logo

президент

Заминаҳои қонунии беҳсозии фазои сармоягузорӣ устувор мегардад

8 ноябри соли 2011 таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ҷаласаи 8 - уми Шӯрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои шӯро, роҳбарони сохторҳои марбутаи давлатӣ ва шарикони хориҷии рушди Тоҷикистон ширкат намуданд.
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ  рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои 6 – ум ва 7 – уми шӯро, масоили вобаста ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ», тадбирҳои баланд бардоштани самаранокии иқтисодии соҳаи кишоварзӣ дар роҳи комёб гаштан ба амнияти озуқаворӣ ва масъалаи ба низом даровардану кам кардани шумораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор баррасӣ шуд.

Пас аз гузориши Давлаталӣ Саидов, котиби масъули Шӯрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ, доир ба иҷрои қарорҳои қаблии шӯро Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таъкид дошт, ки иҷрои пурра ва самарабахши санадҳои қабулшуда таъмин карда шавад.
Дар баррасии масоили мазкур Никола Гюгас, муовини роҳбари Намояндагии Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, Ҷоҷи Токеши,  роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти шарикони рушд,  намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон, Файзалӣ Раҷабов, роҳбари ассотсиатсияи бинокорони Тоҷикистон, Рустам Қосимов, раиси Фонди ҷамъиятии Интернет, Некрӯй Забиров, роҳбари Иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагон, Далер Ҷумаев, директори кулли ҶСШК Помир-Энерҷӣ, Кристофер Миллер, роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон, Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон, Ибодулло Неъматов, директори иҷроияи Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Штефан Эрбер, роҳбари Намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва Шиаою Жао, ноиби президенти Бонки осиёии рушд иштирок намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, андешаҳоро доир ба зарурати кам кардани шумора ва ҳаҷми андозҳо дар маҷмӯъ дастгирӣ намуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки дар сурати амалӣ намудани чунин тадбирҳо бояд сарчашмаи ҷуброни камшавии даромад ба буҷети давлатӣ низ вуҷуд дошта бошад, аз ҷумла аз ҷониби муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон.
Пешниҳодҳои дигар доир ба озод намудани воридоти тухмиҳо, нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо, ваксина ва доруҳои байторӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ба миён гузошта шуд. Ин масъаларо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар,  дастгирӣ намуда, дастур дод, ки он дар муддати кӯтоҳ омӯхта ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод шавад.
Пешниҳодҳои зиёди дигар низ ба миён гузошта шуд, ки дар маҷмӯъ ба беҳсозии фазои сармоягузории Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути қабули қонунҳои нав ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои амалкунандаи қонунгузорӣ нигаронда шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, зимни суханронии ҷамъбастии худ ҳамаи таклифу пешниҳодот ва эродҳои садододаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои татбиқи амалии андешаҳои судбахш ба масъулини дахлдор супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ» бо назардошти талаботи замони муосир таҳия карда шуда, дар нимсолаи якуми соли 2012 ба Шӯрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ пешниҳод гардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.11.11    №: 153-154    Мутолиа карданд: 3725
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед