурраи аҳолӣ ба Интернет, ҳанӯз ҳамаҷониба ҳал нагардидаанд.
Аз ин хотир таъкид гардид, ки телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма дар тарғиби афзалиятҳои чунин технологияҳои муосир ва таъмини дастрасии васеи аҳолӣ ба онҳо бояд хеле фаъол бошанд.
Тибқи иттилои Эмомалӣ Раҳмон, дар марҳилаи дуюм бунёди Шабакаи ягонаи давлатӣ миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ моҳи октябри соли 2011 ба анҷом расида, аз ҷониби комиссияи давлатӣ қабул гардид. «Кунун вазифаи дигар таҳияи лоиҳаҳо барои татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар сатҳи ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ва пайваст намудани онҳо бо Шабакаи ягонаи давлатӣ мебошад», - таъкид дошт Президенти кишвар.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон,  барои муваффақ гардидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар ин самт бояд миёни  ҳукумати марказӣ, мақомоти давлатии маҳаллӣ, соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ робитаи бевосита ва ҳамкории босамар ба роҳ монда шавад. Барои дасткашӣ аз истифодаи  доменҳои хориҷӣ дар мукотибаи миёни сохторҳо ва хизматчиёни давлатӣ дастур дода шуд, ки то оғози соли 2012 ҷиҳати рушди почтаи электронии ватанӣ тадбирҳои судманд андешида шаванд.
Таъкид гардид, ки зимни дар амал татбиқ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъмини амнияти иттилоотӣ ва умуман амнияти миллии давлат бояд дар мадди аввал бошад.
Андешаю пешниҳодҳои худро доир ба ин мавзӯъ ҳамчунин аъзои шӯрои мазкур – Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи ҷумҳурӣ, Мамадшо Илолов, президенти Академияи илмҳо, Асомиддин Атоев, директори Академияи электронӣ, Ғафур Иркаев, раиси Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон, Хисрав Содиқов, раиси Ассотсиатсияи Тарена, Бег Зуҳуров, директори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анвар Абдурасулов, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Ҳикмат Муминов, директори Институти физикӣ-техникии ба номи С. Умаров ва Толиб Шарифов, директори Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Академияи илмҳо, баён намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки барои татбиқи самарабахши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода хоҳанд кард.
Доир ба лоиҳаи Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ин мақсад таҳия ва пешниҳод гардидааст, Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дастур дод, ки он бори дигар дар мӯҳлати 2 моҳ аз ҷониби тамоми мақомоти дахлдор мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирад ва бо назардошти пешниҳоду эродҳои воридшуда ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.11.11    №: 153-154    Мутолиа карданд: 5187
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед