logo

мулоқотҳо

9 декабр Рӯзи геологҳои тоҷик пазируфта шуд

9 декабр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Осорхонаи нави геологияи Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, бо намояндагони сершумори соҳаи геологияи тоҷик ва масъулони сатҳи давлату ҳукумат мулоқоти озоду ошкоро доир намуд.
Субҳидам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба Осорхонаи навбунёди геологияи Тоҷикистон, ки баъди навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ба истифода омода гашта буд, ташриф оварда, онро ифтитоҳ намуд. Зимни боздид аз осорхона, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо намунаҳои беш аз 4,5 ҳазор навъи сарватҳои табиии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар ин ҷо намунаҳои сангҳои гаронбаҳо, аз қабили зумуррад, ёқут, лаъл, фирӯза, сангҳои нимгаронбаҳо, металҳои рангаи гаронбаҳо, металҳои сиёҳ, сангҳои ороишию сохтмонӣ, ашёи хоми саноатӣ, масолеҳи бинокорӣ, маводи сӯхт аз қабили ангишт, сангҳои варақии сӯзанда ва дигар сарватҳо пешкаш гардидаанд. Дар  осорхона, ҳамчунин 25 намуд минерали нав гузошта шудааст, ки аз ҷониби олимони геологи Тоҷикистон, асосан дар замони истиқлолияти давлатӣ кашф шуда, ба таснифи байналмилалӣ шомил гардидаанд ва ин минералҳо танҳо дар сарзамини мо вомехӯранд. Тавре аён гардид, Тоҷикистон бо конҳои бешумори сарватҳои табииаш ба як осорхонаи азими табиии геологӣ монанд аст.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, барои боз ҳам зебою дилкаш ва ба мақсад мувофиқ намудани осорхона маслиҳатҳои муфид дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки харитаи геологии Тоҷикистон аз нав бо нишон додани тамоми конҳои сарватҳои табиӣ таҳия шавад, то ки сайёҳону сармоягузорони дохилию хориҷӣ, олимону омӯзгорон, донишҷӯён ва дигар шавқмандон дар бораи сарватҳо ва конҳои онҳо маълумоти мушаххас гирифта тавонанд.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба Кохи ҷавонони пойтахт ташриф оварда, дар толори бузурги он бо зиёда аз 400 нафар масъулону мутахассисон ва донишҷӯёни соҳа мулоқоти тӯлонии озоду ошкоро доир намуд.  
Зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои  сершумори  аҳли  толор  Эмомалӣ   Раҳмон ба масъулон доир ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ, иктишофу истихроҷ, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми ватанӣ, коркарди саноатии сарватҳои табиӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, тарбияи кадрҳои ҷавони соҳа ва бештар намудани шӯҳрати ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи геология супоришҳои мушаххас дод.
Ба масъулони дахлдор дастур дода шуд, ки қоидаҳои тартиб додани санадҳои  ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷиро ба низом дароварда, манфиатҳои давлатии Тоҷикистон ва мардуми кишварро дар мадди аввал гузоранд.
Ба роҳбарияти Вазорати маориф, муассисаҳои олии таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмии соҳа дастур дода шуд, ки барои таълиму тарбияи босифати кадрҳои ҷавон техникаю таҷҳизоти муосир ворид намуда, аз тамоми имкону захираҳо истифода намоянд. Ҳамчунин ба корхонаҳои истеҳсолии соҳаҳои геология ва саноату энергетика дастур дода шуд, ки барои таҷрибаомӯзии донишҷӯёну олимони ҷавон ҳамаи шароити заруриро муҳайё созанд.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ба ифтихори ифтитоҳи Осорхонаи геологии Тоҷикистон ва такони тоза пайдо намудани корҳо дар ин соҳа 9 декабр Рӯзи геологҳои тоҷик, иди касбии онҳо эълон карда шавад. Пешниҳод бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.11    №: 163    Мутолиа карданд: 2352
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед