logo

энергетика

Тоҷикистон ва проблемаҳои фурӯши барқ

Норасоии барқ дар давраи зимистон ва вобаста ба ин роҳандозии  реҷаи маҳдудсозӣ дар истифодаи он боиси ҳар гуна овозаву ҳангомаҳои беасос  мегардад. Имсол ҳам чунин овозаву ҳангомаҳо миёни мардум кам набуданд.
Барои равшанӣ андохтан ба асли воқеият хабарнигори "Ҷумҳурият" ба  ба таҳқиқи масъала машғул шуд.  Ва инак, хулосаҳои ӯ аз он чи  ки бо гӯши худ шуниду бо чашми сар дид, пешкаши хонандагони гиромӣ мегарданд.

ДИДАВУ ШУНИДАҲО АЗ НОРАК
Сӯҳбати мо бо Фазлиддин Шоҳиддинов, сардори неругоҳи асосии мамлакат - Норак, асосан дар атрофии фаъолияти неругоҳ, омодагии он ба давраи зимистон,  ва албатта, вазъи обанбору ҷамъу зам шудани об ба он сурат гирифт. Ба гуфти ӯ, неругоҳ танҳо дар моҳи октябр зиёда аз 693 миллион кВт-соат ва аз аввали сол 8 миллиарду 153 миллион кВт-соат қувваи барқ истеҳсол кардааст. Ин нисбат ба соли гузашта 641 миллион кВт-соат кам аст. Сардори неругоҳ инро дар коҳишёбии талабот ба истифодаи барқ дар системаи энергетики ҷумҳурӣ сабаб медонад. Гап сари он аст, ки дар тобистон бино бар фаровонии об НБО-и Норак ва тамоми силсиланеругоҳҳои дигар метавонанд бо иқтидори пурра кор карда, барқи зиёд истеҳсол намоянд.  Аммо талабот дар ин давра ба барқ нисбат ба зимистон бамаротиб камтар аст. Илова бар ин, бо ҷорӣ гардидани истифодаи чароғ ва дигар таҷҳизоти каммасраф хароҷоти барқ дар ҷумҳурӣ то андозае коҳиш ёфтааст. Аз ин рӯ, дар тобистон, неругоҳҳо вобаста ба талабот кор мекунанд.
Энергетикҳои Норак ба зимистон хуб омода шудаанд.  Алҳол аз 9 агрегати мавҷуда 8-тои он кор мекунад ва яке дар таъмир қарор дорад.  Вале бояд гуфт, ки кори агрегатҳои барқҳосилкунанда, таъминоти барқ, дер ё зуд ҷорӣ гардидани маҳдудсозӣ ё барҳамдиҳии он ба гармию сардии обу ҳаво, аниқтараш миқдори об дар обанбор вобаста аст. Дар сурати барвақт фаро расидани сардиҳо резиши об ба обанбори Норак кам гардида, истеҳсоли барқ бевосита аз захираи оби ғуншуда дар обанбор сар мешавад. Ба ифодаи дигар, агар пештар неругоҳ аз ҳисоби оби фаровони ба обанбор резанда кор мекард, акнун  фаъолияташ бевосита аз  захираи оби дохили он аст ва ин обро тавре бояд сарф кард, ки то охири зимистон  расад.
Бо вуҷуди ин, энергетикҳои Норак бино бар лой гирифтани қаъри обанбор, аз зарфияти он ба пуррагӣ истифода бурда наметавонанд. Аз ҳаҷми умумии 10, 5 миллиард метрии мукааби гунҷоиши обанбор ҳамагӣ 4,5 миллиард метри мукааб об коршоям буда, боқӣ 6 миллиард метри мукааб ҳаҷми мурда, яъне лой аст. Аз рӯи маълумоти худи энергетикҳо, ҳамасола ба обанбор аз 80 то 108 миллион метрии мукааб лой ворид мешавад ва бинобар ниҳоят маблағталаб будан поксозии қаъри он ва набудани ҷойи лойпартоӣ дар атрофии обанбор ин кор ғайриимкон аст. Метавон маблағи калоне ба ин мақсад сарф кард, мегӯянд онҳо, вале лойи баровардаро борон шуста аз нав ба обанбор меорад. Бунёди обанбори иловагии эҳтиётиро низ бинобар аз кӯҳҳо иборат будани чор тарафи мавзеи обанбор аз имкон берун медонанд. Ба гуфти онҳо, ҳоло лойи қаъри обанбор ба нуқтаи баландтарин расидааст ва агар аҳвол ба ин минвол идома ёбад, гунҷоиши об сол ба сол камтар шуда, на танҳо иқтидори неругоҳ ба ҳамин тартиб коҳиш ёфтан мегирад, балки баъди 20 сол он пурра аз фаъолият мемонад.
Чӣ бояд кард, ки ба неругоҳи Норак умри дубора бахшид? Энергетикҳо  ба ин ягона тадбирро дар наздиктарин фурсат ба кор андохтани ду агрегати НБО - и нотамоми Роғун медонанд, ки баъди ин ба обанбор оби тоза дохил мешавад ва он гоҳ неругоҳ метавонад ҳамин қадар неруи барқ истеҳсол кунад, ки ҳоло мекунад.
- Ғайриинтизор барвақт омадани хунукӣ ва вобаста ба ин коҳишёбии ҷараёни воридоти об ба обанбори неругоҳи асосӣ - Норак моро водор сохт, ки дар нимаи моҳи октябр дар минтақаҳо маҳдудият ҷорӣ кунем, - мегӯяд Абдулло Ёров, раиси ширкати "Барқи Тоҷик", - то ки захираи оби обанборро ақаллан то моҳи март расонем.
Табиат пешгӯинашаванда аст. Мо обро барои он сарфа мекунем, ки дар тӯли фасли сармо бебарқ намонем. Шумо худ шоҳид ҳастед, ки зимистони гузашта мо маҳдудиятро пеш аз мӯҳлат барҳам додем, вале нохост воридоти об ба обанбор якбора кам шуд ва лозим омад, ки дар истифодаи барқ дубора лимит ҷорӣ кунем. Пас, миёни мардум ҳар гуна овозаҳои бебунёд пайдо шудан гирифтанд.

ЧАРО БАРҚ НАМЕРАСАД?
Дар кишвар 6 неругоҳи нисбатан калон ва зиёда аз 200 неругоҳи хурд ба қайд гирифта шудаанд. Ҳар шабонарӯз дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна қариб 40 миллион кВт - соат неруи барқ истеҳсол карда мешавад. Агар инро ба истеҳсол ва истифодаи барқи ҷумҳурӣ дар солҳои шӯравӣ муқоиса кунем, чандин баробар зиёд аст. Бо вуҷуди ин, ҳамин ки фаслҳои тирамоҳу зимистон фаро расиданд, дар таъминот мушкилот пеш меояд. Чаро? Чунки энергетикаи мо бори вазнини иҷтимоиро бар душ дорад. Ҳама бори худро болои барқ партофтаем. Шумораи аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳои нав дар ҷумҳурӣ сол ба сол афзоиш меёбанд. Имрӯз барқ дар ҷумҳурӣ на танҳо воситаи истеҳсоли равшанӣ, балки манбаи асосии гармию пухтупаз ва беш аз ҳама тавлидии    корхонаҳои саноатӣ гардидааст. Қариб ҳама корхонаҳои саноатии кишвар бо барқ кор мекунанд ва бахши аъзами барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшударо "мехӯранд". Хонаҳои мо дар зимистон асосан тавассути асбобҳои барқӣ гарм карда мешаванд, ки аксарият кӯҳнаи сермасрафанд. 
Ба ин нигоҳ накарда, дар ҷумҳурӣ реҷаи истифодаи қувваи барқ ба мақсад мувофиқ риоя намегардад. Қонун "Дар бораи сарфаи энергия" ҳанӯз соли 2002 қабул шудаааст, вале назорати иҷрои он суст аст. Бисёр корхонаҳои саноатӣ ва аҳолӣ то ҳол аз таҷҳизоти барқии сермасраф истифода мебаранд. Дар натиҷа моли  истеҳсолкардаамон бо сарфи барқи зиёд гаронарзиш мешавад. Мо ба ҳар доллар ҳаҷми умумии маҳсулот нисбат ба Ҷопон даҳ баробар бештар қувваи барқ сарф мекунем. Ба ин наметавон муросо кард. Чунки рақобатпазирии маҳсулоти худро дар бозор гум карда, оқибат касод мешавем.
Аз ин рӯ, дар соҳа ислоҳот зарур аст, то ки реҷаи қатъии таъминоти барқ ҷорӣ гардад. Қонуни дар ин боб қабулшуда аллакай ба ҳалли як қатор проблемаҳо мусоидат намудааст. Алҳол он бетартибии солҳои пеш, ки 325 ҳазор хона ҳисобкунаки барқӣ надошт, бартараф шудааст. Бо насб шудани ҳисобкунакҳои нави барқӣ ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ ҳам ба маротиб афзудааст. Дар худи як шаҳри Душанбе ин маблағ моҳона аз 8 миллион сомонии солҳои пеш ба 18 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз талафи беҳудаи қувваи барқу барқдуздӣ, қарздории аҳолӣ ва корхонаҳои калони саноатӣ аз истифодаи барқ барҳам нахӯрдаанд. Чанд рӯз қабл кормандони соҳаи барқ дар худи як ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар як санҷиш даҳҳо чунин камбудиро ошкор намуданд.
Чаро барқ намерасад? Барои он ки фиребгарию тақаллубкорӣ, ҳисоботу омори  бардурӯғ дар истифодаи барқ ҷой дорад.
- Аз рӯи ҳисобот дар бист соли истиқлолият дар ҷумҳурӣ беш аз 200 неругоҳи хурди барқӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки солона зиёда аз 100 миллион кВт - соат барқ истеҳсол мекунанд. Зарфияти истеҳсолии онҳоро метавон то ба 600 миллион кВт - соат афзоиш дод. Аммо санҷиш дар сохтмон ва фаъолияти ин неругоҳҳо тақаллубкориҳои зиёдеро ошкор намуд. Маълум шуд, ки чанде аз соҳибкорон барои бунёди ин гуна иншоот аз созмонҳои байналмилалӣ грант (маблағи бебозгашт) гирифта, дар мавзее неругоҳ сохтаанд, ки аз об дарак нест. Ин гуна соҳибкорони дасту дилашон нопок таҷҳизоти кӯҳна ва корношоямро аз куҷое ёфта, дар ҷойи беоб насб карданду худ гурехта пинҳон шуданд. Аз 200 неругоҳи сохташуда алҳол қариб нисфи он бо ин сабаб кор намекунад. Чунин ҳодисаҳои номатлуб беш аз ҳама дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Ғарм ба қайд гирифта шудаанд, - мегӯяд Шодӣ Шабдолов, узви раёсати Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии порлумон.

БАРҚ ФУРӮШЕМ
Ё НАФУРӮШЕМ?

Чи тавре ки дар боло гуфтем, бозори фурӯши барқи Тоҷикистон айни замон маҳдуд аст. Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ барқи моро намехаранд ва ё Ӯзбекистон барои аз ҳудуди худ интиқол додани барқи Тоҷикистон ба он кишварҳо имконият намедиҳад. Ягона бозори берунаи фурӯши барқи мо Афғонистон боқӣ мемонад. Мо ба минтақаи шимоли ин ҳамсоякишвар аз ҳисоби неругоҳи "Сангтӯда-1" ва ба Бадахшони Афғонистон аз ҳисоби "Помир Энержӣ" дар тобистон зиёдтар ва дар зимистон камтар  барқ содир мекунем. Содироти барқи мо алҳол 7-8 мегават аст, ки бо ин наметавонем  доро шавем, вале интиқоли онро зарур медонем. Чаро? Чунки бозори ин минтақаро бояд дар даст нигоҳ дошт. Мо нафту гази фаровон надорем ва зарурат пеш омадааст, ки барои ҷуброн кардани ин камбудӣ аз захираҳои дар Осиёи Марказӣ беназири  гидроэнергетикиамон ҳарчи бештар истифода барем. Бо ҳамин мақсад мо "Сангтӯда -1",  "Сангтӯда -2", даҳҳо неругоҳи хурд сохтем ва "Роғун" месозем. Месозем, ки мӯҳтоҷи дигарон набошем, худро пурра бо барқ таъмин карда, иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор дарорем, саноатро рушд диҳем ва ҳам, албатта, барқи зиёдатии худро ба бозор барорем. Бале, ба бозор барорем. Зеро ҳама моли аз эҳтиёҷ   зиёдатии худро ба бозор мебароранд.
Агар чунин нест, ин қадар саъю талошҳо, мақсадҳои пешгузоштаи мо дар бобати рушди системаи энергетика ва бардошти манфиат аз захираҳои фаровони энергетикӣ ҷомаи амал намепӯшанд ва ҷумҳурии мо дар муҳосираи энергетикӣ монда, чуноне ки баъзе ҳамсоягони мо ҳаминро мехоҳанд, пеш рафта наметавонад ва муҳимтар аз ҳама системаи энергетикии худро мустаҳкам карда наметавонем. Вале дар муқобилати сахти ҳамсоягони бахилу нотавонбин ин кор бо душворӣ амалӣ мешавад.
- Ба ин бозор айни замон даромадан мушкил аст. Мо метавонем қувваи барқи худро дар он ҷо бо нархи 3,5 сент фурӯшем, вале ҷониби афғонӣ  мехоҳад, ки ба таври доимӣ барқ диҳем. Мо бошем, алҳол чунин имконият надорем, чунки дар зимистон ба худамон барқ намерасад, вале аз тарафи дигар, барқ надода, ин бозорро аз даст медиҳем. Ин ҷо лозим аст, ки аҳолӣ сабаби ба Афғонистон дар зимистон ҳам каму беш барқ додани моро фаҳмад, зеро ин фоида барои ҳама аст. Ба мо лозим аст, ки системаи энергетикии худро, ки дар вазъияти душвор қарор дорад, барқарор кунем. Ӯзбекистон ҳатто дар давраи тобистон дар вилоятҳои Қашқадарёву Сурхондарёи худ маҳдудият ҷорӣ карда, ба Афғонистон бо қимати 7 сент ба 1 кВт - соат барқ мефурӯшад, то ки барои нигаҳдории системаи энергетикии худ маблағ ба даст оварад. Ин ба фоидаи ҳамаи мардуми ин кишвар аст. Агар мо метавонистем ҳар шабонарӯз бо нархи 3,5 сент ба Афғонистон дар ҳаҷми 25 мВт барқ фурӯшем, магар ин ба манфиати мо намешуд? Ин ҷо бояд фикри мо энергетикҳо ва аҳолии кишвар ба ҳамдигар наздик бошад, нуқтаи ҳамдигарфаҳмиро пайдо кунем,- мегӯяд Одинамамад Чоршанбиев, сардори Хадамоти марказии диспетчерии системаи энергетики ҷумҳурӣ.

АФЗОИШИ РАҚОБАТ
БАРОИ ТАСАРРУФИ БОЗОРҲО
Барқ дар оянда боигарии асосии мо хоҳад шуд, зеро Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикист. Мувофиқи ҳисоби коршиносон захираҳои энергетикӣ дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ 554,5 миллиард кВт-соатро ташкил медиҳад, ки аз ин 525 миллиард кВт- соаташ ба Тоҷикистон рост меояд. Ва аз рӯи таҳқиқи Бонки Ҷаҳонӣ дар тӯли 10-15 соли минбаъда эҳтиёҷоти минтақа ба неруи барқ аз 180 миллиард кВт-соат ба 206 миллиард кВт-соат хоҳад расид. Дар ин ҳол на  фақат Афғонистону Покистон, балки кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ба барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тозаи тоҷик эҳтиёҷи калон пайдо хоҳанд кард. Аз ҳамин сабаб ҳам Ӯзбекистон бунёди "Роғун"-ро намехоҳад, ба Покистон дар баҳои қатъи ҳамкории энержӣ бо Тоҷикистон ваъдаи сохтани ду нерӯгоҳро кардааст, зиёда аз ин  ба Афғонистон  ҳушдор медиҳад, ки дар сурати гирифтани барқи Тоҷикистон то ба пойтахти кишвараш - Кобул интиқоли барқро ба тамоми минтақаҳои афғонӣ, ки то ҳол аз барқи  ӯзбекӣ истифода мебаранд, пурра қатъ хоҳад кард. Ин ҳама касро ба хулосае меорад, ки Ӯзбекистон бо ҳар роҳу восита ба ниятҳои Тоҷикистон  дар боби фурӯши барқ ба Афғонистону Покистон латма заданӣ ва барои пурра ба даст овардани бозори энержӣ дар ин ду кишвар  пайваста дар талош аст. Туркманистон ҳам ба Афғонистон хати баландшиддати 500 - киловолтаи барқи худро кашиданист.
Ҳамин тавр, бозори рақобат дар фурӯши барқ ба Афғонистону Покистон торафт гарм мешавад.
Охирҳои моҳи июли соли ҷорӣ миёни "Барқи тоҷик" ва ширкати хусусии "Дамс"-и Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар мавриди интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон қарордоде ба имзо расид, ки мувофиқи он ҷониби Тоҷикистон бояд баробари ба кор даромадани хати нави интиқоли 220 - киловолтаи "Сангтӯда-Пулихумрӣ" дар моҳҳои августу сентябр ба Афғонистон 45 миллион киловатт. соат нерӯи барқ медод. Дар қарордоди имзошуда ҳам интиқоли кафолатдор ва ҳам бекафолати нерӯи барқ  пешбинӣ шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон бо ҳисси баланди масъулият дар иҷрои ин қарордод  сохтмони хати мазкурро дар ҳудуди  худ ҳанӯз соли гузашта анҷом дод. Вале ҷониби афғонӣ бино бар вазъи ноором дар  Афғонистон бунёди ин хатро дар ҳудуди худ саривақт ба субут расонида натавониста, боиси таъхир дар иҷрои  қарордод гардид. Пас, вақте ки бунёди хат дар он сӯи дарёи Панҷ  анҷом ёфт, ба гуфти масъулони "Барқи тоҷик", ширкати "Дамс"  дар мавриди қабули барқи Тоҷикистон шарт пеш гузоштааст, ки барқ муттасил ва доимӣ дода шавад, зеро он то ба пойтахти ин кишвар - Кобул меравад. Дар сурати доимӣ  набудан аҳолии Кобул, ки ҳоло аз Ӯзбекистон ба таври доимӣ барқ  мегирад, норизоӣ хоҳад кард. Ба ин хотир, бо вуҷуди қимати гарон доштанаш (7,5 сент) наметавонад аз барқи доимии ӯзбекӣ даст кашида, ба барқи мавсимии тоҷикӣ (3,5 сент) рӯ биоварад.
Ҳамин тариқ, ба ин нигоҳ накарда, ки тобистони соли 2010  об аз обанбори нерӯгоҳи Норак лабрез шуда, аз сабаби набудани бозори хориҷии фурӯши барқ дар кишвар 5 миллиард кВт- соат ва соли гузашта  беш аз 2,5 миллиард кВт - соат нерӯи барқ талаф ёфт, мо  бо хати наве, ки бо мақсади ҳарчи бештари тиҷорати барқ ба Афғонистон сохтем, ба таври дилхоҳ барқ фурӯхта натавонистем. Шимоли Афғонистон, ки дар тобистон ба миқдори муайян барқ мегирад, корхонаи саноатӣ надорад, аз ин рӯ, ҳоло эҳтиёҷи ин минтақаи кишвар кам, танҳо барои эҳтиёҷоти аҳолист.
- Умуман ба Афғонистон тавассути ду хат мо барқ медиҳем, - мегӯяд муовини сармуҳандиси ширкати "Барқи Тоҷик"  Рашид Гулов. - Яке аз Шерхонбандар то Пулихумрист, ки тобистон дар ҳаҷми 7-8 мегават барқ интиқол дода мешавад. Оид ба Лоиҳаи хати интиқоли барқи 220 киловолтаи "Сангтӯда-Пулихумрӣ" метавон гуфт, ки ин хат чи аз тарафи Афғонистон ва чи Тоҷикистон пурра сохта, ба истифода дода шудааст. Фақат таъхир дар сохтмони зеристгоҳҳои Қундуз ва Бағлон ҷой дорад. Мутобиқи он нақшае, ки ҷониби Афғонистон ба мо пешниҳод кардааст, сохтмони ин зеристгоҳҳо моҳҳои май-июни соли 2012  ба охир хоҳанд расид. Новобаста аз ин, тавассути ин хат аз 6 октябри соли ҷорӣ содироти неруи барқ ба Афғонистон оғоз ёфтааст ва ҳаҷми ҳозираи он 6-8 мегаватро ташкил медиҳад. Ва асосан бояд гуфт, ки тарафи Афғонистон барои қабули неруи барқ омода нест. Яъне шабакаҳои тақсимкунанда дар Афғонистон то ҳол ба он дараҷае рушд наёфтаанд, ки пурра нерӯи барқро мутобиқи тавоноии ин хати интиқоли барқ (ХИБ "Сангтӯда-Пулихумрӣ" -Н. Х.) таъмин намоянд. Ва бо сохта, ба истифода додани зеристгоҳи Қундуз ва Бағлон истифодаи пурраи ин хати интиқоли барқ соли оянда, чӣ хеле ки дар шартномаи дуҷониба омадааст, дар фаслҳои баҳору тобистон, моҳҳои апрел то сентябр ба роҳ монда хоҳад шуд.
Хотиррасон бояд кард, ки бунёди хати баландшиддати 220 - киловолта аз Неругоҳи "Сангтӯда-1" - и Тоҷикистон то шаҳрҳои Қундузу Пулихумрии Афғонистон  моҳи феврали соли 2010 шурӯъ шуд. Дарозии ин хат дар ҳудуди Тоҷикистон 118 километр ва дар ҳудуди Афғонистон 164 километрро ташкил медиҳад.
Ба мулоҳизаи таҳлилгарони дигар, агар Тоҷикистон дар вақтҳои наздик масъалаи содироти қувваи барқ ба Афғонистонро ҳал накунад, метавонад ин бозорро аз даст диҳад ва минбаъд бозори Покистонро низ. Манфиатхоҳии бозингарони калон мисли Амрико, Русия ва Ӯзбекистон дар ин бозор, ки ҳар кадом  манфиати худро пеш мегузорад, ба татбиқи лоиҳаҳо, аз ҷумла "КАССА-1000", имконият намедиҳад, мегӯянд онҳо.
Дар мавриди он, ки ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ оё метавонанд минтақаҳои алҳол бо барқи тоҷик таъминшавандаро дар Афонистон ахзуд кунанд, Рашид Гулов хавферо намебинад.
- Ба Афғонистон ғайр аз Тоҷикистон аз Ӯзбекистон, Туркманистон ва Эрон барқ содир карда мешавад. Ин таъминот ҳоло минтақавӣ шуда истодааст. Яъне Ӯзбекистон ба як минтақа, Тоҷикистон ба минтақаи шимол - Қундуз ва Пулихумрӣ, Туркманистону Эрон ба минтақаи ғарбии Афғонистон барқ интиқол медиҳанд. Ин минтақаҳо метавон гуфт, ки аллакай тақсим шудаанд, - мегӯяд ӯ.
Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, дар робита ба баҳси ширкатҳои "Дамс" ва "Барқи тоҷик" бо баргузории як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки воқеаро набояд зиёда аз баҳси ду ширкат ҷилва дод. "Ин танҳо баҳси ду ширкат аст, вале Афғонистон ҳамеша ба барқи Тоҷикистон ниёз дорад. Мавқеи ҳукумати Афғонистон ин аст, ки ба ҳарчи шароите Тоҷикистон барқ  диҳад, Афғонистон ниёз дорад. Ва агар ба ҳар куҷое ҳам, ки Тоҷикистон мехоҳад, барқашро содир кунад, чи ба Покистон ва чи ба Эрон, Афғонистон мусоидат хоҳад кард".

Н. ХУДОЙБАХШ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.12    №: 3-6    Мутолиа карданд: 3543
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед