logo

сафарҳо

Эмомалӣ Раҳмон: Олмон дар самти аврупоии сиёсати кишвари мо мақоми хоса дорад

Сафари серӯзаи расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон, ки бо пазироии самимӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти ҳар ду кишвар ба аҳамияти он ҷараён гирифт, басо пурсамар буд.
Аҳамияти хосаи ин сафар ва натиҷаҳои пурарзиши он, аз ҷумла аз ҷониби расонаҳои хабарию таҳлилии бешумор ва коршиносони умури минтақавию ҷаҳонӣ, таъкид гардид.

Дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо Кристиан Вулф, Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон,  хонум Ангела Меркел, Канслери федеролии Олмон, роҳбарияти Порлумон ва дигар намояндагони воломақоми ин диёр мулоқотҳо анҷом дод.
Имзои якчанд санади нави ҳамкорӣ, форуми соҳибкорону тоҷирони ду мамлакат, шиносоии наздики Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ширкатҳои олмонии дорои нуфузи ҷаҳонӣ, ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва мулоқоти Сарвари давлат бо тоҷикону ҳамватанони муқими ин кишвар аз натиҷаҳои пурарзиши  сафар мебошанд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар назди Қасри Бэлвюи маркази шаҳри Берлин баргузор гардид.
Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари давлати Тоҷикистонро Кристиан Вулф,  Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон  пешвоз гирифт.
Маросими истиқболи расмӣ бо аксгирии муштараки сарони ду давлат, имзои меҳмони олимақом дар китоби сабти меҳмонони расмӣ, саф кашидани Горди фахрии Олмон, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду давлат, гузаштан аз назди горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии кишвари мизбон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ҷараён гирифт.
Дар вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Кристиан Вулф маҷмӯи васеи масоили ҳамкории сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва ҳамгироии минтақавию ҷаҳонии ду мамлакат  баррасӣ шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон Олмонро "шарики дерина ва мӯътамади Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ" номида, изҳор дошт, ки "Олмон дар самти аврупоии сиёсати хориҷии кишвари мо мақоми хоса дорад".
Аз ҳамкории пурсамари Тоҷикистону Олмон, ки дар доираи нақшаю барномаҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби санадҳои аврупоию байналмилалӣ амалӣ мегардад, изҳори қаноатмандӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба авзои Афғонистон ва мусоидати муштараки Тоҷикистону Олмон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва роҳҳои ислоҳи он зоҳир гардид.
Кристиан Вулф омодагии ҷониби Олмонро ба иштироки фаъол дар Конфронси панҷуми РЕККА - ҳамоиши минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон, ки моҳи марти соли 2012 дар Тоҷикистон баргузор мегардад, таъкид дошт.
"Олмон ҳамчунин аз воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо пуштибонӣ мекунад", - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон.
Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба таъкид дошт.

Ҷанбаҳои гуногуни муносиботи бисёрарсаи Тоҷикистону Олмон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, бо хонум  Ангела  Меркел, Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон баррасӣ ёфтанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Ангела Меркел барои даъвати расмӣ ва меҳмоннавозии самимӣ арзи сипос намуда, аз ҳамшарикии ду кишвар, ки ба меъёрҳои пазируфташудаи баробарҳуқуқӣ, хайрхоҳӣ, эҳтироми мутақобила ва риояи  манфиатҳои якдигар асос ёфтааст, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Он ки муносибатҳои ду мамлакат имрӯз ба сатҳи "ҳамкорӣ ба хотири таъмини рушди устувор" расидаанд, боиси қаноатмандии ҳар ду ҷониб маънидод гашт. 
Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои мунтазами сиёсӣ ва ҳамкории зичи иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, тандурустӣ, маориф ва ҳамчунин ба ҳамгироии амниятӣ ва фарҳангию гуманитарӣ зоҳир гардид.
Бо ишора ба тақвият ёфтани заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии ҳамкории ду кишвар изҳори боварӣ шуд, ки иштироки Олмон дар рушди соҳаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ, сабук, хӯрокворӣ, химиявӣ, коркарди ашёи хоми кишоварзӣ ва ҳамчунин соҳаҳои молия, бонкдорӣ, қарздиҳии хурд ба соҳибкорон ва туризм дар Тоҷикистон тавсеа меёбад.
Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон ба мисли энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ аз самтҳои ояндадори рушди муносиботи ҳасанаи ду кишвар номида шуд. Таъкид гардид, ки нақши Барномаи ҳамгироии минтақавии Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон - ПАТРИП, ки бо дастгирии ҷониби Олмон таҳия ва қабул шудааст, дар ин раванд намоён хоҳад буд. 
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои татбиқи лоиҳаи ба роҳ мондани идораи оқилонаи захираҳои обии фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ арзи қадрдонӣ намуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба таҳкими демократия, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар гуфтугӯ сурат гирифт.
Зимни нишасти матбуотӣ Эмомалӣ Раҳмон ва хонум Ангела Меркел ба масоили рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи робитаҳо таъкид доштанд.
Ба таъкиди Ангела Меркел, Олмон омода аст, ки ба Тоҷикистон барои татбиқи амалии имкону захираҳои фарохи иқтисодиаш, аз ҷумла дар соҳаи энергетика ва дигар арсаҳои афзалиятдори иқтисоди миллӣ кӯмаки фаъол расонад.
Тавре зикр гардид, барои беҳсозии фазои сармоягузории Тоҷикистон низ тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд, то ки соҳибкорони хусусии Олмон ҳам васеъ ҷалб шаванд.

Тафсилоти ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Олмон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати мо,  бо муовини  канслери федеролӣ,  вазири федеролии иқтисод ва технологияи Олмон Филип Рёслер баррасӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми маблағҳои аз ҷониби Олмон ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон равонагардида дар 15 соли охир  ба зиёда аз 130 миллион евро расидааст.
Ҳар ду ҷониб ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, коркарди захираҳои минералӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамчунин рушди туризми экологӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир намуд.
Сипас дар ҳузури  Эмомалӣ Раҳмон ва  Филип Рёслер, ки ҳамчунин раиси ҳизби лебералӣ-демократӣ ва яке аз пешвоёни сиёсии ин кишвар аст, 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Баёнияи якҷоя оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ миёни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Федеролии Олмон;
Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии энергетикии "Dena" -и Олмон;
Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти федеролии илмҳои геологӣ ва захираҳои табиии  Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба ҳамкории илмию техникӣ дар соҳаи илмҳои геологӣ ва захираҳои табиӣ.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, бо роҳбарони ширкату корхонаҳои гуногуни Ҷумҳурии Федеролии Олмон низ вохӯрии басо судманд анҷом дод.
Ҳадафи асосии мулоқот муаррифии имкону захираҳои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва ҷалби сармояи ширкату корхонаҳои олмонӣ ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак буд.
Дар оғоз миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон шахсан лоиҳаҳои сершумори сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвари моро муаррифӣ намуда, ҳавасмандии ҷиддии роҳбарони сохторҳои марбутаи давлатӣ ва соҳибкорони хусусии Олмонро бедор намуд.
Райнер Линднер, раиси Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон ва Штефан Колер, роҳбари Агентии энергетикии ин кишвар, изҳор доштанд, ки барои рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ бо Тоҷикистон омодаанд аз сухан ба амал гузаранд.
Штефан Колер бо ишора ба имзо шудани санади дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика изҳор дошт: "Агентии энергетикии Олмон аз ҷумлаи он созмонҳое нест, ки санадҳои имзошударо пайгирӣ накунад". Ӯ таъкид дошт, ки ба наздикӣ бо ҳайати бонуфузе ба Тоҷикистон омада, барои оғоз ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика тасмим мегиранд.
Ҳамин гуна таваҷҷуҳ, ҳамчунин ба соҳаҳои коркарди маъданҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, рушди туризми кӯҳӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт зоҳир гашт.

Зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо гурӯҳи вакилони Бундестаги (Порлумони федеролии) Олмон масоили ҳамкории байнипорлумонӣ ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои ду мамлакат баррасӣ ёфтанд.
Вакилони Бундестаги Олмон нақши Тоҷикистонро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан барои мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоишта ва иқтисодиёти Афғонистон муҳим арзёбӣ карда, ҳавасмандии роҳбарияти кишвари худро ба рушди бештари ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба иштирок дар татбиқи амалии имкону захираҳои иқтисодии Тоҷикистон, хусусан дар соҳаи энергетикаи барқӣ ва интиқоли нерӯи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ безарар ба Афғонистону Покистон зоҳир гардид.

Дар шаҳри Берлин бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ифтитоҳ ёфт.
Зимни боздид аён гашт, ки бинои сафорат дорои шароити зарурии кори пурсамар барои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Олмон аст.
Бо қаноатмандӣ аз шароити муҳайёшуда, изҳори боварӣ шуд, ки Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва ҳам Сафорати Олмон дар Душанбе барои иҷрои нияту нақшаҳои таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстиву ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судманд минбаъд низ ҷаҳду талош мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо қаноатмандӣ ёдовар гашт, ки Олмон нахустин мамлакати Аврупо буд, ки сафораташ дар Душанбе ифтитоҳ ёфт ва Тоҷикистон ҳам миёни давлатҳои ин қитъаи олам сафорати аввалини худро дар ҳамин кишвар боз намуда буд.

Дар шаҳри Берлин Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо намояндагони сершумори ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ ва донишҷӯёни тоҷики муқими Олмон мулоқоти судманд анҷом дод.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат аз дастовардҳои намоёни Тоҷикистони навин дар замони истиқлолияти давлатӣ, ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо аксари кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ёдовар шуда, ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиро ба густариши робитаҳо бо Тоҷикистон ва ба рушди ҳамкории фарҳангӣ, илмию маърифатӣ ва ҳам иқтисодӣ даъват намуд.
Аз донишҷӯёни тоҷик даъват шуд, ки аз имконоти фарохи донишандӯзӣ дар Олмон, ки аз пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон аст, ба хубӣ истифода намуда, мутахассисони хуб шаванд ва оянда ба халқу Ватани худ хизмати шоиста кунанд.
Аз намояндагии ҷамъияти Тоҷикистону Олмон, ки зиёда аз 100 нафар тоҷику тоҷикистонии муқими ин кишварро фаро гирифтааст ва олимони аврупоии тоҷикшинос даъват карда шуд, ки соли оянда ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар таҷлили навбатии ҷашни байналмилалии Наврӯз ширкат варзанд.
Баъди анҷоми суханронии Сарвари давлат бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се нафар аз олимони машҳур - профессор Манфред Лоренс, профессори Донишгоҳи гумруки Берлин Лутс Жеҳак  ва устоди забони форсии Донишгоҳи дигари Берлин Ғулом Ҷелонии Доварӣ бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон - Ордени Дӯстӣ сарфароз гардонда шуданд. 
Сипас профессор Манфред Лоренс китоби Эмомалӣ Раҳмон "Тоҷикон дар оинаи таърих" - ро, ки ба тозагӣ дар Берлин бо забони олмонӣ тарҷума ва нашр гардидааст,  ба аҳли нишаст муаррифӣ намуд.
Тавре зикр гардид, кунун барои мардуми Олмон, ки ба фарҳангу тамаддуни бостонии тоҷикон ва имконоти ҳамкорӣ бо Тоҷикистони навин таваҷҷуҳи хос доранд,  имкони нав ба миён омад, ки бо таърихи мухтасари ин миллати куҳантамаддун бо забони модарии худ шиносоии бештар пайдо кунанд.
Дар мулоқот, ҳамчунин доктор Ғулом Ҷелонии Доварӣ ва ҳунарпешаи маъруфи тоҷик Лайло Шарифова суханронӣ намуда, доир ба густариши робитаҳо ва рушди ҳамкории судманд пешниҳодҳои муфид ба миён гузоштанд. Аз ҷумла пешниҳод шуд, ки дар Аврупо як Пажӯҳишгоҳи илмии тоҷикшиносӣ ва як шабакаи байналмилалӣ бо номи Садои Тоҷикон таъсис дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар ҷамъбасти мулоқот изҳор дошт, ки ин ва дигар пешниҳодҳои судбахш мавриди омӯзишу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт ва изҳори боварӣ намуд, ки сафари расмии ӯ ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва мулоқотҳои сершумораш ба рушди муносиботи ду кишвар ва боло бурдани нуфузи ҳамзабонону ҳамватанони мо, ки дар ин диёр кору зиндагӣ доранд, такони ҷиддӣ мебахшад.

Зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, ба ширкатии олмонии Сименс ташриф оварда, бо фаъолияти чанде аз корхонаҳои он аз наздик шиносоӣ пайдо намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ширкати Сименс дар зиёда аз 190 кишвари ҷаҳон фаъолият дошта, асосан барои соҳаҳои мошинсозӣ, киштисозӣ, ҳавопаймосозӣ, энергетика, тандурустӣ, компютерсозӣ ва ғайра техникаю таҷҳизот истеҳсол мекунад.
Бо таваҷҷуҳи зиёд ба истеҳсоли техникаю таҷҳизоти соҳаи энергетика, аз ҷумла доир ба истеҳсол, интиқол, таҳвил, тақсимот, ченкунӣ ва назорати истифодаи нерӯи барқ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки намояндагии минтақавии ин ширкат дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёбад.
Чунонки аён гардид, роҳбарияти ширкати Сименс ҳам бо назардошти имконоти фарохи Тоҷикистон дар соҳаи энергетикаи барқӣ маҳз дар ин соҳа азми ташкил ва густариши ҳамкорӣ доранд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон,  ба корхонаи Боши ширкати Сименс ташриф оварда, бо фаъолияти он низ шинос шуд.
Тавре зикр гардид, ин корхона дорои шуҳрати ҷаҳонӣ доир ба истеҳсоли техника барои корхонаҳои саноатӣ, таҷҳизоти механикӣ, электронӣ ва  барқӣ барои соҳаҳои мошинсозӣ, алоқа ва ғайра мебошад. Ин корхона яке аз пештозони ҷаҳонӣ доир ба истеҳсоли техникаю таҷҳизоти барқию электронӣ барои рӯзгор, аз ҷумла яхдон, дарзмол, мошинҳои либосшӯӣ, чангкаш ва ғайра мебошад.
Роҳбарияти  корхона ҳам доир ба рушди ҳамкорӣ бо минтақаи Осиёи Марказӣ аз тариқи Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд.
Дар шаҳри Берлин Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, ҳамчунин аз боғи ботаникии он дидан карда, олимону мутахассисони варзидаи ин соҳаро, ки фаъолияти пурсамари илмию амалӣ доранд, ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон даъват намуд.
Тавре аён гардид, олимону мутахассисони боғи ботаникии Берлин бо хусусиятҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистон ошноӣ доранд, аз ҷумла тавассути китобҳои сершумори биологии худ доир ба кишвари мо ва ҳамкории босамар бо олимони тоҷик.
Аз натиҷаҳои сафари серӯзаи пурмаҳсули Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон бори дигар ёдовар шуда, таъкид бояд дошт, ки он бо пазироии гарму самимии мизбонон ҷараён гирифта, бо натиҷаҳои умедбахш барои рушди ояндаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории пурсамар барои ҳар ду ҷониб ба поён расид.
Натиҷаҳои асосии ин сафар, албатта, мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо Кристиан Вулф, Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон, хонум Ангела Меркел, Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон, роҳбарияти Порлумон ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар ба ҳисоб мераванд.
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тандурустӣ, энергетика, гелогияву кӯҳкорӣ ва сармоягузорӣ, форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар, шиносоии наздики Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ширкатҳои олмонии дорои нуфузи ҷаҳонӣ, ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва мулоқоти Сарвари давлат бо тоҷикону ҳамватанони муқими ин кишвар аз натиҷаҳои пурарзиши ин сафар мебошанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.11    №: 164    Мутолиа карданд: 2177
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед