logo

президент

Корҳои барқарорсозии неругоҳи Роғун идома доранд

Нимаи дуюми рӯзи 5 декабри соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар,  доир ба рафти корҳои барқарорсозӣ дар мавзеи бунёди нерӯгоҳи Роғун машварати корӣ доир намуд.
Дар он доир ба рафти корҳои барқарорсозӣ ва омодагӣ ба идомаи сохтмони ин иншоот, истифодаи ҳадафмандона ва сарфакоронаи маблағҳои ҷудошуда, сифати корҳо ва ҳамкорӣ бо коршиносони байналмилалӣ оид ба ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун ҳисоботи Оқил Оқилов, Сарвазири ҷумҳурӣ ва роҳбарони дигар сохторҳои марбута шунида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таъкид дошт, ки тамоми корҳои барқарорсозии иншооти қаблан бунёдёфта ва омодагӣ ба идомаи сохтмон бо сифати баланд ва дар ҳамкорӣ бо коршиносони ҷаҳонӣ анҷом дода шаванд. Бинобар таъкиди Президенти мамлакат,  ҳар як бинокори иншооти тақдирсоз бояд баръало донад, ки ин нерӯгоҳ бояд садсолаҳо ба Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат кунад.
Таъкид гардид, ки принсипи шаффофият ва эътимодбахшӣ дар ташхиси байналмилалии техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳа бояд пурра ва бечуну чаро риоя гардад. 
Ба роҳбарони сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки истифодаи босамар ва сариштакоронаи ҳар як сомонии маблағҳои буҷетӣ ва аз ҳисоби саҳмияҳои мардум ҷудошуда таҳти назорати доимӣ қарор гирад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.11    №: 162    Мутолиа карданд: 3616
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед