суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи Осорхонаи геологияи тоҷик дар шаҳри Душанбе, 9 декабри соли 2011
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирони гиромӣ!
Чанд лаҳза пеш мо ба идомаи корҳои созандагиву бунёдкории мардуми шарифи Тоҷикистон, ки хусусан имсол, яъне соли бистумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа авҷи бесобиқа гирифтааст, бинои осорхонаи геологиро барои ниёзмандони илму дониш, сокинони пойтахт ва меҳмонони мамлакат ифтитоҳ намудем.
Бо истифода аз фурсати муносиб, тамоми геологҳои кишвар ва шумо - ҳозирони гиромиро ба ин муносибат табрик гуфта, ба ҳамаи мутахассисон ва онҳое, ки барои ҷамъ овардану ба танзим даровардан ва ба намоиш гузоштани беш аз чоруним ҳазор намунаи сарватҳои табиии Тоҷикистон солҳои дароз заҳмат кашидаанд, изҳори сипос менамоям.
Осорхонаи мазкур барои олимону мутахассисон, донишҷӯён ва ҳамаи онҳое, ки ба илми заминшиносӣ ва боигариҳои табиии кишварамон таваҷҷӯҳ доранд, бешубҳа, тӯҳфаи арзандае мебошад. Яке аз хусусиятҳои муҳими шаҳрҳои бузург аз қадимулайём дар он ифода меёбад, ки онҳо маркази илму фарҳанг, нишондиҳандаи сарватҳои миллӣ ва иқтидору дастовардҳои кишвар мебошанд. Шаҳр ва хусусан пойтахти мамлакат бо театру китобхона, осорхонаву нигористон ва дигар муассисаҳои илмиву фарҳангии худ ифтихори ҳар як давлат ҳисобида мешавад.
Дар ин замина, осорхонаҳо таҷассумгари таъриху фарҳанг ва суннату ойинҳои миллӣ буда, ҳамзамон бо ин, табиат ва боигарии кишварро инъикос мекунанд. Аз ин лиҳоз, осорхонаи геологии мо дар байни дигар осорхонаҳо мақоми хоса дорад. Зеро Ватани мо саросар кӯҳсор буда, оламиён онро ҳамчун Боми ҷаҳон ва кишвари кӯҳҳои пур аз ганҷ мешиносанд. Дар даврони сохти гузашта Тоҷикистонро "осорхонаи табиии геологӣ" меномиданд ва қаламрави он барои геологҳои он замон ба ҳайси мактаби таҷрибаи пешқадам истифода бурда мешуд. Имрӯз низ олимону мутахассисони аксар кишварҳо тадқиқот ва ақидаҳои илмии хешро дар мисоли геологияи Тоҷикистон ташаккул медиҳанд.
Барои ҳар кадоми мо аз таърихи пурғановати халқамон маълум аст, ки мардуми зебопараст ва тамаддунсозамон аз давраҳои қадим дар рӯзгори худ сангҳои қиматбаҳо ва ороишоти аз боигариҳои зеризаминӣ сохташударо васеъ истифода мекарданд. Ёқуту лаъл ва фирӯзаву дигар сангҳои қиматбаҳои сарзамини аҷдодии мо, масалан лаъли Бадахшон аз замонҳои бисёр қадим дар тамоми ақсои олам маъруф буданд. Аз ҷумла шаддаи тиллоии Маликаи Саразм, ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ пайдо гардидааст ва таърихи зиёда аз панҷҳазорсола дорад, гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад.
Тибқи маълумоти фаровони сарчашмаҳои таърихӣ ҳанӯз дар асрҳои пеш аз мелод шоҳони Мисру Бобулистон, Ошуру Мидия ва дигар давлатдорони Шарқу Ғарб ба сарватҳои табиии Бохтар ва Суғди қадим, аз ҷумла сангҳои гаронбаҳо ва тиллову нуқраи ин сарзаминҳо таваҷҷӯҳи зиёд доштаанд. Бинобар ин, ба мо зарур аст, ки дар осорхонаи геологиамон доир ба боигариҳои рӯизаминӣ ва зеризаминии кишвар ҳарчи бештар маълумот ва маводи инъикоскунандаи сарватҳои табиии мамлакатро гирд оварда, барои тамошо ва маълумоти мутахассисони соҳаҳои гуногун ва сокинону меҳмонони Тоҷикистон вогузор намоем.
Як масъаларо борҳо таъкид карда будам ва мехоҳам онро бори дигар хотиррасон намоям, ки Тоҷикистони мо кишвари ганҷҳову табиати худодод ва биҳишти воқеии рӯи замин буда, табиати нотакрору боигариҳои зеризаминии он метавонанд чун омили мустаҳкам шудани имкониятҳои иқтисодӣ, тавоноии давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум хизмат намоянд.
Барои ин моро зарур аст, ки аз ин сарвати худодод ҳарчи бештар ва самараноку оқилона истифода намоем.
Албатта, омӯзиш ва мавриди истифода қарор додани боигариҳои зеризаминӣ кори осон нест. Боигариҳои зеризаминӣ худ ба худ ба хазинаи давлат ворид намешаванд ва истихроҷу коркарди онҳо ҷустуҷӯву заҳмати вазнин, хароҷоти зиёд ва вақти тӯлониро тақозо менамояд.
Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки саҳми шумо - геологҳо, ҷӯяндагону кашшофони сарватҳои зеризаминӣ дар кушодани асрори кӯҳҳои пурганҷи сарзамини мо хеле бузург аст ва Ҳукумати мамлакат аз меҳнати басо мушкилу тоқатфарсо, вале пурифтихору ватандӯстонаи шумо воқиф мебошад.
Маҳз меҳнати софдилона ва масъулияти баланди мутахассисони соҳаи геологияи мо буд, ки имрӯз беш аз 600 кон ва 800 зуҳуроти зиёда аз 50 намуди ашёи минералӣ дар гӯшаҳои гуногуни кишварамон кашф ва қисман омодаи истифода қарор гирифтаанд.
Омӯхтани шароити сохтмони иншооти саноативу иҷтимоӣ, тавсия намудани усулҳои бехатари бунёди обанбору сарбандҳо, таҳкурсии биноҳои мухталиф, ҷустуҷӯи обҳои зеризаминӣ ва монанди инҳоро, ки аз омӯзиши конҳо аҳамияти камтар надоранд, низ шумо ба ӯҳда доред.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки беш аз 8 ҳазор пармачоҳи обкашии дар ҳудуди мамлакат фаъолияткунанда низ маҳсули заҳмати шумо мебошад. Саҳми шумо дар муайян кардану омӯхтани хусусиятҳои маҳалли сохтмони иншооти азими энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обии Норак, Роғун ва дигар нерӯгоҳҳои хурду миёна, ки аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини замони муосир ба ҳисоб мераванд, хеле назаррас мебошад.
Ҳозирони гиромӣ!
Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое маҳсуб мегардад, ки эҳтиёҷоти худро ба аксари намудҳои ашёи минералӣ аз ҳисоби захираҳои худӣ таъмин карда метавонад.
Дар баробари ин, истихроҷу истифодаи васеи саноатии захираҳои яке аз бузургтарин конҳои нуқра - Конимансури калон, конҳои тиллои водии Зарафшон, аз ҷумла Кончоч, Мосриф, Чоре, конҳои селестини минтақаи Кӯлоб, Чилтоҷу Гулисой, кони бори Якархар, сангҳои қиматбаҳои Бадахшон ва антратсити аз ҷиҳати сифат дар дунё беҳамтои Назарайлоқ, ки ифтихори миллии мо мебошанд, метавонад ба рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон мусоидат карда, даҳҳо ҳазор коргарону мутахассисонро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намояд ва боиси воридоти технологияҳои пешрафтаи муосир ва ташкили соҳаҳои нави саноат гардад. Яъне Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҳисоби нуқра, сурма ва антрасит ҷойҳои муносибро ишғол мекунад.
Дар замони муосир низ, хусусан дар шароити давлати соҳибистиқлол иқтисоди кишварамонро бидуни корхонаҳои бузурги саноати маъданкоркунӣ, аз қабили корхонаи тиллои Зарафшон, комбинати симобу сурмаи Анзоб, сурбу руҳи Адрасмон, корхонаи сурбу руҳи "Зарнисор", металлҳои нодири Тоҷикистони Шимолӣ, комбинати шаҳри Чкаловск, комбинати сементбарории шаҳри Душанбе ва даҳҳо корхонаҳои индустрияи сохтмонӣ тасаввур кардан душвор аст.
Бо вуҷуди ин, то ҳанӯз мо баъзе намудҳои ашёи минералиро бо нархи гарон аз кишварҳои дигар харидорӣ мекунем. То имрӯз гилхок барои корхонаи алюминии тоҷик, суперфосфат барои соҳаи кишоварзӣ ва баъзе масолеҳи маъмули сохтмон, аз ҷумла асбесту гаҷ, кокс, ангиштсанг, газ ва маҳсулоти нафт, маҳсулоти металлургияи сиёҳу ранга аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд.
Ин дар ҳоле, ки дар сарзамини мо қариб ҳамаи намудҳои ашёи минералии зикршуда мавҷуданд. Масалан, айни ҳол захираи кони оҳани Шоҳқадамбулак, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ мебошад, пурра омӯхта шудааст ва истифодаи васеи он метавонад солҳои дароз барои пешрафти соҳаи саноати металлургияи сиёҳ дар Тоҷикистон хизмат намояд. Мутахассисони соҳа дар ноҳияҳои Рӯшону Варзоб конҳои оҳанро кашф намудаанд. Дар ноҳияи Рашт кони сионитҳои нифелиндор кашф шудааст, ки метавонад барои истеҳсоли алюминий истифода гардад. Дар водии Зарафшон кони фосфоритҳо кашф шудааст.
Айни замон корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ дар кони Пасирӯди ноҳияи Мурғоб босуръат идома доранд ва дар назар аст, ки баъди ҳисобу китоби захираҳо солҳои наздик дар ин минтақа корхонаи коркарди маъдан сохта, ба истифода дода шавад. Инчунин дар кони тиллои Чулбоӣ ва сурбу руҳи Ёкунҷ корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ идома доранд ва гирифтани натиҷаи мусбат дар ин конҳо низ дар назар аст.
Бо вуҷуди ин ҳама, конҳои ҳанӯз кашфнагардида дар қаламрави мамлакатамон зиёданд. Боиси ифтихор аст, ки геологҳои кишварамон дар назди худ нақша гузоштаанд, ки аз ҳисоби захираҳои тантали дар ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоб омӯхташуда, дар ҷаҳон ба ҷои аввал бароянд.
Мо ҳамчунин имконият дорем, ки ҳамаи намудҳои масолеҳи сохтмонро дар заминаи конҳои худӣ истеҳсол намуда, эҳтиёҷоти кишварамонро ба маводу масолеҳи сохтмон таъмин созем.
Танҳо масъулони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳоро лозим аст, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала пайваста андеша намоянд ва роҳҳои истифодаи конҳои худӣ, маблағгузории истихроҷ ва коркарди маъдан, инчунин корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ ва иктишофии конҳои навро тавассути ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ ҷустуҷӯ кунанд.
Дар баробари ин, таваҷҷӯҳи шуморо боз ба як самти дигари масъалаи зикршуда ҷалб карданӣ ҳастам. Тавре ки мушоҳида мекунем, имрӯз дар бозору мағозаҳои мамлакат бисёр намудҳои маводу масолеҳи сохтмон аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд. Ҳол он ки аксарияти навъҳои чунин маҳсулотро дар Тоҷикистон истеҳсол кардан мумкин аст. Масалан, дар атрофи пойтахтамон минтақаҳои дорои захираҳои калони масолеҳи табиии сохтмон, аз ҷумла кони санги хоро ё гранит хеле зиёданд. Зарур аст, ки корхонаҳои коркарди ин намуди сангро ташкил намуда, маҳсулоти тайёр ба бозор бароварда шавад.
Дӯстони азиз!
Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодии солҳои пешин дар натиҷаи фаъолияти мутахассисони Саридораи геология то имрӯз ба хазинаи давлат беш аз 28 тонна тиллои кони Покруд ворид гардида, майдони тиллодори Мосриф бо захираи 75 тонна ва Покруд бо 86 тонна тилло муайян карда шудаанд.
Чанде пештар ҳангоми боздид аз корхонаҳои заршӯии Шугноби ноҳияи Ховалинг ва инчунин дар ҷараёни ифтитоҳи навбати дуюми корхонаи муштараки "Зарафшон" вазифаҳои сохтору мақомоти дахлдорро оид ба рушди соҳаи истихроҷи металлҳои қиматбаҳо, аз ҷумла тилло, ки барои таҳкими имкониятҳои иқтисодии давлат нақши бисёр муҳим дорад, муайян карда будам.
Ҳоло бори дигар таъкид месозам, ки барои иҷрои онҳо дар мӯҳлатҳои муқарраршуда бояд тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Вобаста ба рушди соҳа бояд махсус таъкид намоям, ки ташкилотҳои соҳаи геологияи мамлакат имрӯз ба мутахассисони касбҳои гуногуни ҳам дорои маълумоти олӣ ва ҳам дорои маълумоти миёнаи махсус, аз қабили геологҳо, геофизикҳо, гидрогеологҳо, муҳандисон-геологҳо, мутахассисони техникаи иктишофи ашёи минералӣ, механикҳои мошинҳо ва таҷҳизоти геологӣ, барномарезони соҳа ва монанди инҳо эҳтиёҷ доранд.
Барои соҳа дар маҷмӯъ мутахассисони беш аз 50 ихтисос зарур мебошанд. Илова бар ин, барои ҳалли масъалаҳои лоиҳавӣ шумораи зиёди коргарони касбӣ, яъне кӯҳканҳо, пармагарон, таркишгарон, ронандагони нақлиёти калонҳаҷм ва кафшергарон заруранд.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо Саридораи геология аз соли хониши 2012 сар карда, дар давоми 5 соли оянда барои ба мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ фиристодани теъдоди зарурии донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳое, ки соҳаи геология ба онҳо эҳтиёҷ дорад, чораҷӯӣ намояд.
Ҳамчунин зарур аст, ки бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии кишварҳои пешрафта, ки дар ин соҳа таҷрибаи хуб доранд, шартномаҳои дарозмуддат баста шаванд.
Мо бояд ин соҳаи барои иқтисодиётамон муҳимро мунтазам тараққӣ диҳем, зеро барои рушди иқтисоди миллиамон соҳаи геология баробари соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ аҳамияти калон дорад.
Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби худ маблағгузориро барои иҷрои корҳои геологӣ ва умуман рушду тараққӣ додани соҳаи геология солҳои охир хеле зиёд намуда, ҳамзамон бо ин ният дорад, ки ин иқдомро солҳои минбаъда низ идома бахшад.
Дар робита ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва "Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ" аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз ба корхонаҳо ва ширкатҳо 313 иҷозатнома дода шудааст, ки аз онҳо 70 иҷозатнома барои омӯзиши геологии қаъри замин ва 243 иҷозатнома барои истихроҷи канданиҳои фоиданок мебошад. Барои пешбурди корҳои омӯзиши геологӣ аз ҳисоби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ дар ҳаҷми 207 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Дар ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон, ки чанд рӯз қабл баргузор гардид, Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020 қабул карда шуд. Дар ҳуҷҷати мазкур фаъолияти минбаъдаи соҳаи геология дар самти ҷустуҷӯву иктишофи захираҳои табиии Тоҷикистон, ба истифодаи саноатӣ омода намудани конҳо ва дар маҷмӯъ рушди самтҳои афзалиятноки саноати маъдани кишвар муайян гардидааст.
Мақсади асосии Барномаи давлатӣ афзунгардонии заминаи ашёи минералӣ барои мунтазам фаъолият намудани корхонаҳои амалкунанда, бунёдшаванда ва ба нақша гирифташуда буда, инчунин таъмини талаботи саноати кишвар бо захираҳои ашёи минералӣ ва кам кардани вобастагии иқтисодиёти кишвар аз воридоти ашёи маъданӣ мебошад.
Барнома имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои мушаххаси омӯзиши кону зуҳуроти канданиҳои фоиданоки мамлакат тарҳрезӣ ва маблағгузорӣ карда шаванд. Тибқи сиёсати давлат дар Барнома самтҳои афзалиятноки омӯзиш ва кашфи конҳои нави гилхоки алюминий, оҳан, тилло, флюрит ва дигар маъданҳо муайян карда шудаанд.
Бинобар ин, Вазорати молия ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки доир ба маблағгузории корҳои ҷустуҷӯии геологии дар Барнома пешбинишуда мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин зарур аст, ки корҳои вобаста ба омӯзиш ва иктишофу истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ ва ҷалби сармоя ба ин самтҳо ба таври шаффоф ва тибқи озмун сурат гирифта, дар ин раванд ба воридоти технологияҳои пешрафтаи муосир, аз ҷумла барои коркарди сангҳои ороишӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Бовар дорам, ки роҳбарону масъулон ва мутахассисону кормандони соҳибтаҷрибаву баландихтисоси соҳаи геология аз иҷрои вазифаҳои гузошташуда шарафмандона мебароянд ва дар пешрафти кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ифтитоҳи осорхонаро ба ҳозирони арҷманд табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва кашфи сарватҳои навро ба нафъи фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол орзумандам.
Ҳамеша хонаи ободу баракати рӯзгор насибатон бошад!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.12.11 №: 163 Мутолиа карданд: 4048