logo

мулоқотҳо

Сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Сиаою Жао пурмӯҳтаво буд

7 ноябри соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, Сиаою Жао - ноиби президенти Бонки осиёии рушдро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Бонки осиёии рушд баррасӣ ёфтанд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкории дуҷониба Бонки осиёии рушд барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисод, инчунин ташаккули иқтидор ва рушди институтсионалии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 850 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ ҷудо намудааст.
Ҳоло лоиҳаҳои фаъоли  Тоҷикистону Бонки осиёии рушд ба маблағи умумии 529 миллион доллари амрикоӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ мавриди татбиқ қарор доранд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба Бонки осиёии рушд барои саҳмгузории намоён дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон арзи сипос карда, ҳамзамон таъкид дошт, ки дар ҳамкории ду ҷониб ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда зиёданд.
Доир ба  Барномаи шарикии Бонки осиёии рушд ва Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014, ки дар ҳаҷми тақрибан 200 миллион доллари амрикоӣ сармоягузории лоиҳаҳои соҳаҳои роҳсозӣ, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ, идоракунии минтақавӣ ва ғайраро дар назар дорад, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Ба роҳбарияти бонки мазкур барои маблағгузории лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода ва дастгирии лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Ӯзбекистон изҳори сипос шуд.
Гуфтугӯйи пурмуҳтаво ҳамчунин доир ба татбиқи дигар лоиҳаҳои судбахш, аз ҷумла бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва ғайра, ки дорои аҳамияти минтақавӣ барои кулли Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ мебошанд, сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.11.11    №: 153-154    Мутолиа карданд: 1982
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед