барқияҳо
Барқияи шодбоши Абдулло Гул ба Эмомалӣ Раҳмон
Абдулло Гул, Президенти Ҷумҳурии Туркия, ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он чунин гуфта мешавад:
"Ҷаноби Президент, бародари азизи ман,
Аз номи халқи Туркия ва шахсан аз номи худам Шумо, Ҷаноби Олӣ ва халқи бародари тоҷикро бо 20 - умин солгарди барқароршавии равобити дипломатии байни Туркия ва Тоҷикистон самимона муборакбод мекунам.
Робитаҳои мо, ки аз умқи муносибатҳои мутақобилаи таърихию фарҳангии ҳар ду халқ сарчашма мегиранд, давоми бист сол ба сатҳи баланд расиданд. Мо ба ҳамкории зич бо Тоҷикистон дар партави фазои ҷуғрофии АвруОсиё таваҷҷуҳи хос дорем.
Сафари расмии ман ба кишвари зебои Шумо дар соли 2009 саҳифаи нави рушди ҳамкориамонро кушод. Иродаи қавии сиёсии ҳарду ҷониб ба мо имкон медиҳад, ки ба ояндаи устувор дилпурона назар афканем.
Аминам, ки ҳамкории байни кишварҳоямон баҳри пойдории сулҳу субот, таҳкими рушди иқтисодӣ ва муттаҳидии халқҳо дар минтақаамон таъсири мусбат мерасонад.
Аз фурсат истифода намуда, орзуҳои беҳтаринро дар амри тансиҳатӣ ва саодати Шумо, Ҷаноби Олӣ ва ба халқи бародару дӯсти тоҷик беҳбудию шукуфоиро таманно медорам".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.01.12 №: 16 Мутолиа карданд: 3464