logo

мулоқотҳо

Бонки ҷаҳонӣ барои амалӣ намудани нақшаҳои энергетикии Тоҷикистон ёрӣ мерасонад

5 декабр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар,  Теодор Алерс - директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду ҷониб баррасӣ шуданд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба дастгирии молиявию техникии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва ҷараёни омодасозии асоснокии техникию иқтисодӣ ва баҳогузории иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди неругоҳи Роғун зоҳир карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат,  ба Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз рушди бонизоми иқтисодиёти Тоҷикистон, ки тавассути маблағгузории лоиҳаҳои гуногун сурат мегирад, арзи сипос намуд.
Зикр гардид, ки дар зарфи 15 соли ҳамкорӣ Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 640 миллион доллари амрикоӣ кӯмак расондааст. Дар ҳоли ҳозир 16 лоиҳа бо маблағи умумии 212 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. Тибқи иттилои Теодор Алерс соли оянда аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии рушди Тоҷикистон 60 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мегардад, ки нисбат ба соли 2011 22 миллион зиёд мебошад.
Теодор Алерс аз ҷараёни ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди неругоҳи Роғун, ки аз ҷониби коршиносони бонуфузи ҷаҳонӣ сурат мегирад, гузориш дода, аз ҷумла изҳори боварӣ намуд, ки ин кор дар сатҳи баландтарини ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, то ки судмандии иқтисодӣ ва бехатарии ин неругоҳ барои оянда таъмин гардад.
Теодор Алерс бо ишора ба захираҳои бузурги обию гидроэнергетикии Тоҷикистон ва норасоии неруи барқ дар фасли зимистон, изҳор дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ барои амалӣ намудани ин ва дигар имконоти ин кишвар ба он кӯмак мерасонад.
Гуфтугӯ, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.12.11    №: 159-161    Мутолиа карданд: 1924
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед