logo

барқияҳо

Барқияи шодбоши Эмомалӣ Раҳмон ба Абдулло Гул

29 январи соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Абдулло  Гул, Президенти Ҷумҳурии Туркия, ба ифтихори 20-солагии муносибатҳои дипломатии ду мамлакат барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:
"Ҷаноби Олӣ, бародари азиз,

Дар иртибот ба бистсолагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия сарфарозам ба Шумо ва мардуми дӯсти Туркия табрикоту  шодбошҳои самимонаи худро бифиристам.
Бо камоли масаррат мехоҳам зикр намоям, ки  тайи давраи сипаришуда  ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судманди байни Тоҷикистон ва Туркия дар асоси усулҳои дӯстии пойдор, баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила ва баробарманфиатӣ раванди рушди бемайлонро касб карда, имрӯз дар сатҳи баланди ҳамшарикии самараноки ду ва бисёрҷониба қарор гирифтаанд. 
Изҳори итминон менамоям, ки равобити воқеан дӯстонаи байни кишварҳои мо дар такя ба дастовардҳои бист соли гузашта дар оянда низ густариш ёфта, боз ҳам мустаҳкамтар хоҳанд гашт. 
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ва бо ишора ба ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои гуногунарсаи судманд бо кишвари Туркияи дӯст, мехоҳам омодагии хешро барои саъю кӯшишҳои муштарак ҷиҳати таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳасанаи байни давлатҳоямон  таъкид намоям.
Ба Ҷаноби Олӣ сиҳату саломатӣ, бахту саодат, пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми бародари Туркия сулҳу амонӣ, пешрафти рӯзафзун ва шукуфоӣ таманно дорам".


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.12    №: 16    Мутолиа карданд: 3441
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед