мулоқотҳо
Дар сохторҳои прокуратура ва Гвардияи миллии Тоҷикистон кадрҳо иваз шуданд
21 январи соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои воломақом дар сохторҳои прокуратура ва Гвардияи миллии Тоҷикистон пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Баъди суҳбат ва мувофиқат бо Сарвари давлат роҳбарони як қатор сохторҳои мақомоти номбаршуда иваз шуданд.
Ҳамин тариқ, прокурори вилояти Суғд аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Шариф Қурбонов таъин гашт.
Ҳотам Назаров прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва Дороб Асоев муовини прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардиданд.
Ҳамчунин прокурорҳои ноҳияҳои Шуғнон, Мастчоҳ, Файзобод ва прокурори ҳарбии горнизони Хоруғ иваз шуданд.
Ба прокурори шаҳри Душанбе барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддӣ дар пойтахт, аз ҷумла ғасби ғайриқонунии қитъаҳои замин, муборизаи нокифоя бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва нашъамандӣ, ҷиноятҳои миёни наврасону ҷавонон ва фурӯши аттестатҳои қалбакии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар маҷлиси солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд, 6 моҳ муҳлат дода шуд.
Дар Гвардияи миллии Тоҷикистон Ҳабибулло Сафаров муовини якуми сардори Сарситоди ин сохтори низомӣ ва 7 нафари дигар ба вазифаҳои роҳбарии чанд раёсату шуъба ва қисмҳои низомӣ таъин гаштанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамаи онҳо хатмкардагони мактабҳои олии ҳарбии кишварҳои гуногуни мутараққӣ буда, дорои сатҳи баланди касбӣ ва кордонӣ мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, зимни суҳбат кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватан, иҷрои бомасъулияти уҳдадориҳои хизматӣ, муборизаи беамон бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан бо ҷиноятҳои созмонёфта ва хислати коррупсионидошта, тарбияи босифати кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории миллӣ дар миёни ҳайати шахсӣ ҳидоят намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.01.12 №: 14 Мутолиа карданд: 2155