энергетика
Чаро қарзи аҳолӣ
аз неруи барқ афзуд?
Ин масъала дар ҷаласаҳои сатҳи гуногун ва дар ситоди вилоятӣ оид ба зимистонгузаронӣ борҳо мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифта, ҷиҳати ҳалли он масъулони соҳа то андозае кӯшиданд, вале натиҷа қаноатбахш нест. Дар вилоят қарзи аҳолӣ ва корхонаҳо аз истифодаи неруи барқ афзуда, то оғози соли 2012 - ум 203 миллион сомониро ташкил дод.
Таҳлили соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, вазъи кунунии истифодаи неруи барқ дар ҷаласаи солона аз ҷониби Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд, нишон дод, ки иҷрои дастури Сарвари давлат дар масъалаи пардохти саривақтии маблағҳои истифодаи неруи барқ ва дар ин самт андешидани чораҳои бетаъхир ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар соли 2011 қарз аз неруи барқ 34,5 миллион сомонӣ афзудааст, ки зиёда аз 11 миллионаш ба аҳолӣ дахл дорад.
Танҳо аз шабакаи барқи "Ленинобод" сокинони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва шаҳри Қайроққум ва шабакаи барқи "Панҷакент" шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маблағи истифодаи барқро пурра пардохтаанд. Нишондиҳандаҳои чор шабакаи барқи дигари вилоят: "Хуҷанд", "Чкалов", "Истаравшан" ва "Исфара" дар иртибот ба пардохти маблағ мувофиқи матлаб нест.
Вазъият куллан беҳбудӣ мехоҳад. Аз 203 миллион сомонӣ қарзи умумии пардохти истифодаи неруи барқ дар вилоят наздики 117 миллион сомонӣ ба Идораи хоҷагии об мансуб аст. Чаро аз тарафи масъулони соҳа дар ин бобат тадбирҳои муассир андешида намешаванд?
- Ҳалли мушкили мо ба фаъолияти мӯътадили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва вазъи молиявии онҳо вобаста аст,- мегӯяд Зарифҷон Шарифов,сардори Идораи хоҷагии оби вилоят. -Соли 2011 онҳо ба маблағи 32 миллион сомонӣ об гирифта, то имрӯз ҳамагӣ 20 миллион сомонӣ пардохтаанд. Табиист, ки ин ҳолат вазъи моро дар пардохти маблағи неруи барқ низ ногувор месозад.
- Дар вилоят зиёда аз 440 ҳазор муштарӣ ба қайд гирифта шудааст ва масъалаи пардохти маблағи барқ ҳамарӯза дар мадди назар қарор дорад, -гуфт Мӯъминҷон Тошматов, муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи тоҷик". - Дар ин самт каме пешравӣ ҳаст. Аз ҷумла мутахассисони шабакаи барқи "Ленинобод" 4 миллион сомонӣ зиёд маблағ ҷамъ оварданд, аммо вазъият дар дигар шабакаҳои барқи вилоят беҳбудӣ мехоҳад.
Имрӯз танҳо бо фаъолияти гурӯҳҳои хурди назди шабакаҳои барқ, ки барои ҷамъоварии маблағҳои қарз вобастаанд, маҳдуд набояд шуд. Мушоҳидаҳо бозгӯй аз онанд, ки ин гурӯҳҳо маблағи ҷамъшударо ба хазина насупурда, моҳҳо ба манфиати шахсӣ истифода мебаранд.
Вақти он расидааст, ки маблаги пардохти хизматрасонии коммуналӣ, аз он ҷумла барқ , дар вилоят танҳо тавассути "Амонатбонк" сурат гирад.
Ҷовиди АШТӢ, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.01.12 №: 12-13 Мутолиа карданд: 3198