logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2011-ум ва вазифаҳо барои соли 2012, шаҳри Душанбе, 18 январи соли 2012

Мӯҳтарам аъзои Ҳукумат!
Ҳозирини гиромӣ!

Cоли 2011 дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар ҳамчун соли таърихӣ нақши барҷаста боқӣ гузошт. Истиқболи ҷашни бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Ватани азизамон ва ба истифода додани садҳо иншооти хурду бузурги таъиноти гуногун боиси боз ҳам афзудани иқтидори иқтисодии кишварамон ва болоравии сатҳи зиндагии мардум гардида, ба рушди минбаъдаи давлатамон тақвият бахшид.
Мо бояд раванди созандагиву бунёдкориро минбаъд низ ҳадафи асосиамон қарор дода, истифодабарии самараноки ҳамаи воситаву захираҳои мавҷударо барои идома додани корҳои созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ободии диёр ва таҳкими имкониятҳои воқеии кишварамон таъмин намоем.
Дар шароити кунунӣ яке аз мушкилоти ҷиддие, ки мамолики мутараққии ҷаҳонро ба ташвиш оварда, раванди рушди онҳоро осебпазир гардонидааст, буҳронҳои пайдарпайи молиявию иқтисодӣ мебошад. Ин раванд ба муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ халали ҷиддӣ расонида, низоми мавҷудаи иқтисоди ҷаҳониро заифу коста мегардонад.
Илова бар ин, як қатор қазияҳои дигар, аз қабили болоравии нархи сӯзишвориву озуқаворӣ дар бозорҳои минтақавию ҷаҳонӣ, коҳиши рӯзафзуни захираҳои табиӣ, тағйирёбии иқлими сайёра ва ба вуқуъ омадани офатҳои табиӣ, аз ҷониби дигар афзоиши аҳолӣ ва авҷ гирифтани сатҳи бекорӣ дар арсаи ҷаҳон, инчунин дигар мушкилот  дар баъзе манотиқи олам вазъи иҷтимоиву иқтисодии глобалиро душвор сохта истодаанд.
Омилҳои мазкур ба раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон, ки ҳамчун иқтисоди кушод як ҷузъи иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад, бетаъсир намемонанд.
Ҳукумати мамлакат дар асоси афзалиятҳои муайянгардида ва ҳадафҳои стратегии кишвар дар роҳи ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ пайваста азму талош дорад, ки ҳадафи ниҳоии онҳо таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва  зина ба зина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.
Таҳаввулоту тамоюлҳое, ки фазои иқтисодии ҷаҳони муосирро фаро гирифтаанд, ба роҳ мондани ҳисобу китоби аниқ, шаффофият ва истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, ҳарчи бештар ба кор андохтани захираву имкониятҳои дохилиро дар ҳамаи соҳаҳо тақозо дошта, аз ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ҳар як фарди ҷомеаи кишвар дар кору фаъолияти ҳаррӯза дарки масъулиятшиносӣ ва муносибати боз ҳам ҷиддиро талаб мекунанд.
Зеро таъмини суботи иқтисодиву рушди устувор ва муътадил нигоҳ доштани вазъи иҷтимоии мардум дар чунин шароити ҳассос аз иштироки фаъолона ва саҳми бевоситаи ҳар як узви ҷомеаи кишвар, махсусан роҳбарони тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҳамаи хизматчиёни давлатӣ вобастагии калон дорад.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Чунон ки аз ҳисоботҳои имрӯза бармеояд, дар натиҷаи татбиқи саривақтии чораҳои зарурӣ рушди устувори нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардид ва дар соли 2011-ум маҷмуи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2010-ум ба андозаи 7,4 фоиз афзоиш ёфта, 30,1 миллиард сомониро ташкил кард. Махсусан, даромади воқеии аҳолии мамлакат тадриҷан беҳтар гардида, соли 2011 нисбат ба соли 2010 беш аз 18 фоиз ва дар 5 соли охир зиёда аз 2 баробар афзоиш ёфт.
Соли 2011 рушди иқтисодиёт асосан аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (6 фоиз), кишоварзӣ (8 фоиз), гардиши савдои чакана (9 фоиз) ва афзудани хизматрасониҳо (беш аз 11 фоиз) таъмин карда шуд.
Дар баробари ин, соли сипаришуда нархи молҳои озуқаворӣ ва ғайриозуқа, инчунин хизматрасонӣ нисбатан боло рафта, сатҳи таваррум дар бозори истеъмолӣ 9,3 фоизро ташкил намуд.
Бо мақсади таъмини минбаъдаи рушди устувори иқтисодӣ, ноилшавӣ ба амнияти озуқавории мамлакат, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо ва ҳамаи хизматчиёни давлатӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати идома додани ислоҳоти идоракунии давлатӣ, татбиқи сифатноки барномаҳои рушди соҳавию маҳаллӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, истифодаи шаффоф ва мақсадноки  маблағҳои буҷетӣ, инчунин мубориза бо коррупсия тадбирҳои амалӣ андешанд.
Вобаста ба масъалаҳои зикршуда, Вазорати рушди иқтисод ва савдоро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ҷиҳати идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, кам кардани таъсири манфии бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ дар соли 2012 ва нигоҳ доштани рушди мӯътадили иқтисодиёти кишвар ҷараёни иҷрои барномаҳои рушди соҳавӣ ва маҳаллии мамлакатро мунтазам таҳлил намуда, барои амалӣ шудани онҳо чораҳои мушаххас андешад.
Ҳамчунин зарур аст, ки ҷиҳати устувор гардидани низоми иқтисодии мамлакат нисбат ба омилҳои беруна ва идомаёбии зуҳуроти бӯҳрони иқтисодӣ тадбирҳои мушаххас ва муассир андешида шаванд.
Илова бар ин, бо мақсади пешгирии таъсири манфии бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишвар ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои мамлакат Барномаи мушаххаси дастгирии фаровонӣ ва осудагии бозори истеъмолиро аз рӯи намудҳои асосии маҳсулоти хӯрока таҳия намуда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Барои таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт зарур аст, ки пеш аз ҳама омилҳои истифодаи васеи имкониятҳои воқеии кишвар ва рушди соҳаҳои истеҳсолиро тавассути коркарди ашёи хоми ватанӣ ба инобат гирифта, корхонаҳои дорои технологияҳои ҳозиразамони коркарди маҳсулотро бунёд кунем ва барои таъмини фаъолияти муназзами онҳо дар самти  рушди иқтидори содиротии мамлакат мусоидат намоем.
Аз ин рӯ, ба Ҳукумат ва вазорату идораҳои мамлакат, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати бунёди корхонаҳои истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла дар асоси васеъ ба роҳ мондани коркарди меваю сабзавот ва маҳсулоти чорво ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии кишвар чораҳои судманд андешанд.
Дар ин самт, пеш аз ҳама, вусъат бахшидани фаъолияти корхонаҳои коркарди нахи пахта, алюминий, маҳсулоти кишоварзӣ (дар навбати аввал меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза) ва коркарди гиёҳҳои шифобахш бо истифода аз қувваи корӣ, нерӯи барқ ва ашёи хом, ки дар мамлакатамон нисбатан арзон мебошанд, метавонад ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани қобилияти рақобати он дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат намояд.
Дар баробари ин, диверсификатсияи истеҳсолотро ба роҳ монда, ҷиҳати замонавӣ гардонидани истеҳсолоти ватанӣ технологияҳои муосиру инноватсиониро ҳарчи бештар истифода ва татбиқ кардан зарур аст. Ин имконият медиҳад, ки молу маҳсулоти истеҳсоли  ватанӣ дар бозорҳои дохиливу ҷаҳонӣ рақобатпазир гардида, иқтидори содиротии мамлакат қавитару васеътар гардад.
Таҷрибаи кишварҳои пешрафта собит сохтааст, ки ба ҷараёни истеҳсолот ҳарчи бештар ҷалб намудани қувваи кории нисбатан баландихтисос ва технологияҳои инноватсионӣ аз бисёр ҷиҳат муфид аст.
Аз ин ҷиҳат Ҳукумати Тоҷикистон бояд масъалаи баланд бардоштани рақобатпазирии қувваи кориро дар бозори меҳнат ҳамчун самти афзалиятнок ва зудбоздеҳ мувофиқи имкон сармоягузорӣ намояд.
Бояд гуфт, ки дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар соҳаи хизматрасонӣ ҳиссаи назаррас дошта, дар соли 2011-ум 44,7 фоизро ташкил додааст. Вобаста ба ин, дар самти тараққӣ додани хизматрасониҳои молиявию бонкӣ, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ, инчунин дар соҳаҳои коммуникатсияву алоқа ва бахшҳои иҷтимоӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд, ки истифодаи онҳо барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баландшавии сифати хизматрасониҳо мусоидат менамояд.
Ҷиҳати кам кардани вобастагии иқтисоди миллӣ аз воридоти молу ашё ба мо зарур аст, ки ба масъалаҳои азнавсозии истеҳсолот ва ҷорӣ намудани технологияи пешқадами замонавӣ бештар аҳамият диҳем. Рушди сиёсати ивазкунандаи воридот бояд дар ду марҳала татбиқ шавад, яъне дар навбати аввал иваз намудани воридоти молҳое зарур аст, ки истеҳсоли онҳо дар кишвар аллакай ба роҳ монда шудааст ва иқтидорҳои рушди онҳо мавҷуданд, дар навбати дуюм бошад, бо роҳи тадриҷан андӯхтани сармоя барои ташкили истеҳсоли молҳои таъиноти истеҳсоливу техникӣ замина фароҳам оварда шавад.
Вобаста ба ин, сол ба сол афзоиш ёфтани таносуби манфии савдои хориҷӣ ва воридшавии маҳсулоти пастсифати молҳои ниёзи мардум, алалхусус молҳои озуқаворӣ ба бозори дохилӣ ба амнияти иқтисодии кишвар, махсусан саломатии аҳолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Дар соли 2011 гардиши савдои хориҷӣ дар мамлакат ба 21,5 миллиард сомонӣ баробар гардида, дар он ҳиссаи содироти молу маҳсулот 28 фоиз ва воридот 72 фоизро ташкил додааст. Яъне дар соли 2011 фарқи воридот нисбат ба содирот 2,5 баробар зиёд буда, тавозуни манфии савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2010 қариб 32 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар ин ҷода Ҳукумат ва вазорату идораҳоро зарур аст, ки ҷиҳати ҳарчи бештар афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти содиротиву воридотивазкунанда ва таъмини амнияти иқтисодии кишвар чораҳои амалӣ андешанд. Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати устувор нигоҳ доштани вазъи макроиқтисодӣ, пешгирӣ намудани болоравии сунъии нарх ва таъмини рақобати солим, инчунин таъмини ҳарчи бештари талаботи мамлакат бо маҳсулоти худӣ, пешгирии воридшавии маводи озуқавории бесифат ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон чораҳои зарурӣ андешад.
Соли сипаришуда иҷрои буҷети давлатӣ дар сатҳи 101,5 фоиз таъмин гардида, ба он 8,5 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки он нисбат ба соли 2010 -ум 1,9 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Бо вуҷуди таъсири омилҳои берунӣ мо тавонистем сиёсати фискалӣ, яъне андозу буҷетро дар сатҳи устувор нигоҳ дорем.
Агар тавозуни буҷети давлатӣ барои соли сипаришуда бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад (дефитсит) ба маблағи 301 миллион сомонӣ ё як фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тасдиқ шуда бошад, воқеан он бо профитсит, яъне барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 215 миллион сомонӣ ҷамъбаст гардид, ки ин дар давраи имрӯзаи номусоидии бозори молиявии ҷаҳонӣ ҳамчун натиҷаи мусбат арзёбӣ мегардад.
Дар натиҷа ӯҳдадориҳои буҷети давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, маблағгузории ҳамаи чорабиниҳои афзалиятноки дар буҷет пешбинишуда пурра таъмин карда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки бо вуҷуди барзиёд иҷро гардидани буҷети давлатӣ дар ин давра на ҳамаи захираҳои мавҷудаи молиявӣ ба буҷет ҷалб гардидаанд. Таҳаввулоту дигаргуниҳои иқтисодиву молиявии кишварҳои ҷаҳон моро водор менамоянд, ки минбаъд низ дар баробари афзун намудани қисми даромади буҷети давлатӣ ва маблағгузории аввалиндараҷаи соҳаҳои иҷтимоӣ ба масъалаи истифодаи сарфакорона ва самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ ва пешгирӣ намудани хароҷоти ғайримақсадноки он аҳамияти ҷиддӣ диҳем.
Бинобар ин, Вазорати молия якҷо бо Кумитаи андоз ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати сари вақт ва босифат таъмин намудани нишондиҳандаҳои қисми даромад ва хароҷоти буҷет, кам кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба пайдоиши бақияпулиҳои нав чораҳои таъхирнопазир андешад.
Илова бар ин, Вазорати молияи мамлакатро зарур аст, ки:
- дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ҷиҳати паст кардани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ чораҳои зарурӣ андешида, дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин барномаи сиёсати андозу буҷетро оид ба пешгирии таъсири омилҳои беруна қабул ва амалӣ созад;
- оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкили бозори коғазҳои қиматнок, аз ҷумла ташкили инфраструктураи он, пурзӯр намудани салоҳияти назоратии мақоми ваколатдори бозори коғазҳои қиматнок ва таъмини риояи талаботи қонунгузории мамлакат чораҳои зарурӣ андешад;
- якҷо бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати пурра татбиқ намудани стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии молиявӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намояд;
- бо мақсади ташкил намудани шабакаи ягона ва дуруст ба роҳ мондани табодули электронии маълумот байни мақомоти молия, андоз, гумрук, бонкҳо ва дигар соҳаҳо гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода, ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин чораҷӯӣ намояд;
- бо дарназардошти зарурати пурқувват намудани омилҳои рушд бо роҳи дастгирии фаъолияти иқтисодии субъектҳои соҳибкорӣ тавассути бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ, таъмини шаффофият ва кам кардани гаронии андозҳо ҷиҳати оммафаҳму содда гардонидани лоиҳаи Кодекси нави андоз ва дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани он чораҳои бетаъхир андешад.
Бояд зикр кард, ки дар фаъолияти Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук дар самти баҳисобгирии пурраи манбаъҳои андоз, пешгирӣ намудани рӯйпӯшкунии андоз, бақайдгирӣ ва барасмиятдарории пардохтҳои гумрукӣ ҳоло ҳам камбудиҳои зиёд ҷой доранд.
Бинобар ин, зарур аст, ки Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук фаъолияти худро дар ин самт боз ҳам пурзӯр намуда, ҷиҳати ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ чораҳои таъсирбахш андешанд.
Ҳамзамон бо ин, дар масъалаи пардохти андози иҷтимоӣ, дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии он, таъиноти нафақа, ҳамоҳанг сохтани ҳамкории байни Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва мақомоти андоз камбудиву норасоиҳо ҷой доранд, ки ин ба пардохти саривақтии нафақапулиҳо монеа эҷод менамояд.
Дар баробари ин, корхонаҳое ҳастанд, ки шумораи коргарон ва музди меҳнати онҳоро кам намудаанд, ки дар натиҷа чунин ҳолат ба кам шудани андози иҷтимоӣ ва мутаносибан маҳдуд гаштани манбаи таъмини чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоӣ оварда мерасонад. Ин ҳолат дар аксар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба мушоҳида мерасад.
Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ, ҳамзамон бо ин зиёд намудани шумораи коргарон ва баланд бардоштани музди меҳнати онҳо пайваста чораҷӯӣ намоянд ва дуруст инъикос намудани ин нишондиҳандаҳоро дар ҳисобдории муҳосибии корхонаҳо, ҳисоботи оморӣ ва андоз назорат кунанд.
Илова бар ин, ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва Кумитаи андоз супориш дода мешавад, ки оид ба ҳалли ин масъала таҳлили ҳамаҷониба гузаронида, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, пурра ҷамъоварӣ намудани андози иҷтимоӣ ва сари вақт пардохт намудани нафақа чораҳои зарурӣ андешанд ва аз натиҷаи он ҳар семоҳа ба Ҳукумати мамлакат маълумот пешниҳод намоянд. 
Аз ҷониби дигар, Хадамоти давлатии ташхиси тиббии иҷтимоиро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини шаффофият, аз байн бурдани ҳолатҳои беасос муқаррар намудани нафақаи маъюбӣ ва пешгириву бартараф намудани камбудиҳои дигар чораҷӯӣ намуда, якҷо бо вазоратҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия ва тандурустӣ оид ба мукаммал гардонидани низоми мазкур ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намояд.
Соли 2011 дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар соҳаҳо низ норасоиву камбудиҳо ошкор гардидаанд. Аз ҷумла пурра истифода нашудани имкониятҳои дохилии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, сатҳи пасти коркард ва содироти маҳсулоти тайёр, торафт зиёд шудани бақияпулиҳои андоз ва чандин омилҳои дигар ба рушди иқтисодиёт ва ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоӣ таъсири худро расонида истодаанд.
Аз ин рӯ, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки бо мақсади таъмини рушди мунтазами соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ, таъмини ӯҳдадориҳо дар назди буҷети давлатӣ, кам намудани бақияпулиҳои андоз ва пардохти саривақтии онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ гардонанд.
Илова бар ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Вазорати молияро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои соҳавӣ иҷрои саривақтӣ ва сифатноки лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро таъмин намуда, фаъолияти марказҳои татбиқи лоиҳаҳоро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. 
Сиёсати иқтисодии давлат дар самти муносибатҳои пуливу қарзӣ бояд ба ҳавасмандсозии бахши воқеии иқтисодиёт ба истифодаи қарз барои ташкили истеҳсолоту ҷойҳои нави корӣ бо роҳи паст кардани фоиз ва содда кардани механизми гирифтану баргардонидани он нигаронида шавад. Чунин сиёсат имкон фароҳам меорад, ки маблағҳои пулии озод барои навсозии иқтидорҳои истеҳсолии ивазкунандаи воридот сафарбар карда шаванд.
Ҳукумати кишвар пайваста талош дорад, ки бахши хусусиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ мусоидат намояд, то ки сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ дар раванди рушди иқтисодии кишвар ҳарчи бештар саҳмгузор бошад.
Фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар сол аз сол вусъат пайдо  намуда, ҳиссаи бахши хусусӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат назаррас гардида истодааст. 
Махсусан соли 2011 дар арафаи ҷашнгирии 20 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар аз ҳисоби соҳибкорон дар қаламрави мамлакат 863 иншоот ва 27 нерӯгоҳи барқи обии хурд сохта, ба истифода дода шуд ва беш аз 17 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил гардид.
Ин амалҳои неку созандаи соҳибкорон шоистаи таҳсин буда, сохтору мақомоти давлатӣ дар навбати худ вазифадоранд, ки ташаббусҳои бахши хусусиро дар самти ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.
Итминони комил дорам, ки субъектҳои соҳибкорӣ дар баробари  ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ анъанаҳои неки дастгирии ятимону маъюбон, расонидани кӯмак ба эҳтиёҷмандон, баргузории тӯйҳои дастаҷамъона ва дигар амалҳои хайру эҳсонкориро мунтазам идома медиҳанд.
Ҳаллу фасли маҷмӯи масоили зикргардида барои беҳдошти сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тавсеаи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, рушди нерӯи инсонӣ ва дар маҷмӯъ ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд.
Дар ин радиф, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Тоҷикистон "Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" тадбирҳои мушаххас андешида, дар мӯҳлати кӯтоҳтарин лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. 
Ҳамзамон бо ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ чораҳои дахлдор андешида, ҷараёни татбиқи ислоҳот ва иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки ба дастгирии бахши хусусӣ равона гардидаанд, таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.
Дар самти дастгирии рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар баробари чораҳои андешидашуда то ҳол механизми татбиқи пурраи бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ бо усули "Равзанаи ягона" таъмин нагардидааст.
Бинобар ин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи андоз ва Агентии омор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур чораҳои судманд андешанд.
Тибқи маълумоти Кумитаи андоз дар аввали соли ҷорӣ дар миқёси мамлакат 201 ҳазор адад субъектҳои хоҷагидор ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2010-ум  54,6 ҳазор адад ё беш аз 37 фоиз зиёд гардидааст. 
Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бақияи қарзҳои бонкии дар маҷмӯъ ба мизоҷон додашуда 4,7 миллиард сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли 2010 25 фоиз зиёд шудааст. Маблағи қарзҳои хурд низ 31 фоиз ва аз он қарзҳои ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон додашуда 28 фоиз афзудаанд. 
Аз ҷониби дигар, гарчанде ки ҳамасола ҳаҷми қарзҳои ба субъектҳои соҳибкорӣ пешниҳодшаванда зиёд шудааст, вале ҳанӯз дар масъалаи дастрасии маблағҳои қарзӣ мушкилоти муайян ба мушоҳида мерасанд.
Аз ин рӯ, бо дарназардошти зарурати дастгирии рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратӣ тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати сабук намудани дастрасии қарзҳо, хусусан қарзҳои дарозмуддат барои ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ чораҳои иловагӣ андешанд.
Мо доим таъкид мекунем, ки рушди соҳаи саноат, истифодаи иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои нав ва ба ин восита ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар мебошад. 
Вале истеҳсоли молҳои саноатӣ ҳоло ҳам талаботро қонеъ гардонида наметавонад. Тибқи маълумот аз 882 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда дар соли 2011-ум 335 корхона (38 фоиз) афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба соли 2010-ум таъмин накардааст, аз ҷумла 90 корхонаи саноатӣ умуман фаъолият набурдааст.
Бо мақсади таъмини рушди устувори соҳа ба Вазорати энергетика ва саноат якҷо бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур аст, ки:
- ҷиҳати таъсиси корхонаҳои нави саноатии коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ тибқи барномаҳои қабулшуда тадбирҳои таъхирнопазир андешанд;
- доир ба масъалаҳои барқарорсозии корхонаҳои азкормонда, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, бунёди корхонаҳои коркарди маъдан, барқарорсозии саноати сабук ва хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, инчунин ташкил ва густариши фаъолияти корхонаҳои хурду миёнаи коркарди металҳо ва сангҳои қиматбаҳову ороишӣ ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар созанд;
- ҷиҳати сохтмони иншооти энергетикӣ, хатҳои интиқоли барқ, татбиқи чорабиниҳо барои кам кардани талафоти энергия ва сарфаи он, амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти соҳа, вусъат бахшидани корҳо оид ба азхудкунии конҳои истихроҷи нафту газ ва истифодаи тамоми захираву имкониятҳо вобаста ба таъминоти кишвар бо маводи сӯзишвориву нерӯи барқ чораҷӯи намоянд.
Ҳамзамон бо ин, ҷараёни татбиқи барномаҳои рушди соҳаро таҳлилу баррасӣ намуда, иҷрои саривақтии онҳоро таъмин созанд.
Масъалаи дигари мубрами рӯз маданияти заминдорӣ, истифодаи самараноки замин ва ба ин васила таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат мебошад. Тибқи маълумот ҳамасола ҳазорҳо гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун монда, ба заминҳои партов мубаддал мегарданд. Аз ҷониби дигар, истифодаи ғайримақсадноки замин дар маҳалҳо то имрӯз ба мушоҳида мерасад.  Дар натиҷа то ҳанӯз талаботи бозори истеъмолии кишвар бо маводи озуқавории истеҳсоли дохилӣ пурра таъмин нагардидааст.
Вобаста ба ин, вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати азхудкунии заминҳои нав, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ ва  истифодаи дурусту самараноки ҳар як ваҷаб замин ва дар як сол гирифтани ду-се ҳосил мунтазам чораҷӯӣ намоянд. Таъкид месозам, ки аз як қитъаи замини обӣ гирифтани ду-се ҳосил бояд як амали ҳатмӣ бошад.
Бояд қайд намуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон ба ҳисоб меравад, вале то ба ҳол на ҳама имкониятҳои мавҷуда пурра истифода шуда истодаанд. Ҷиҳати ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо молҳои дохилӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум зимни сафарҳои кории худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дода шудаанд, ки аз иҷрои саривақтии онҳо ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ вобастагии калон дорад.
Дар ин замина, ба вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об якҷо бо сохторҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки:
- ҷиҳати татбиқи саривақтии барномаҳои қабулгардидаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва барномаҳои соҳавӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обу замин, инчунин таъмини рушди соҳаҳои кишоварзӣ бо роҳи истифодаи технологияҳои муосир ва дар ин асос зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва пурра таъмин намудани талаботи кишвар ба маводи озуқавории истеҳсоли ватанӣ чораҳои зарурӣ андешанд;
- вобаста ба афзун намудани истеҳсоли картошка дар мамлакат ва дар давоми ду-се соли наздик ба як миллион тонна расонидани он ва ба ин васила пурра таъмин кардани талаботи дохилӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар чораҳои зарурӣ андешанд;
- фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва дар робита ба он рушди илми кишоварзиро мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати беҳтар намудани кори онҳо дар самти таъмини хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат бо тухмии аълосифат чораҷӯӣ намоянд;
- оид ба рушди соҳаи парандапарварӣ ва дар давоми се соли наздик пурра таъмин намудани талаботи бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ чораҳои зарурӣ андешанд;
- бо дарназардошти зиёдшавии захираҳои об дар фаслҳои зимистону баҳори соли ҷорӣ ҷиҳати анҷом додани соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар корҳои зарурӣ барои пешгирии эҳтимолияти офатҳои табиӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ омодагӣ бинанд;
- иҷрои саривақтии дастуру супоришҳоеро, ки зимни сафарҳои Президенти кишвар ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат дода шудаанд, таъмин кунанд.
Дар давоми се соли охир бо мақсади ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини оилаҳои ҷавону эҳтиёҷманд тавассути қарорҳои Ҳукумати мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 25 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо карда шудаанд.  Инчунин ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти экологӣ, кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшаванда ва муаллимону ҳарбиён қариб 800 гектар замин ҷудо шудааст.
Бинобар ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки вобаста ба масъалаҳои тақсимоти саривақтиву одилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ба оилаҳои воқеан эҳтиёҷманд тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои сари вақт ба ҳолати воқеии заминҳо мутобиқ кардани намуди ба расмият даровардашудаи кадастри онҳо, бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин намудани шаҳрвандоне, ки ба онҳо барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ замин ҷудо карда шудааст, чораҷӯӣ намояд.
Ҳамчунин, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи қонунгузории замин тадбирҳои қатъӣ андешад.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Соли гузашта мо ба бисёр шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафарҳои корӣ доштем ва дар ҷараёни мулоқоту вохӯриҳои худ бо мардуми заҳматкаши минтақаҳои гуногуни кишвар, ки дар фазои бисёр самимона доир гардиданд, ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи шаҳру ноҳияҳо ва ҳаллу фасли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дода шуданд.
Бинобар ин, роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, хусусан масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои додашуда, пеш аз ҳама дар самти ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, қабули шаҳрвандон ва баррасӣ намудани арзу муроҷиатҳои онҳо таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ва доимӣ зоҳир намуда, доир ба рафъи саривақтии проблемаву норасоиҳои мавҷуда мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
 Хотирнишон бояд кард, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар самтҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ муайян гардида, барномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ тасдиқ карда шудаанд. Вале ҷараёни иҷрои онҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, инчунин дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷавобгӯи талабот намебошад.
Бинобар ин, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар супориш дода мешавад, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо, амру фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакатро зери назорати қатъӣ қарор диҳад.
Зеро рушди иқтисодии мамлакат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ аз иҷрои саривақтии барномаҳои соҳавӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда вобастагии калон дорад.
Аз ин лиҳоз, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда тартибот ва интизоми иҷроияро қатъиян риоя намоянд.
Дар шароити кунунӣ бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, роҳу пулҳо ва дигар сохтмонҳои азим, инчунин фаъолгардонии имкониятҳои дохилӣ барои ҳалли масъалаҳои рушди минбаъдаи кишварамон аҳамияти аввалиндараҷа ва стратегӣ дорад.
Ҳамин аст, ки дар асоси татбиқи ҳадафи стратегиамон дар самти раҳоӣ додани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таҷдиди бунёди роҳҳои автомобилгард дар мамлакат дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ идома дорад. Дар доираи лоиҳаҳои мазкур азнавсозиву таҷдид ва сохтмони роҳу пулҳои аҳамияти байналмилалидошта амалӣ гардида истодааст. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки таъмиру азнавсозии роҳҳои маҳалливу байниминтақавии мамлакат ҳамчун масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад. 
Аз ин лиҳоз, Вазорати нақлиётро зарур аст, ки:
- якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо истифода аз сарфаи маблағҳо ва имконияту воситаҳои мавҷуда ҷиҳати бунёду барқарорсозӣ ва нигоҳдории роҳҳои дохиливу байнишаҳрӣ дар кишвар чораҳои муассир андешанд;
- дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати беҳтарсозии хизматрасониҳои нақлиётӣ оид ба мусофиркашонӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва барқарорсозии фаъолияти терминалҳои нақлиёти мусофирбар  чораҷӯӣ намоянд;
- якҷо бо Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва вазорату идораҳои дахлдор ҷараёни корҳои сохтмони хатти роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвонро суръат бахшанд;
- назорати сифати корҳои иҷрошавандаро ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди шабакаҳои коммуникатсионӣ пурзӯр намуда, шаффофият ва сарфаи маблағҳоро таъмин намоянд, инчунин оид ба нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, тараққӣ додани ҳамлу нақли байналмилалӣ ва баланд бардоштани иқтидори транзитии кишвар ҷиҳати бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо бо мақсади рушди соҳибкории ватанӣ, ҷорӣ намудани низоми нави назорати сифати маҳсулот ҳангоми воридоти он ба кишвар ва дар корхонаҳои истеҳсолӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин вобаста ба амалӣ намудани марҳалаи аввали ислоҳоти Стратегияи инфраструктураи сифат ва низоми танзими техникӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Агентии сохтмон ва меъморӣ бояд ба сифати корҳои лоиҳакашиву сохтмонӣ ва самаранокии татбиқи онҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, лоиҳаи биноҳои истиқоматиро аз пойтахти мамлакат сар карда, вобаста ба талаботи замон такмил намояд ва ба масъалаҳои истифодаи васеи унсурҳои меъмории миллӣ, насби технологияҳои каммасрафи барқӣ ва назорати муаллифӣ эътибори ҷиддӣ диҳад.
Ҳамчунин зарур аст, ки ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонро зери назорати доимӣ қарор дода, доир ба пешгирии қонунвайронкуниву изофанависӣ мунтазам чораҷӯӣ карда шавад.
Тавре ки борҳо зикр намудаем, беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва расонидани кӯмакҳои суроғавии иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ дар маркази таваҷҷӯҳи давлат қарор дорад.
Аз ин рӯ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор вазифадоранд, ки:
- масъалаҳои ҳимояи гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ, хусусан хизматрасонии иҷтимоии маъюбону иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнат, суръат бахшидан ба ислоҳоти нафақа, ҷорӣ намудани тартиби ихтиёрии нафақаи суғуртавии ҷамъшаванда, ташкили низоми суғуртакунонии ихтиёрии муҳоҷирони меҳнатӣ, асоснокии коҳиш додани шумораи коргарони кироя ва таъмини афзоиши музди меҳнати онҳоро дар субъектҳои хоҷагидор мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор диҳанд;
- ҷиҳати мусоидат ба шуғли аҳолии қобили меҳнати бекор ва таъсиси ҷойҳои кории нав лоиҳаи барномаи дахлдорро таҳия ва пешниҳод намоянд.
Ҳарчанд ки дар як сол 135 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст, вале ин талаботро пурра қонеъ гардонида наметавонад ва вазифаи асосии тамоми мақомоти давлатӣ ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад. Бинобар ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  вазифадор карда мешаванд, ки оид ба таъмини иҷрои   супориши мазкур ҳар семоҳа ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд.
Илова бар ин, Хадамоти алоқа вазифадор аст, ки  насби як миллион адад телефонҳои хонагиро тезонида, дар навбати аввал оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони эҳтиёҷмандро бо алоқаи телефонӣ таъмин созад.
Хадамоти муҳоҷиратро зарур аст, ки якҷо бо вазоратҳои корҳои хориҷӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута масъалаҳои ба низом даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмини ҳуқуқу кафолатҳои меҳнативу иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатиро мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода, чораҳои судмандро амалӣ намоянд.
Бояд қайд намуд, ки маориф ва тандурустӣ аз ҷумлаи соҳаҳои  бунёдӣ ва шарти муҳими рушди минбаъдаи неруи инсонии ҷомеа ва давлат мебошанд. Ҳукумати мамлакат ҳамасола ба масъалаи таъмиру барқарорсозӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ садҳо иншооти нав бунёд намуда истодааст, вале то ҳол  проблемаи таъмини хонандагон бо ҷои нишаст пурра ҳалли худро наёфтааст.
Бинобар ин, ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки:
- бо мақсади истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба такрори ихтисосҳо, тарбияи мутахассисони касбӣ вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва афзалиятҳои рушди иқтисоди миллӣ, инчунин сифатан беҳтар намудани асосҳои кадрии муассисаҳои таълимӣ ва илмии кишвар якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо барномаи мақсадноки тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбиро барои солҳои 2013-2020 таҳия ва пешниҳод намояд.
- дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, тарбияи хонандагон дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ ва дунявӣ, муайян намудани хонандагони болаёқат ва тайёр  намудани онҳо барои интихоби бошууронаи касб, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, таъмини мактабҳо бо омӯзгорони соҳибкасб, ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон ва фароҳам овардани шароити мусоиди моддиву маишии онҳо чораҳои зарурӣ андешад;
-  якҷо бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, шароити зист, вазъи саломативу  шароити иҷтимоӣ, инчунин баъди хатми таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо кор таъмин намудани ятимону маъюбон ва тарбиягирандагони мактаб - интернатҳо чораҳои иловагиро амалӣ намояд;
- ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва гузаронидани мониторинги сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, рейтинги донишандӯзии толибилмон, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат, таъсиси технопаркҳо, тақвияти корҳои тарбиявӣ, мустаҳкам намудани пояи моддиву техникии  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таъмини онҳо бо кадрҳои унвони илмидошта чораҳои амалӣ андешад;
- якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо доир ба бунёди муассисаҳои томактабии нав ва таъмиру таҷдиди кӯдакистонҳои мавҷуда чи аз ҳисоби   маблағҳои буҷетӣ ва чи бо ҷалби имкониятҳои бахши хусусӣ чораҷӯӣ намояд.
Тибқи маълумот дар мамлакат ҳамагӣ 488 кӯдакистон фаъолият дошта, дар онҳо 6,2 ҳазор кӯдакон тарбия гирифта истодаанд. Дар вилоятҳои Суғд 197 кӯдакистон, Хатлон 105, шаҳри Душанбе 108, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 59 ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 кӯдакистон фаъолият дорад.
Вазорати тандурустӣ вазифадор аст, ки  ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои тиббиву санитарӣ ба аҳолӣ, рушди кумаки аввалияи тиббӣ, таъмини муассисаҳои табобатӣ бо дорувории хушсифат ва таҷҳизоти муосири тиббӣ, инчунин баланд бардоштани дараҷаи тахассуси мутахассисон чораҳои зарурӣ андешад.
Махсус таъкид месозам, ки вазъи соҳаи тандурустӣ дар яке аз вилоятҳои калонтарин ва сераҳолии мамлакат - вилояти Хатлон бисёр ногувор мебошад, ки инро хулосаи чор гурӯҳи кории бо супориши Роҳбари давлат ба вилоят фиристодашуда низ тасдиқ мекунад. Бинобар ин, ба Вазорати тандурустӣ, мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, дигар вазорату идораҳо ва сохтору мақомот зарур аст, ки доир ба ислоҳи вазъи бавуҷудомада ва рафъи норасоиву мушкилоти мавҷуда чораҳои ҷиддӣ ва фаврӣ андешанд.
Вазорати  фарҳанг ва кумитаҳои дин, занон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон бояд бо мақсади дастгирии истеъдодҳои ҷавон, баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон, эҳтироми суннату арзишҳои неки фарҳанги миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои умумибашарӣ, пешгирӣ кардани гароиши наврасону ҷавонон ба ҷараёну равияҳои бегона ва тарғиби тарзи ҳаёти солим чораҳои доимӣ амалӣ  намоянд.  Мақомоту сохторҳои мазкур якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба беҳтар намудани фаъолияти қасру клубҳои фарҳангӣ, марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо, таъмиру таҷҳизонидани онҳо бо асбобу таҷҳизоти зарурӣ, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, маъракаҳои оммавию таблиғотӣ ва мусобиқаву чорабиниҳо тадбирҳои мунтазам андешида, ҳамзамон бо ин, дар бобати дастгирии ташаббусҳои ҷавонон дар самти тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ чораҷӯӣ намоянд.
Инчунин, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифадор аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот ҷиҳати ташкили инфраструктураи туризм ва тақвияти рушди соҳа ҳамчун соҳаи афзалиятнок чораҷӯӣ намояд.
Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки иҷрои супоришҳои ҳангоми мулоқоти Президенти кишвар бо варзишгарон додашуда бояд таҳти назорати доимии ҳамаи мақомоти давлатӣ қарор дошта бошад.
Бо дарназардошти он, ки дар масъалаи пахши барномаҳои телевизиону радиои марказӣ дар бисёр ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишини дурдасти кӯҳистон, хусусан вилояти Суғд ҳанӯз мушкилоти зиёд ҷой дорад, Кумитаи телевизион ва радио вазифадор аст бо ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои рафъи ин мушкилот тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Дар давоми соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷиҳати пешгириву ошкор кардани ҷинояткорӣ ва мубориза бо аъмоли қонуншиканӣ хеле корҳои муассирро ба анҷом расониданд. Дар натиҷа сатҳу сифати ошкор кардани ҷиноят ва таъмини ҳатмии ҷавобгарии гунаҳкорон беҳтар гардида, кушодашавии онҳо дар ин давра 5 фоиз зиёд шудааст.
Дар баробари ин, чунонки таҳлилҳо нишон медиҳанд,  ҳанӯз ҳолати мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, амалҳои коррупсионӣ ва кирдорҳои террористиву экстремистӣ ба талаботи рӯз мутобиқ намебошад.
Ҳамчунин таъкид бояд кард, ки риояи қатъии қонуният ва таъмини волоияти қонун, роҳ надодан ба суиистифода аз мансаби хизматӣ, беэътиноӣ ва кашолкорӣ дар фаъолияти баъзе мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, аз ҷумла ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту корхонаҳо, ки бевосита бо мардум сару кор доранд, яке аз шартҳои зарурӣ ва муҳими оромии ҷомеа мебошад. Вале, мутаассифона, маълумоту далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки ҳанӯз дар масъалаи истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷет, тақсимоти замин, риояи қонунҳо оид ба муҳофизати меҳнат, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва дигар самтҳо саҳлангориву хунукназарӣ ва беэътиноии баъзе роҳбарон ва шахсони масъул ба мушоҳида мерасад, ки чунин омилҳо боиси халалдор шудани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва давлату ҷомеа мегарданд.
Тибқи маълумоти  мақомоти прокуратура ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар натиҷаи ин амалҳои номатлуб ба давлат ва ташкилоту корхонаҳо ба маблағи қариб 310 миллион сомонӣ зарари молиявӣ расонида шудааст, ки 182 миллион сомонии он маблағҳои буҷети давлатӣ мебошанд.
Илова бар ин, ҳолатҳои қабули қарорҳои ғайриқонуниву беасос доир ба ҷудо намудани замин, аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани заминҳо аз тарафи раисони баъзе шаҳру ноҳияҳо ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ то ба ҳол зиёд мушоҳида мегарданд. Соли гузашта мақомоти прокуратура ба 770 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо, ки аз ин шумора  620 қарор вобаста ба замин аст, эътироз кардаанд.
Аз ин рӯ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, кумитаҳои давлатии амнияти миллӣ, заминсозӣ ва геодезӣ, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва назорати маводи нашъаовар, инчунин судҳоро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чораҳои таъхирнопазири зеринро амалӣ намоянд:
- ҷиҳати таъмини волоияти қонун, риояи қатъии қонуният ва таҳкими интизоми касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ, бахусус мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои мушаххас андешида, масъулияти онҳоро барои поквиҷдонона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ баланд бардоранд;
- барои таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, пешгириву ошкор намудан ва мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи трансмиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, коррупсия ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин аз тамоми воситаҳои қонунӣ самаранок истифода намоянд.
Мӯҳтарам аъзои Ҳукумат!
Ҳозирини гиромӣ!

Кӯшишу талошҳои пайгиронаи Ҳукумати мамлакат дар раванди таъмини рушди устувор на танҳо ба ниёзу талаботи имрӯзаи мардуми кишвар равона гардидаанд, балки ба таъмини шароити зиндагии сазовор барои наслҳои минбаъда низ нигаронида шудаанд.
Зеро наслҳои оянда рушди минбаъдаи кишварро танҳо дар заминаи таҳкурсии боэътимоде, ки имрӯз бунёд мегардад, таъмин карда метавонанд.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба шумо - аъзои Ҳукумат, роҳбарону масъулони соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои ниҳоят масъулиятнокро вогузор намуда, умед дорад, ки ҳар кадоматон барои ободии Ватан, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум садоқатмандона хизмат мекунед.
Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки иҷрои вазифаҳои гузошташуда ба таъмини ҳадафҳои стратегӣ ва таҳкими соҳибистиқлолии кишварамон мусоидат мекунад.
Соли ҷорӣ низ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат соли муҳим маҳсуб мегардад. Зеро имсол мо бистсолагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ва понздаҳсолагии Рӯзи ваҳдати миллиро, ки санаҳои барои мардуми тоҷик сарнавиштсоз мебошанд, таҷлил менамоем.
Итминон дорам, ки ҳар яки шумо иҷрои вазифаву масъулияти ба зиммаатон вогузоршударо минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва нангу номуси ватандорӣ таъмин менамоед.
Фаромӯш набояд кард, ки Ватан ва мардуми Тоҷикистон аз мову шумо - ҳозирини мӯҳтарам, тақозо дорад, ки бо кору пайкори содиқона ва амалҳои неки созандаи худ барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум ва таҳкими истиқлолияти кишвари азизамон саҳми арзандаи хешро дареғ намедорем.
Бо чунин ниятҳои нек ба шумо барори кор ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон иқболи баланд орзу менамоям!
Ҳамеша саломату комёб бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.01.12    №: 12-13    Мутолиа карданд: 3521
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед