logo

сафарҳо

Тоҷикистон ва Украина ба соҳибкорону тоҷирон шароити зарурӣ муҳайё месозанд

Рӯзҳои 15 ва 16 декабр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сафари расмӣ дар Украина қарор дошт.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Борисполи шаҳри Киев меҳмони олимақомро бо меҳмоннавозии самимӣ истиқбол гирифтанд.
Барномаи сафари расмӣ бо маросими гулгузорӣ дар назди пайкараи Сарбози номаълум ва иштирок дар маросими "Голодомор" оғоз ёфт.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони назди Дастгоҳи Президенти Украина баргузор гардид.
Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари давлати Тоҷикистонро  Виктор Янукович,  Президенти Украина, пешвоз гирифт.
Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани Горди фахрии Украина, гузориши фармондеҳи горд, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду давлат, гузаштан аз назди горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии кишвари мизбон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ҷараён гирифт.
Масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Украина нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Янукович ва сипас дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб баррасӣ шуданд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ сурат гирифт.
 Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Украина дар соли 2010 ба 200 миллион доллари амрикоӣ расид, ки нисбат ба соли 2009  65% зиёд аст ва имсол низ ин тамоюл идома дорад.
Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, қабл аз ҳама гидроэнергетика ҳамоно аз самтҳои афзалиятдори ҳамкории иқтисодии ду мамлакат  арзёбӣ гардид, зеро 90% дастгоҳҳои техникии нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон дар Украина сохта шудаанд.
Ҳар ду ҷониб ба ҷалби сармоягузорони Украина ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла доир ба таҷҳизоти гуногуни барқӣ, истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ кард.
Ба тариқи лизинг пешниҳод шудани техникаи кишоварзӣ, қатораҳои роҳи оҳани Украина ва иштироки ин кишвар, аз ҷумла доираҳои соҳибкории хусусии он дар бунёди хатҳои нави роҳи оҳан дар Тоҷикистон матлуб дониста шуд.
Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва туризм низ аз самтҳои муҳими муносиботи ду давлат маънидод гашт.
Ба ифтитоҳи филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Украина дар Тоҷикистон ва мубодилаи устодону донишҷӯён ва олимони ду мамлакат  таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Сӯҳбати пурмӯҳтаво, ҳамчунин доир ба ҳамгироии минтақавию байналмилалии ду кишвар, авзои Афғонистон ва роҳҳои барқарорсозии эътидол дар ин диёр ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Сипас дар ҳузури сарони ду давлат 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Украина;
Протокол миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Украина оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байниҳукуматии ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи техникии иттилоот аз 2 апрели соли 2004;
Протокол миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Украина оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байниҳукуматии ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи ҳукуматӣ;
Тафоҳумнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Суди конститутсионии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Украина;
Шартномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Украина;
Созишнома миёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти давлатии вилояти Лугански Украина оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ;
Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Украина.
Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Янукович аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот ва дурнамои робитаҳои гуногунҷанба изҳори қаноатмандӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз Виктор Янукович даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.
Зимни  мулоқоти  расмии сатҳи олӣ Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Виктор Янукович, Президенти Украина, ба ҳамдигар мукофотҳои олии давлатӣ тақдим намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии давлатии Украина - орден "Барои хизматҳо" дараҷаи 1 ва Виктор Янукович бо мукофоти олии давлатии Тоҷикистон - ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гаштанд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Янукович ҳамроҳ ҳамчунин аз Варзишгоҳи бузурги олимпии шаҳри Киев дидан карда, бо ҷараёни омодагиҳо ба қабули чемпионати Аврупо оид ба футбол, ки соли оянда баргузор хоҳад гашт, шинос шуданд.
Виктор Янукович аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ба Киев ташриф биёрад, то ки ҳамроҳ бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо - 2012 - ро тамошо кунанд.
Ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Украина, ҳамчунин дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо Николай Азаров, Сарвазири Украина, баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба барқарорсозии робитаҳои қаблӣ ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судманд зоҳир гашт.
Таъкид гардид, ки кори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва техникӣ, Шӯрои муштараки соҳибкорӣ ва дигар мақомоти кории ду кишвар бояд тақвият дода шавад, то ки тамоми санадҳо ва тавофуқоти ҳосилшуда мавриди татбиқи босамар қарор бигиранд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Янукович дар форуми соҳибкорону тоҷирон низ иштирок намуданд.
Дар форуми мазкур, ки дар бинои Палатаи савдо ва саноати Украина дар шаҳри Киев ҷараён гирифт, зиёда аз 300 нафар соҳибкору тоҷири соҳибнуфузи ду кишвар иштирок дошт.
Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Янукович бо ишора ба имкону захираҳои фаровони истифоданашуда аҳли нишастро ба густариши ҳамкорӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ояндадори Тоҷикистон даъват намуда, изҳор доштанд, ки аз ҷониби роҳбарияти давлатҳо шароити зарурӣ барои онҳо муҳайё хоҳад шуд.
Тавре зикр гардид, иштироки бевоситаи сарони ду давлат дар ин нишаст ва даъвати бевоситаи онҳо аз доираҳои соҳибкории хусусӣ аз омодагӣ ва ҳавасмандии роҳбарияти олии ду кишвар ба таҳким ва тавсеаи ҳамкории сохторҳои сатҳу зинаҳои гуногун гувоҳӣ медиҳад.
Изҳори боварӣ шуд, ки созишномаи оид ба таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорӣ имзо гашта ва ба фаъолият шурӯъ намудани ин сохтор воситаи хуби муколама ва дарёфти роҳу василаҳои нави ҳамкорӣ мегардад.
Мулоқоту суҳбатҳои сершумор ва судманд, ҳамчунин бевосита миёни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар сурат гирифт, ки зимни онҳо тавофуқоти умедворкунанда ҳосил шуданд.
Бегоҳӣ Виктор Янукович, Президенти Украина, ба ифтихори ташрифи расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  зиёфати бошукуҳи расмӣ орост, ки он дар фазои эҳтирому самимияти воло ҷараён гирифт.
16 декабр сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Украина дар шаҳри Днепропетровски ин кишвар идома ёфт.
Дар фурудгоҳи шаҳри Днепропетровск меҳмони олимақомро раиси вилояти Днепропетровск, раиси маҷлиси вилоятӣ, раиси шаҳри Днепропетровск ва дигар шахсони расмӣ бо самимияти хоса ва расму оини миллии меҳмоннавозӣ истиқбол гирифтанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, нахуст ба корхонаи мошинсозии "Южний", ки бештар бо номи "Южмаш" маъруф аст, ташриф оварда, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуд.
Тавре зикр гардид, самти асосии фаъолияти "Южмаш" истеҳсоли мушакҳои барандаи кайҳонӣ, қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳо ва тадқиқотҳои илмӣ-техникии кайҳоншиносӣ буда, дар он ҳамчунин троллейбус ва трактору дигар техникаи кишоварзӣ истеҳсол мешаванд.
Маҳз ба хотири ҳамин корхона Украина чун кишвари дорои иқтидори кайҳоншиносӣ эътироф гардидааст.
Зимни боздид ва шиносоии наздики Эмомалӣ Раҳмон бо кори корхона ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки як корхонаи муштарак доир ба ҷамъсозӣ ва фурӯши тракторҳои ЮМЗ ва дигар мошинолоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон таъсис дода шавад. "Фаъолияти ин корхона бояд бо назардошти талабот дар бозори минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ташкил карда шавад", - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар наздикии "Южмаш" Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Бюрои конструктории "Южний", ки пойгоҳи асосии овозадори илмӣ-техникии корхонаи "Южмаш" буду ҳаст, ташриф оварда, бо корҳои он, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд, аз наздик шинос шуд.
 Тавре иттилоъ доданд, қисмати зиёди мушакҳои ҳарбию кайҳонӣ, аз ҷумла мушакҳои байниқитъавии қӯшунҳои мушакии таъиноти стратегии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳз дар ҳамин маркази илмӣ-технологӣ ихтироъ ва дар "Южмаш" санҷидаю истеҳсол шудаанд.
 Имрӯз бошад ҳайати илмию ихтироотии ин бюрои конструкторӣ бештар ба тадқиқоту ихтирооти кайҳонии таъиноти ғайринизомӣ, аз ҷумла мушак - барандаҳои кайҳонӣ, моҳвораҳо, қисмҳои эҳтиётии онҳо ва қисман ба хизматрасонии мушакҳои ҳарбии ҳанӯз дар қӯшунҳои низомӣ боқимонда машғул мебошад.
 Дар корхонаи "Южмаш" ва Бюрои конструктории "Южний" Эмомалӣ Раҳмонро Леонид Кучма, собиқ Президенти Украина, ҳамроҳӣ намуд.
Сипас ҳайати расмии Тоҷикистон ба Корпоратсияи "Агросоюз"-и Днепропетровск ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши он аз наздик шиносоӣ пайдо кард.
 Зимни шиносоӣ гуфтанд, ки  корхона соли 1991 таъсис ёфта, дар зарфи 20 соли фаъолияташ ба дастовардҳои намоён ноил гардидааст.
 Шуғли асосии аҳли заҳмати он растанипарварӣ, чорводорӣ ва парвариши шутурмурғ буда, тамоми корҳо бо истифода аз технологияҳои пешқадами каммасрафу пурсамар роҳандозӣ гардида, технологияҳои муосири агротехникӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати олмонии ҲОРШ (HORSH) ва дигар шарикони маъруфи ҷаҳонии он ба роҳ монда шудаанд.
 Тавре зикр гардид, Корпоратсияи "Агросоюз"-и Днепропетровск бо маркази муосири таълимӣ ва корҳои намунавии истеҳсолиаш, ҳамчунин барои таҷрибаомӯзии мутахассисони ин соҳа аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешбинӣ гаштааст.
 Зимни боздид барои ташкили ҳамкории босамари ин корхона бо сохторҳои марбутаи Тоҷикистон тавофуқоти муҳим ҳосил шуд.
Нимаи дуюми рӯз дар Донишгоҳи миллии кӯҳкории Украина Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, бо устодону донишҷӯёни он ва намояндагони тоҷикону тоҷикистониёни муқими Украина мулоқот анҷом дод.
 Зимни вохӯрӣ бо устодону донишҷӯён Эмомалӣ Раҳмон бо унвони фахрии профессори  Донишгоҳи миллии кӯҳкории Украина ва медали тиллоии академик Терпигорев сарфароз гашт.
 Дар толори маҷлиси Донишгоҳи миллии кӯҳкории Украина Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, бо донишҷӯёни тоҷик ва дигар тоҷикону тоҷикистониёни муқими Украина, ки  аз гӯшаҳои гуногуни ин кишвар ҷамъ омада буданд, мулоқот намуда, ба суолу дархостҳои сершумори онҳо посух дод.
 Чунонки аён гардид, донишҷӯён аксаран бо ҳисси баланди ифтихори миллию ватандӯстӣ ва масъулияти волои ватандорӣ баҳри омӯзиши илму техникаи муосир, технологияҳои пешқадам ва забонҳои хориҷӣ камар мустаҳкам бастаанд.
 Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло дар ин донишгоҳ 7 нафар донишҷӯи тоҷик бо бурсияи (квотаи) давлатии Украина таҳсили илм мекунад. Қарор аст, ки минбаъд шумораи бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик  зиёд карда шавад. Умуман дар мактабҳои олии Украина ҳоло зиёда аз 400 нафар донишҷӯи тоҷик илм меомӯзад.
 Бо ҳамин сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Украина, ки бо пазироии самимии мизбонон ҷараён дошт, бо натиҷаҳои пурарзиш, аз ҷумла имзои 7 санади нави ҳамкорӣ ва тавофуқоти зиёди дигар ба поён расид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.11    №: 164    Мутолиа карданд: 1866
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед