logo

мулоқотҳо

Роберт Блейк ба мавқеи Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ баҳои баланд дод

3 декабри соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар,  Роберт Блейк - ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказиро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили мавриди таваҷҷуҳи ду мамлакат дар муносиботи дуҷониба ва мавзӯъҳои ҳамкории минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо бори дигар омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро ба густариши робитаҳои мутақобилан судманд, пеш аз ҳама дар самти мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон таъкид намуданд.
Роберт Блейк ба мавқеи Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва нақши он дар рушди ҳамкории минтақавӣ баҳои баланд дода, аз номи Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат ва мардуми кишвар барои мусоидати ҳамаҷониба ба эҳёи эътидолу низом дар Афғонистон арзи сипос намуд.
Доир ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти Афғонистон, аз ҷумла тавассути татбиқи лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Зарурати зиёд намудани истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон ва кашидани хати баландшиддати интиқоли неруи барқи КАСА - 1000 ба Афғонистону Покистон ва ҳамчунин сохтмони роҳҳои нави минтақавии оҳану мошингард ва ба ҳам пайвастани шабакаҳои энергетикию нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ таъкид гардид.
Аз ҳамкории дуҷонибаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Амрико, ки ба таҳкими амнияту суботи минтақавӣ равона гаштааст, изҳори қаноатмандӣ шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар баррасӣ ёфтанд.
Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.12.11    №: 159-161    Мутолиа карданд: 1966
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед