logo

мулоқотҳо

Эстония аз Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад

12 январи соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, Урмас Паэт - вазири корҳои хориҷии Эстонияро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, қабул кард.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои барои ҳар ду ҷониб судбахш ва таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ зоҳир гашт.
"Тоҷикистон рушди пайвастаи равобит бо мамолики аврупоии назди Балтика, аз ҷумла Эстонияро муҳим мешуморад", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон.
Таъкид гардид, ки мавқеи ҳамсон ва ё наздики Тоҷикистону Эстония оид ба бисёр масоили умдаи сиёсати байналмилалӣ заминаи хуби ҳамгироии ду кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ аст.
Ҳар ду ҷониб ба густариши ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла бо назардошти бозори Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Урмас Паэт изҳор дошт, ки Эстония аз воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо пуштибонӣ мекунад.
Гуфтугӯи судманд доир ба омодагӣ ба Конфронси навбатии РЕККА - Форуми ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, сурат гирифт.
Ҳамчунин доир ба роҳҳои ҳалли қазияи бисёрсолаи Афғонистон ва ба сулҳу созиш ва корҳои созандагӣ раҳнамун намудани неруҳои манфиатдори ин кишвар табодули назар шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.12    №: 9    Мутолиа карданд: 1972
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед