фармонҳои президент
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи вазири
рушди иқтисод ва савдои
Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҳамралиев Ф.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ҳамралиев Фаррух Маҳмудович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 январи соли 2012, № 1230
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.01.12 №: 15 Мутолиа карданд: 2312