маориф
Парвандаи 305 нафар мутахассиси ҷавон ба суд ирсол гардид
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки барои иҷро гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ шуд. Дар иртибот ба он китоби "Қонуни раҳнамо" таҳияву нашр ва дастраси муассисаҳои соҳаи маориф гардид.
Дар мавриди нарасидани омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ изҳор шуд, ки раёсату шӯъбаҳои маориф барои 4354 нафар омӯзгор дархост пешниҳод намуда буданд. Ин талабот аз ҳисоби мутахассисони ҷавон ва таҷрибаомӯзони дарозмуддат таъмин шудааст. Ҳоло бошад, 34 омӯзгор намерасад. Нисбат ба 305 нафар мутахассиси ҷавоне, ки тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир нагардиданд, оид ба баргардонидани маблағҳои буҷетӣ парвандаҳо омода ва ба суди шаҳру ноҳияҳо фиристода шудаанд.
Дар посух ба пурсиши хабарнигорон вазир гуфт, ки хонандагони болаёқат аз олимпиадаҳои байналмилалӣ 93 медал ба даст оварданд, ки аз ин 18-тоаш тилло мебошад. Аз 874 нафар иштирокчии давраи ҷумҳуриявии Олимпиадаи хонандагони (синфҳои 11) 33 нафар ғолиби ҷойи якум ва 70 нафар ғолиби ҷойи дуюм шуданд.
Мафтуна БАХТИБЕКОВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.12 №: 8 Мутолиа карданд: 5613