logo

президент

Дар Тоҷикистон даҳ корхонаи коркарди пӯсту пашм бунёд меёбад

29 декабри соли 2011 таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис нахуст ҳисоботи вазири энергетика ва саноат доир ба рафти татбиқи Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) барои давраи то соли 2015, ки 31 декабри соли 2008 тасдиқ гардида буд, шунида шуд.
Тавре зикр гардид, соли 2008 корхонаҳои коркарди пашму пӯст дар Тоҷикистон бо иқтидори ҳамагӣ 0,8% кор мекарданд. Дар натиҷаи татбиқи барномаи мазкур, ки ҳадафи асосии он ба роҳ мондани коркарди саноатии пашму пӯсти чорво дар дохили кишвар ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ аст, як қатор корхонаҳои мавҷудаи соҳа ба барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии худ шурӯъ намуда, 4 корхонаи нав низ ба кор даромад.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, корҳои анҷомёфтаро нокифоя номида, барои ривоҷ додани соҳа муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии мамлакат ба масъулон супоришҳои мушаххас дод. Тибқи супориши Президенти ҷумҳурӣ,  дар зарфи як соли оянда бояд наздики 10 корхонаи нави коркарди пӯсту пашм дар минтақаҳои гуногуни кишвар сохта, ба кор дароварда шавад.
Сипас раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо" ҳисобот дод.
Ба иттилои раиси кумитаи мазкур, ҳоло аз 17686 нафар ходимони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 4373 нафар бонувон мебошанд, ки дар қиёс ба соли 2003-юм 2416 нафар зиёд мебошад. Шумораи занону духтарони соҳибкор ҳам, аз ҷумла ба туфайли грантҳои ҳукуматӣ, ки ҳар сол ба маблағи умумии 1 миллион сомонӣ ҷудо мегарданд, рӯ ба афзоиш дорад.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дастур дод, ки ба тарбияи занону духтарони болаёқату ташаббускор барои омода ва пешбарӣ кардани онҳо ба корҳои роҳбарӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад.
Лоиҳаи ду қонуни нав - "Дар бораи амнияти нақлиётӣ" ва "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ҳамчунин лоиҳаи як қатор қонунҳо ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи чанд қонун доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи кишвар ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо "Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ", "Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ", "Дар бораи яроқ", "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" ва "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" пешниҳод гаштанд.
Дар маҷлиси Ҳукумат як зумра санадҳои нав, аз ҷумла Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои узвҳои гувориш (ҳозима) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва нақшаҳои генералии маркази ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон тасдиқ шуданд.
Дар охири маҷлис Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, аҳли толор ва дар симои онҳо тамоми мардуми ҷумҳуриро бо Соли нави милодӣ табрику таҳният гуфта, ба масъулон доир ба пурзӯр намудани назорати зиддисӯхторӣ дар рӯзҳои истиқболи Соли нав ва ҳамчунин оид ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2011 супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ба нафарони маъюбу барҷомонда, ятимону бепарасторон, пиронсолон, оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон дар ин рӯзҳо кӯмакҳои хайрия расонанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.01.12    №: 1    Мутолиа карданд: 3824
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед