сафарҳо
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав
19 декабри соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авросиё ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оқил Оқилов, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матлубхон Давлатов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ, Эркин Раҳматуллоев, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ, Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо, Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молия, Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиа, Бахтиёр Худоёров, вазири адлия, Акрам Амонов, муовини котиби Шӯрои амният, Гурез Зарипов, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамроҳӣ мекунанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.12.11 №: 164 Мутолиа карданд: 1961