logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ РАҲМОН: "Мавқеи Тоҷикистон устувор аст"

12 январи соли 2012  Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Чэн Чжили, намояндаи махсуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумиро ба ҳузур пазируфт.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба ифтихори солгарди 20-уми муносиботи дипломатии Тоҷикистону Чин ташриф овардани намояндаи воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чинро нишонаи сатҳи баланди равобити дӯстона ва ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ намуд.

"Мавқеи Тоҷикистон доир ба ягонагӣ ва якпорчагии мамлакати ҳамсоя бо принсипи "Чини ягона" устувору тағйирнопазир аст", - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат.
Чэн Чжили  ҳам муносиботи ду давлатро дорои хислати дӯстӣ, ҳамсоягии наку ва ҳамкорию ҳамшарикии гуногунпаҳлу номида, таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ таҳкиму тақвияти истиқлолияти ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.
Гуфтугӯи судманд доир ба роҳҳои густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Чин сурат гирифт.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулоти миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2011 нисбат ба солҳои аввали муносиботи дипломатии ду кишвар 600 маротиба афзудааст.
Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба иштирок дар татбиқи амалии лоиҳаҳои энергетикӣ, саноатӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, аз қабили бунёди неругоҳҳои барқ, кашидани хатҳои интиқоли неруи барқ, роҳҳои оҳану мошингард ва ғайра, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, таъкид доштанд.
Ҳамчунин доир ба роҳҳои мусоидат ба эҳёи иқтисодиёти Афғонистон ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар он ва ҳамшарикии Тоҷикистону Чин дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар шуд.

www.president.tj


Чен Чжили, намояндаи махсуси Ху Сзинтао, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки ба муносибати 20-умин солгарди истиқрори муносиботи дипломатии Тоҷикистону Чин вориди Душанбе шуд, аз тавсеаи равобити судманд миёни ду кишвар истиқбол кард. Ин меҳмони баландпоя, ки баъд аз дидору мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳузури хабарнигорон сӯҳбат мекард, аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт, илму техника, маориф, фарҳанг ва иттилоот тавсиф намуд.
Чен Чжили аз вусъати ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба изҳори хушҳолӣ намуда, афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар 11 моҳи соли 2011-ро нишонаи сатҳи баланди равобит дар доираҳои гуногуни ду кишвар номид. Бино ба омори зикршуда, дар ин давра гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Чин 1 миллиарду 891 миллион доллари амкрикоиро ташкил додааст, ки ин нишондод дар муқоиса ба солҳои аввали муносиботи дипломатӣ 600 маротиба зиёд аст.
Бино ба гуфти намояндаи махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин, зимни мулоқот бо Сарвари давлати Тоҷикистон ҷонибҳо ҷиҳати иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни саноатӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, бунёди роҳҳои оҳану мошингард ҳавасмандии худро таъкид кардаанд. Мавсуф итмонон дод, ки дар пайи ин сафар ба Тоҷикистон, сӯҳбат бо Сарвари давлат ва дигар доираҳои роҳбиркунандаи кишвар заминаҳои нави ҳамкорӣ ба миён омадаанд.
Зимнан таъкид шуд, ки фазои кунунии робитаҳо баёнгари дурнамои вусъати бештари ҳамкориҳо буда, Тоҷикистону Чин ба унвони ҳамсояҳои наздик, дӯст ва шарикони боэътимоди ҳамдигар боқӣ хоҳанд монд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.12    №: 9    Мутолиа карданд: 2019
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед