суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи Шифохонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил дар шаҳри Ваҳдат, 6 декабри соли 2011
Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустӣ!
Ҳозирони арҷманд !
Мо имрӯз дар ин шаҳраки зебоманзар ба ифтихори иқдоми хайрхоҳонаву хотирмон, яъне мавриди баҳрабардории ниёзмандон қарор додани маркази ҷумҳуриявии табобати бемориҳои сил ҷамъ омадаем.
Фикр мекунам, ки ин рӯйдоди фараҳбахш ҳамчун идомаи раванди корҳои созандагиву бунёдкории Ватанамон боз як тӯҳфаи шоиста ба мардуми шарифи кишвар дар соли баргузории бистумин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон мебошад. Бинобар ин, сокинони ҳимматбаланду заҳматкаши шаҳри Ваҳдат, кулли кормандони соҳаи тибби кишвар ва ҳамаи шумо - ҳозирони гиромиро ба муносибати оғози фаъолияти ин муассисаи муосири тиббӣ табрик гуфта, ба ҳамаи ташаббускорон ва лоиҳакашону бунёдкорон арзи сипоси Ҳукумати Тоҷикистонро иброз менамоям.
Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва рушди соҳаи тандурустии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъмини хизматрасонии босифати аҳолии мамлакатро дар мадди аввали сиёсати иҷтимоӣ қарор додааст.
Иштирок дар чунин маросимҳо ба Сардори давлат имконият медиҳад, ки бо натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳо ва чорабиниҳои ба нақша гирифташуда аз наздик ошно гардида, ҳамзамон бо ин, роҷеъ ба ҳалли мушкилоту монеаҳои ҷойдоштаи соҳаҳои гуногун сари вақт чораҷӯӣ карда шавад.
Ҳамагон шоҳидем, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолиамон дар радифи дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ҳамчунин дар сохтори тандурустии кишварамон низ бозсозии амиқ оғоз гардида, то имрӯз ин раванд пайгирона татбиқ карда мешавад. Дар натиҷа, то ҳол заминаи нави қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, такмили низоми идоракуниву маблағгузорӣ, рушд ва таҳкими кӯмаки аввалияи тиббиву санитарии ба тибби оилавӣ асосёфта, таҷдиди муассисаҳои тиббӣ ва фармасевтӣ муҳайё карда шудаанд.
Ислоҳоти соҳа дар навбати аввал таҷдиди сохтор, фароҳам овардани шароит барои кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмини муассисаҳои бистарикунонӣ бо лавозимоти зарурӣ, тақвияти нерӯи кадрии соҳа, мукаммалсозии инфрасохтор, такмил ва беҳбуди таъминот бо доруворӣ, ворид намудани усулҳои нави маблағгузорӣ, татбиқи усулҳои нави ташхису табобат бо истифодаи технологияҳои муосир, иштироки ҳарчи фаъолтари аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои тандурустӣ, барқарорсозии солимии маъюбон ва рушди заминаи иттилоотии идоракуниро дарбар мегирад.
Дар айни ҳол дар соҳаи тандурустӣ бо мақсади самаранок ва сари вақт татбиқ намудани Стратегияи миллии солимии аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 бо дарназардошти хусусиятҳои хоси соҳа зиёда аз 20 барномаи миллӣ, аз ҷумла оид ба рушди соҳаи донории хун, эндокринологӣ, мубориза бо бемориҳои ишемиявии дил, бемории сил, вараҷа, вируси норасоии масунияти одам, пешгирии маъюбӣ аз садамаҳо, нашъамандӣ, пешгирии бемориҳои касбӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим татбиқ шуда истодаанд, ки ҳадафи асосии онҳо беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва солимии аҳолӣ мебошанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир дар натиҷаи татбиқи барномаҳои зикршуда тамоюли беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, паст шудани сатҳи беморшавии аҳолӣ ва кам шудани шумораи бемориҳои сироятӣ ба мушоҳида мерасад.
Боиси хушнудист, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, инчунин фаъолияти самараноки масъулони соҳа кишвари мо аз ҷониби Комиссияи Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба сертификатсия такроран ҳамчун давлати аз бемории фалаҷ озодшуда эътироф гардид.
Мусаллам аст, ки баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббиву фармасевтӣ аз бисёр ҷиҳат ба сатҳу сифати омодагии касбии кадрҳои соҳавӣ чун омили асосии пешбарандаи соҳаи тандурустӣ алоқаманд мебошад. Аз ин лиҳоз, солҳои охир бо мақсади беҳтар намудани нишондиҳандаҳои рушди захираи кадрии соҳаи тандурустӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуданд. Агар солҳои 1991-2007 нишондиҳандаи таъминоти мутахассисони соҳаи тиб тамоюли пастравӣ дошта бошад, дар айни замон ин раванд рӯ ба беҳбудӣ овардааст ва дар соли 2010 миқдори табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ мутаносибан 10,8 ва 15,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, бо дастгирии Ҳукумат дар назди 38 беморхонаи марказии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақсади бартараф кардани норасоии ҳамшираҳои тиббӣ аз ҳисоби духтарони хатмкардаи коллеҷу омӯзишгоҳҳои тиббӣ гурӯҳҳои таълимии мақсаднок таъсис дода шудаанд.
Дар баробари ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳарчанд шумораи ба ҷойи кори муқарраршуда ҳозир шудани хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар соли 2010 нисбат ба соли 2007 зиёда аз 40 фоиз афзоиш ёфтааст, аммо на ҳама вақт дастгириву ҳавасмандкунии табибони ҷавон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мушоҳида мерасад. Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бори дигар таъкид месозам, ки дар масъалаи дастгирии мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустӣ, инчунин кадрҳои ҷавони омӯзгорӣ чораҳои доимӣ андешанд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир бо дастгирии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз рӯи баъзе ихтисосҳо, аз ҷумла мутахассисони баландихтисос доир ба иваз кардани узвҳои бадан, хизматрасонии техникаи тиббӣ, ҷарроҳии дили кӯдакон ва монанди инҳо дар хориҷи кишвар омода карда шуданд, ки ин иқдом боиси ба роҳ мондани усулҳои нави табобати бемориҳои қаблан табобатнашаванда ва харҷи камтари маблағҳо барои муолиҷаи сокинон гардид.
Бинобар ин, Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷиро зарур аст, ки минбаъд низ барои омода намудани мутахассисон дар хориҷи кишвар аз рӯи ихтисосҳои зарурии соҳаи тандурустӣ мунтазам чораҷӯӣ намояд.
Солҳои охир тавассути дар амалияи тибби ватанӣ татбиқ намудани усулҳои нави пешгирӣ ва ташхису табобат шумораи эҳтиёҷмандон ба муассисаҳои берун аз марзи кишвар коҳиш ёфтааст. Зеро имрӯз дар баробари рушди бахши хизматрасонии тиббии давлатӣ ҳамчунин инкишофи тибби хусусӣ барои ба аҳолӣ дастрас намудани номгӯи васеи хизматрасониҳо ва истифодаи технологияҳои навтарини соҳа имконияти васеъ фароҳам овардаанд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сил мебошад. Бо ин мақсад Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил қабул гардидааст. Дар доираи татбиқи барномаи мазкур барои дарёфт ва табобати саривақтии ин беморӣ дар қаламрави кишвар 67 маркази мубориза бар зидди сил ва 96 озмоишгоҳи микроскопӣ ташкил карда шудааст. Бар замми ин, айни ҳол тамоми муассисаҳои тиббии мамлакат бо маводи ташхисӣ ва дорувории зидди сил пурра таъмин мебошанд.
Дар ин самт саҳми як қатор ташкилотҳои байналмилалии кӯмакрасон, махсусан Созмони Милали Муттаҳид, тавассути Хазинаи глобалӣ барои таъмини беморони сил, вируси норасоии масунияти одам, бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният ва вараҷа хеле назаррас мебошад. Натиҷаи чунин ҳамкорӣ буд, ки аз соли 2009 то ин ҷониб дар кишварамон ҳамаи шахсони гирифтори бемории сил бо маводи дорувории зиддисилӣ ба таври ройгон таъмин карда мешаванд.
Танҳо дар солҳои 2010-2011 ба кишвар чунин намуди доруҳо ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба маблағи қариб 20 миллион сомонӣ ворид гардида, дар солҳои 2012-2013 воридоти онҳо боз ба маблағи беш аз 20 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Чунин дастгирӣ кормандони соҳаро вазифадор менамояд, ки дар хусуси назорати истифодаи мақсадноки онҳо чораҳои зарурӣ андешанд, зеро истифодаи ғайримақсаднок ва танзими нодурусти муомилоти чунин маводҳо метавонад боиси зиёдшавӣ ва ба намудҳои вазнини табобатнашаванда табдил гардидани бемории сил гардад.
Ҳамзамон бо ин, қобили зикр аст, ки зиёда аз 90 фоизи маводи доруворӣ ба кишварамон аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад, ҳол он ки дар Тоҷикистон бо истифодаи васеъ аз захираҳои ашёи хоми ватанӣ ва дар навбати аввал гиёҳу растаниҳои нодири табиӣ саноати дорусозии худиро тараққӣ додан, аз ҷумла гиёҳдармониро инкишоф додан мумкин аст.
Ҳарчанд ки бо супориши Роҳбари давлат айни ҳол дар аксарияти муассисаҳои тиббии мамлакат табобати беморон бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст, вале рушди минбаъдаи он беҳбудиро тақозо дорад.
Вобаста ба маводи дорувории аз хориҷа воридшаванда Вазорати тандурустӣ, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо вазифадоранд, ки масъалаҳои вобаста ба сифати дорувории воридшаванда ва мӯҳлати истифодаи онҳоро таҳти назорати қатъӣ ва доимӣ қарор диҳанд.
Ҳозирони гиромӣ!
Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил ҳамчун иншооти ҷашнӣ бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда буд ва бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо сарфи маблағи зиёда аз 70 миллион сомонӣ таъмиру барқарор ва бо тамоми таҷҳизоти муосир таҷҳизонида шудааст.
Дар заминаи беморхонаи номбурда нахустин маротиба дар кишвар референс - озмоишгоҳи миллӣ, ки пурра бо таҷҳизоти тиббии олмонӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ташкил карда шуд. Ин озмоишгоҳ барои гузаронидани таҳқиқоти микробиологии мураккаб ва ташхиси шаклҳои гуногуни бемории сил истифода бурда мешавад, ки то имрӯз дар мамлакат вуҷуд надошт.
Дар муассисаи мазкур шӯъбаи шакли мутобиқгаштаи бемории сил ташкил карда шудааст ва дар он бемороне, ки тавассути табобати муқаррарӣ шифо наёфтаанд, метавонанд табобат гиранд. Инчунин, дар заминаи ин беморхона таъсиси Маркази омӯзишии ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ ба нақша гирифта шудааст, ки дар он мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Бо дарназардошти имкониятҳои дар марказ муҳайёшуда мо имкон дорем, ки беморхонаи мазкурро ба Маркази миллии илмиву таълимии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина табдил диҳем.
Бояд қайд намоям, ки айни замон аз ҷониби Бонки олмонии рушд барои татбиқи лоиҳа оид ба беҳсозии солимии модару кӯдак дар вилояти Хатлон ҷиҳати таъмиру барқарорсозӣ ва таҷҳизонидани 10 таваллудхона 10 миллион евро ҷудо гардидааст, ки қариб ба 70 миллион сомонӣ баробар мебошад.
Ҳамзамон бо ин, барои мубориза бо бемории фалаҷ ҷудо намудани маблағ дар ҳаҷми беш аз 30 миллион сомонӣ (5 миллион евро) ҳалли худро ёфтааст, ки дар доираи он аввалин озмоишгоҳ оид ба бемориҳои сироятии энтеровирусӣ сохта ва таҷҳизонида мешавад. Инчунин, соли оянда татбиқи чунин лоиҳа дар Беморхонаи вилоятии бемориҳои сили вилояти Суғд ба маблағи қариб 35 миллион сомонӣ (5,3 миллион евро) ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамин тариқ, дар даҳ соли охир бо дастгирии дӯстонаву башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифат, дастрасӣ ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ тавассути Бонки олмонии рушд дар соҳаи тандурустии кишварамон барои 10 лоиҳа беш аз 31 миллион евро, ки қариб ба 200 миллион сомонӣ баробар мебошад, ҷудо гардидааст.
Илова бар ин, аз ҷониби ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ барои пешгирии вируси норасоии масунияти одам, нашъамандӣ ва беҳтар намудани саломатии модарон 12,5 миллион евро маблағ ҷудо карда шудааст.
Аз фурсат истифода карда, мехоҳам миннатдории самимии худ ва мардуми Тоҷикистонро барои ҳамкориҳои судманд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Бонки олмонии рушд, инчунин Ташкилоти техникии байналмилалии Олмон баён намоям. Бовар дорам, ки ҳамкориҳо дар доираи Созишномаи байниҳукуматӣ байни Тоҷикистону Олмон, ки ба имзорасии он рӯзҳои наздик пешбинӣ шудааст, боз ҳам тақвият меёбанд.
Илова бар ин, мехоҳам таъкид намоям, ки Хазинаи глобалӣ дар раванди татбиқи барномаҳои миллии мубориза бар зидди бемории сил, вируси норасоии масунияти одам ва табларза саҳми босазо дорад. Татбиқи лоиҳаҳои Хазинаи глобалӣ дар Тоҷикистон аз соли 2001 оғоз гардида, айни замон дар маҷмӯъ 120 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки барои татбиқи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, беҳтар намудани инфрасохтор, таъмиру тармими иншоот, баланд бардоштани заминаи моддиву техникии марказҳои мубориза бар зидди бемории сил, беморхонаҳои зидди сил, озмоишгоҳҳо, таъминот бо нақлиёт ва маводи доруворӣ ҷудо карда шудааст.
Сохтмони беморхонаҳои табобати сил дар шаҳрҳои Хоруғ ва Қӯрғонтеппа аз зумраи чунин дастгириҳои босамар буда, онҳо боиси беҳтар гардонидани дастрасии хизматрасонии касбӣ ба шахсони гирифтори бемории сил мегарданд. Инчунин бинои нави беморхонаи зидди сил дар ноҳияи Восеъ рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешавад.
Ҳамчунин, бо ҷалби маблағҳои соҳибкорони ватанӣ дар ноҳияи Восеъ сохтмони беморхонаи кӯмаки таскинӣ барои нигоҳубини беморони музмини сил ба нақша гирифта шудааст. Ба ғайр аз ин, дар ноҳияи Мӯъминобод таъсиси маркази баъдитабобатии беморони сил дар соли 2012 пешбинӣ гардидааст.
Дар ин замина, Вазорати тандурустӣ вазифадор карда мешавад, ки минбаъд низ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба иҷрои ҳатмии нишондоди барномаву нақшаҳои ҳукуматии қабулшуда, бартараф намудани мушкилоти ҷойдоштаи соҳа ва пеш аз ҳама ҷиҳати тақвияти масъалаҳои ҳифзи солимии аҳолӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мунтазам чораҷӯӣ намояд.
Дар фарҷоми сухан бори дигар таъкид карданӣ ҳастам, ки чунин мулоқотҳои рӯ ба рӯи мо барои тақвият бахшидани ҷараёни татбиқи сиёсати давлат дар самти рушди соҳаи тандурустӣ ва нигоҳдориву беҳтар намудани сарвати бебаҳои мардуми шарифи кишвар, яъне саломатӣ, бешубҳа, мусоидати созанда хоҳанд кард. Зеро чунон ки борҳо гуфтаам, давлат ҳамон вақт нерӯманд мегардад, ки сокинони он саломату бардам бошанд. Мо аз ҷониби худ минбаъд низ тамоми имкониятҳоро сафарбар мекунем, ки мардуми мо доим саломат бошанд, зиндагии орому осуда дошта бошанд ва барои ободиву пешрафти Ватани соҳибистиқлоламон кору фаъолият намоянд.
Бо чунин ниятҳои нек ба ҳамаи ҳозирон тансиҳативу хонаободӣ ва барори кор орзумандам.
Доимо саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.12.11 №: 162 Мутолиа карданд: 3645