энергетика
Кони "Фон - Яғноб": истихроҷи ангишт меафзояд
Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қувваи барқро самарабахш истифода намудани корхонаю муассисаҳои кишвар як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ мекунад, ки усули ба истифодаи ангишт гузаронидани корхонаҳои саноатӣ аз ҷумлаи онҳост.
Тайи соли 2011 як қатор корхонаҳо, аз ҷумла 6 сементбарорӣ, 80 хиштпазӣ, 23 филизгудозӣ ва як корхонаи шишасозӣ фаъолияти худро дар заминаи истифодаи ангишт ба роҳ мондаанд.
Корхонаи кони "Фон - Яғноб" дар соли 2011 77 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2010 баробари 35 ҳазор тонна зиёд аст.
Кони "Фон - Яғноб" бо корхонаи шишасозии шаҳри Қайроққум қарордод баста, онро бо 7 ҳазору 778 тонна ангишт таъмин намуд, ки бешак, он қарордоди судманд аст. Ҳамзамон корхона 20 ҳазору 331 тонна ангиштро ба хориҷи кишвар баровардааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.12 №: 8 Мутолиа карданд: 3236