энергетика
Дар Брюссел аз ҳамкориҳои энергетикӣ гуфтугӯ карданд
Рустамҷон Солеҳов, сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, дар шаҳри Брюссел бо Ҳюнтер Оттингер, комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба энергетика, вохӯрӣ кард.
Вазъу дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, бавижа дар бахши энергетика, дар меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо қарор гирифт. Ҳюнтер Оттингер вазъи робитаҳои байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро мусбат арзёбӣ намуда, гуфт, ки ин ҳамкориҳо тамоюли устувори рушди густаришро дороанд.
Рустамҷон Солеҳов ба мусоҳиби худ дар бораи захираи неруи гидроэнергетикии кишвар, татбиқи барномаҳои бузурги гидроэнергетикӣ, судмандии онҳо барои Тоҷикистон ва минтақа, бавижа дар раванди барқарорсозии иқтисоди Афғонистон, муфассал маълумот дод. Дар робита ба ин дурнамои ҳамкориҳои энергетикии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва ёрии имконпазири ИА дар татбиқи барномаҳои соҳа баррасӣ гардид.
Сафири Тоҷикистон ҳамсуҳбати худро аз ҷараёни омодагӣ ба Конфронси панҷуми ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ оид ба Афғонистон, ки баргузории он 26-27 марти соли равон дар шаҳри Душанбе дар нақша аст, хабардор сохта, аз Ҳюнтер Оттингер хоҳиш намуд, то ба таъмини ширкати намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар кори ин ҷамъомади муҳим мусоидат намояд.
А. НАЗРУЛЛОҲ,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.01.12 №: 14 Мутолиа карданд: 3198